Хабарҳо
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд - 30.11.2021 16:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд - 30.11.2021 16:40
Ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак доир гардид - 30.11.2021 16:34
Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус аз Суғд боздид мекунад - 30.11.2021 14:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро ба ҳузур пазируфтанд - 30.11.2021 10:59
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон

( 1 Овоз )

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳар сол, якшанбеи охири моҳи май кормандони соҳаи кимиё иди касбии худро таҷлил намуда, ин санаро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Имсол иди касбии кормандони меҳнатдӯсту мушкилнописанди соҳа дар партави омодагиҳо ба ҷашни фархундаи миллиамон 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати нав пайдо мекунад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кимиёро яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳими хоҷагии халқи мамлакат, ҳамзамон нақши онро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар назаррас арзёбӣ намудаанд. Зеро дар замони муосир инсон наметавонад рӯзгору ҳаёти худро бе дастовардҳои илму техника, хусусан бс илми кимиё тасаввур кунад.

Ҳанӯз Максим Горкийи бузург таъкид сохта буд, ки кимиё ин олами аҷоиботест, ки дар он асрори хушбахтии инсон маҳфуз буда, бузургтарин дастовардҳои ақлу заковат дар ин роҳ, амалӣ мегарданд.

Боиси қайд аст, ки иди касбии худро кормандони соҳа бо ворид намудани технологияҳои муосир ва таъсисидиҳии чойҳои нави корӣ таҷлил мекунанд, ки ин ҷонибдорӣ ва амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.

Дар вилоят нақши соҳаи кимиё дар иқтисодиёт назаррас буда, истеҳсолоти пуриқтидори маҳсулоти кимиёвӣ арзи ҳастӣ дорад. Олимону мутахассисони варзидаи соҳа аз имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, ба фаъолияти муназзами корхонаҳои соҳа дар шароити мусоиди рушди иқтисодиёти мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд. Иқтидорҳои пешина барқарор гардида, фаъолияти корхонаҳои соҳа ба эҳтиёҷоти имрӯза мутобиқ гардонида мешаванд.

Итминони комил дорам, кимёгарони вилоят минбаъд низ шӯҳрати соҳаро аз нав эҳё ва барқарор намуда, баҳри ободии Ватан ва рӯзгори хурраму шоистаи сокинони мамлакати соҳибистиқлоламон хизмати софдилона менамоянд. Кулли кимиёгарони вилоятро бо иди касбиашон, ки баҳри рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд, муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам.

Ид муборак дӯстони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон