Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” оғоз шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар даври аввали озмуни имсола, ки дар сатҳи баланд баргузор гардид, аз муассисаҳои таълимии миёна, миёнаи махсус ва олии касбӣ дар шаҳри Хуҷанд 9585 нафар ширкат варзиданд, ки аз онҳо 8091 нафар хонандагон, 1199 нафар донишҷуён, 26 нафар омўзгорон, 10 нафар шахсони касбу кори гуногун мебошад.
Ба даври дуюм, яъне даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» дар умум 3184 нафар роҳхат гирифтанд.
Таъкид шуд, ки соли панҷум аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурўғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолагии омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.
Ҳадафи асосии озмун рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастраси пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидан аст.
Бояд қайд намуд, ки имсол ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” боз як номинатсияи нав, яъне номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномарезӣ ҳамроҳ карда шуда, дар умум номинатсияҳо ба ҳашт адад расонида шуд.
Ғолибони даври шаҳрӣ ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.