Хабарҳо
Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 31.07.2021 18:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода доданд - 30.07.2021 10:11
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01

Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

( 0 Овоз )

Бахшида ба Иди саиди Қурбон ва бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо нархҳои нисбатан арзон дастраси аҳолӣ намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.

Ярмарка бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол доир шуд. Макони баргузории ярмарка дар маркази вилоят назди Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ буд ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бевосита рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Роҳбари вилоят ба масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка супоришҳо дода, таъкид кард, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ид маводи ғизоии барои худ заруриро бо нархҳои нисбатан арзон харидорӣ намоянд.

Чуноне мушоҳида карда шуд, дар ярмарка маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равған, гӯшт, орд, шакар, меваҷоту полезиҳо ва асалу тухм бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардидааст.

Боиси зикр аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2021 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 46 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ ба миқдори 4 ҳазору 511,9 тонна маҳсулот, аз ҷумла 781,5 тонна орд, 138,2 тонна равғани растанӣ, 74,5 тонна гӯшти чорвою паранда, 157,5 тонна шакар, 110 тонна биринҷ, 970,6 ҳазор дона тухм, 1147,6 тонна картошка, 439,9 тонна сабзӣ, 815,7 тонна бехпиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд. Ин анъана минбаъд низ идома ёфта, барои фаровонии дастархони мардум дар оянда низ чораандешӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ