Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ​ бо Жениш Рустамбеков

( 0 Овоз )

28 феврали соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Жениш Рустамбековро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, оид ба таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои густурда дорад. Натиҷаи чунин ҳамкориҳост, ки гардиши молу маҳсулот бо кишварҳои ҳамсоя бо шумули Қирғизистон сол ба сол зиёд гардида истодааст.​ Таъкид гардид, ки вилояти Суғд бо вилояти Боткенти Қирғизистон ҳамсарҳад буда, робитаи миёни вилоятҳо бо риояи анъанаву суннатҳои неки ҳамсоядорӣ мустаҳкам гардидааст.

Жениш Рустамбеков бо изҳори ташаккур аз истиқболи гарму самимӣ изҳор намуд, ки халқи тоҷик бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Мавриди истифода қарор гирифтани чархи аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки яке аз чунин дастовардҳо маҳсуб меёбад, на танҳо барои миллати тоҷик балки барои тамоми минтақа манфиатбахш мебошад .

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои гуногунро баррасӣ намуда, барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муборизаи якҷоя ба муқобили терроризму экстремизм омодагии хешро баён доштанд. ​ ​

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд