Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Фарзонаи Хуҷандиро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфт

( 0 Овоз )

3 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ордени «Шараф» ва муаллифи даҳҳо маҷмуаи шеърӣ Фарзонаи Хуҷандӣ ташриф оварда, ӯро ба муносибати зодрӯзаш табрик намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат аз хизматҳои шоёни Фарзона дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуда, таъкид кард, ки зиндагӣ ва кору пайкори шахсиятҳои камназире ба монанди Фарзона худ гувоҳи он аст, ки адабиёти пурғановати тоҷик дар ҳама давру замон меросбарони худро дорад.

Раиси вилоят бо изҳори беҳтарин таманниёт ба шоири маъруф саломатии бардавому хонаи обод ва дар ҷодаи эҷод комёбиҳои нав орзу кард.

Ёдовар бояд шуд, ки Фарзона (Иноят Хоҷаева) 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст.

Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар васоити ахбори ҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Тулӯи хандарез» аст, ки сол 1987  бо сарсухани Лоиқ Шералӣ нашр гардида буд.

Шоири номвари тоҷик то имрӯз китобҳои «Шабохуни барқ» (1989), «Ояти ишқ» (1994), «То бекаронаҳо» (1998), «Меъроҷи шабнам» (2000), «Қатрае аз Мӯлиён» (дар 3 ҷилд; Хуҷанд, 2003), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Сӯзи нотамом» (Хуҷанд, Теҳрон, 2005), «Мӯҳри гули мино» (Хуҷанд, 2007), «Гузидаи ашъор» (Белорус, 2009), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» (Англия, 2008), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Набзи борон» (Теҳрон, 2013), «Ҳама гул, ҳама тарона» (Хуҷанд, 2014),  «Дарёи сӯзон» (2014) ва ғайраҳоро ба нашр расонидааст, ки хонандаагони сершумори худро доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Фарзонаи Хуҷандиро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфт