Хабарҳо
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд - 30.11.2021 16:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд - 30.11.2021 16:40
Ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак доир гардид - 30.11.2021 16:34
Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус аз Суғд боздид мекунад - 30.11.2021 14:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро ба ҳузур пазируфтанд - 30.11.2021 10:59
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58

Паёми табрикии Раиси вилоят ба ифтихори 85-солагии таъсисёбии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»

( 0 Овоз )

Яке аз нахустин ва кӯҳантарин рӯзнома нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» 85 - сола шуд. Давоми мавҷудияташ ин рӯзнома роҳи пуршарафро тай намуда, дар ҳар давру замон рисолати  азалии хеш - минбари розу ниёз, ифодагари раъйи мардуми созандаву ободкор будани худро  ба ҷо овардааст.

Дар давраҳои аввали таъсис ёфтанаш рӯзнома чароғи ҳидоят, роҳнамо, нерӯбахши мардум буд, дар давраи мудҳиши Ҷанги  Бузурги Ватанӣ сафарбаркунандаи халқ ба майдони мардонагӣ, дар солҳои  азхудкунии даштҳои доманфароху ташналаби Мирзочӯлу Дилварзин илҳомбахши аҳли ҷомеа ба созандагиву бунёдкорӣ буд.

Маҳз дар ин давраҳо дар идораи рузнома зумраи ҷурналистони  пуртаҷриба фаъолияти пурсамар доштанд, ки  минбаъд ба зуҳур ва ташаккулёбии  гурӯҳи зиёди  адибон, сиёсатмадорон ва зиёиёни ҷомеасоз мусоидат намуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон рӯзнома файзу таровати наву тозае касб карда, рисолати  он ба инъикоси дастовардҳои  неъмати бузургу азизи миллат – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид. Имрӯз низ дар идораи рӯзнома теъдоди зиёди рӯзноманигорони  варзида, ки  лавҳу қалам барояшон муқаддас аст, бомуваффақият фаъолият мебаранд. ҳайати эҷодӣ дар саҳифаҳои нашрия баҳри ба мардуми диёр расондани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят  кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бахусус, ҷаҳду талошҳои рӯзноманигорон дар бобати солимии афкори ҷомеа, инъикоси мавзӯъҳои умдаи рӯз - иқдомҳои нав ба нави созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти мамлакат, аз қабили таҷдиди сохтори хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳамияти он барои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят, суръати наву тоза касб кардани ҷараёни созандагӣ дар қаламрави вилоят ва бунёди шаҳру шаҳракҳои нав, ободонии роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ арзандаву шоиста аст.

Аҳли қалами шарафманди рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» - ро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз номи худ бо ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, ба аҳли қалами ин нашрияи бонуфуз тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, баракати умр ва  барори корҳои эҷодиро таманно менамоям.

Ҷашни фархунда, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба ифтихори 85-солагии таъсисёбии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»