Озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол -2024» гузаронида мешавад

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол -2024» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид.

Озмуни мазкур аз рӯи равияи фанҳои дақиқ ва равияи фанҳои гуманитарӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ доир шуда, ба ғолибон мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии супорида мешавад.

Даври аввали озмун дар факултетҳо, даври дуюми дуюми озмун миёни ғолибони даври аввал гузаронида шуда, ғолибон ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Ғолибони даври ниҳоӣ аз ҷониби ҳайати комиссияи ваколатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муайян карда мешаванд.