Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ чун анъана собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷумла собиқадори ҷангу меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳотам Шокиров ва собиқадори меҳнат Кучак Муллоҷоновро аёдат карда, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ анҷом дод. Дар аснои суҳбат зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо мунтазам ғамхорӣ менамоянд.

Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои доимӣ сипосмандии худро баён дошта, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.

- Ноҳияи Мастчоҳ, бахусус маркази он дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ободу зебо гардида истодааст. Боварӣ дорам, ки мардуми ватандӯсти ноҳия низ бо шавқу завқи баланд меҳнат намуда, саҳми босазои худро дар ободии диёр, амалӣ шудани ҳадафҳо ва барномаҳои давлатӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа, дар сатҳи баланд таҷлил шудани ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ хоҳанд гузошт, - зикр дошт Раиси вилоят дар сӯҳбат бо собиқадорон ва сокинони ноҳия.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд