Хабарҳо
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 27.10.2021 11:53
Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:17
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:19
Ифтитоҳи бинои Стансияи ёрии таъҷилӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:34
Дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар беш аз 100 гектар бунёди боғу токзор ба нақша гирифта шудааст - 26.10.2021 16:26
Панҷакент. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 26.10.2021 16:04
Шиносоӣ бо сохтмони меҳмонхона ва бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ - 26.10.2021 15:55
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва тарабхона дар деҳаи Сӯҷина - 26.10.2021 15:47
Панҷакент. Ба бунёди бинои маъмурии ҲХДТ ва қасри варзиш санги асос гузошта шуд - 26.10.2021 15:46
Дар корхонаи муштараки “Зарафшон” баъд аз таҷдид хати истеҳсолӣ фаъол гардид - 26.10.2021 15:36

Машварати кории назди Раиси вилоят оид ба пешгирӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ оид ба масъалаҳои COVID-19

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ оид ба пешгири ва бартарафкунии бемории Коронавирус баргузор гардидид.

Дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, сардори раёсати тандурустӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдори соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд. Дар машварати корӣ вобаста ба ҳолати имрузаи вазъи паҳншавии беморӣ ва корхои ичрошуда, рафти муолиҷа, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоти тиббӣ аз ҷумла корҷома, ниқоб, маводҳои антисептикӣ, маводҳои дорувории протоклии ташхисӣ, барои беморон муовини Раис вилоят Зайнура Азимӣ маълумот дод.

Аз рӯи нишон дод, ҳоло дар вилоят коргоҳҳои дузандагӣ бо дӯхтани корҷомаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо аз матоъи истеҳсоли ватанӣ машғул ҳастанд. Ҳоло дар як руз зиёда аз 4000 дона корҷома ва 270 ҳазор ниқобҳои муҳофизати истеҳсол карда шуда, ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон дастрас шуда истодааст. Ҳамчунин барои безарар гардонӣ ва бурдани корҳои дезинфексионӣ 40 тонна маҳлули гидрохлориди натрий аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд. Ҳоло дар ҷойҳои ҷамъияти, кӯчаҳо ва мавзеъҳои истиқомати корҳои безарагардони идома дорад.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки то барои таъминоти табибон ва беморон бо маводҳои доруворӣ ва муҳофизатӣ тамоми чораҳои зарурӣ саривақт  андешида шавад.  Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят оид ба захираи маводи доруворӣ дар анборҳои ширакатҳои асосии воридкунанда маводи фармасевти маълумот дода шуд. Ҳоло маводҳои зарури дорувори ва маҳлулҳои антивирусӣ, сӯзандору, маводҳои антисептикӣ ба миқдори зарурӣ захира карда шудааст. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои воридкунандагони маводи дорувори тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда алҳол ҳар рӯз аз хориҷи кишвар дорувори ба вилоят ворид карда шуда истодааст.

Дар машварати корӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки то дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур намоянд. Зеро, ҳоло ҳам дар шаҳру деҳоти вилоят сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор доранд. Ё қоидаҳои гигении шахсиро ба таври зарурӣ риоя намекунанд. Масофаи байни якдигар ҷамънаомадан миқдори зиёди мардум дар нуқтаҳои фуруши хуроки умуми, рафту омад байни хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки риоя накардани меъёрҳои бехатари боиси зиёд паҳн гаштани беморӣ шуда метавонад. Дар машварати корӣ тавсия дода шуд, ки байни шаҳру навоҳии вилоят бе зарурат рафтуомади шаҳрвандон кам карда шавад. Худҳимоякунӣ ва дар хона бимондан аз ҷониби аҳолӣ риоя карда шавад.

Ҳамчунин бо дастури Раиси вилоят дар Раёсати тандурустии вилоят Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалахои  COVID-19 ташкил карда шуд, ки он барои тамоми сокинони вилоят 24 соат хизматрасонӣ менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории назди Раиси вилоят оид ба пешгирӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ оид ба масъалаҳои COVID-19