47 ҷойи намояндагони вилояти Суғд дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

15 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тазаккур дод, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия – адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Аз ҳисоби вилояти Суғд дар даври ниҳоии озмун 112 довталаб, аз ҷумла 12 нафар аз номинатсияи адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, 22 нафар аз номинатсияи адабиёти муосири тољик, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти классикии тољик, 19 нафар аз номинатсияи адабиёти љањон, 18 нафар аз номинатсияи эљоди назм ва 17 нафар аз номинатсияи эҷоди наср ширкат варзиданд. 

Дар натиҷа аз вилояти Суғд 27 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумла, 6 нафар сазовори ҷойи якум, 9 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 12 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. 

Ҳамчунин 20 нафар иштирокчиён аз вилояти Суғд, ки дар номинатсияҳо ҷойи 4 ва холи баландро ба даст оварданд, дар асоси дастури Пешвои муаззами миллат бо "Ифтихорнома" - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 20 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои 1,2,3 гардидаанд, маблағи 10 000 сомонӣ супорида шуд