Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Иди Қурбон дар Тоҷикистон 20 июл таҷлил карда мешавад

( 0 Овоз )

20 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад.  Дар ин бора  имрӯз зимни баргузории маҷлиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардид.

Тибқи қарори мазкур, 20 июл соати 6:30-и субҳ дар масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози Иди саиди Қурбон баргузор мешавад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди Қурбон табрик гуфта, иброз дошт, ки «мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол Иди саиди Қурбон дар мамлакат ба рӯзи сешанбе, 20 июл рост меояд».

Дар анҷоми маҷлис Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯро ва имомхатибонро даъват намуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо- сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон- табақаи ниёзманди ҷомеа ва рушду шукуфоии давлати азизамон саҳм гузоранд.


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иди Қурбон дар Тоҷикистон 20 июл таҷлил карда мешавад