Қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда-2023” аз 26 июли соли 2023, № 222 ба имзо расид, ки низомномаи он барои кормандони воситаҳои ахбори омма пешниҳод карда мешавад.
Низомномаи
Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ
таҳти унвони «Хомаи созанда - 2023»
1. Муқаррароти умумӣ
1. Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хома созанда – 2023» (минбаъд Озмун) аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят гузаронида мешавад.
2. Ҳадаф ва вазифаҳои Озмун:
- ҳадаф пеш аз ҳама барои муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд;
- сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб;
- ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон;
3. Ташкил ва таъмини баргузории Озмун ба уҳдаи шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят вогузор мешавад.
2. Шарт ва талаботи Озмун
4. Дар Озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, новобаста аз шакли моликияташон иштирок карда метавонанд.
5. Баррасии масъалаҳо вобаста ба пешравии вилоят дар соҳаҳои сайёҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бояд ҳадафи асосии маводи журналистиро ташкил диҳад.
3. Мавзӯъ ва номинатсияҳо
6. Иштироккунандагони Озмун дар мавзӯъ ва номинатсияҳои зерин метавонанд мавод пешниҳод намоянд:
а) Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тадбирандешиҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди нақбҳо, роҳҳо, иншооти муҳими иҷтимоӣ, рушди иқтисоди миллӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, пастшавии сатҳи камбизоатӣ ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум, рушду инкишофи соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, сохтмон, варзиш ва ҷавонон, энергетика, сохтмон, таъсиси ҷойҳои корӣ ба шуғлнокӣ фаро гирифтани аҳолӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва дигар дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ.
б) Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ:
- инъикоси ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ, таҳлилу баррасии дастовард ва мушкилоти деҳот, вазъи муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ тавассути ташкили коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар ҷамоатҳо, нақши соҳибкорону саховатмандон дар ободонии маҳал, дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, рафти татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори деҳот, муаррифии минтақаҳои гуногуни кишвари биҳиштосо ва манзараҳои табиат, урфу анъанаҳои мардумӣ, ҷараёни татбиқи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, эҳё, ташаккул, рушд ва истифодаи самарабахши ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи ҳунармандӣ ба мисли бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, чармгарӣ, рассомӣ, ҷалби бештари занону духтарон ба корҳои хонагӣ.
в) Масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат:
- инъикоси ҷараёни саноатикунонӣ, саноатикунонии босуръат-ҳадафи чоруми миллӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи саноат, фаъолияти мунтазами корхонаҳои хурди саноатӣ, самаранок истифода намудани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда, омӯзиши сабабу омилҳои корхонаҳои бозистода;
г) Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ:
- нақш ва саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озқаворӣ, дастовард ва мушкилоти хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти бунёди гармхонаву сардхонаҳо, шинос намудани кишоварзон бо навовариҳои соҳа тавассути маводи журналистӣ, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин, рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзии дохиливу хориҷӣ.
ғ) Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ.
7. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
- Силсилаи гузориш ва барномаҳои телевизионӣ;
- Силсилаи гузориш ва барномаҳои радиоӣ;
- Маводи чопӣ ва интернетӣ;
8. Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад. Маводи радио ва телевизион бо пешниҳоди афзори CD/DVD ба забони пахши барнома пешкаш гардад.
9. Ҳар як иштирокчии Озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд. Дар Озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гуруҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад ва дар назар дошта шавад, ки маводи пешниҳодшаванда бояд давоми сол омода ва таҳия шуда бошад (маводи журналистие, ки танҳо моҳҳои охири сол таълиф шудаанд, барррасӣ карда намешавад).
10. Маводи журналистии ба Озмуни вилоятии «Хомаи созанда – 2023» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2023 то 1 октябри соли 2023 пахш ва ё нашр гардида бошад.
11. Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар Озмун аз 1-ум то 20-уми октябри соли 2023 муқаррар карда мешавад. Журналистоне, ки дар Озмуни вилоятии «Хомаи созанда – 2022» соҳиби ҷойи аввал шуда буданд, наметавонанд дар Озмуни имсола иштирок намоянд.
4. Талабот ба мавод
12. Маводи ба Озмун пешниҳодгардида аз рӯи чунин нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ карда мешавад:
- аҳамият ва арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ;
- риояи меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ;
- далелнокӣ, аслияти баён ва умқи ифшои мавзӯъ;
- фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо;
- истифодаи самарабахши иттилооти муқоисавӣ, арқоми оморӣ ва таҳлил;
- аҳамияти амалии мавод;
- дақиқият, оммафаҳмии забони мавод ва тарзи баён;
- муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навоварӣ ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда;
- фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати мавод ба
меъёрҳои озмун.
13. Маводи рекламавӣ ва маводи иттилоотие, ки бо шартҳои тиҷоратӣ дар ВАО ба нашр расидаанд, ҳамчун маводи Озмун баррасӣ нахоҳанд шуд.
5. Тартиби ҷамъбасти Озмун
14. Озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистон дохил мебошанд, ҷамъбаст мегардад.
15. Ҳайати ҳакамон то 10 ноябри соли 2023 натиҷаҳои Озмунро ҷамъбаст менамояд.
16. Ғолибони Озмун бо диплом ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадр карда мешаванд.
17. Аъзои ҳакамон ҳуқуқ надоранд дар Озмун ширкат намоянд.
6. Тақдирониданиғолибони Озмун
18. Дар доираи Озмун барои ғолибон аз рӯи номгӯйи зерин (номинатсия) барои маводи телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ ва интернетӣ ғолибият дар алоҳидагӣ муқаррар карда мешавад:
Телевизион
Ҷой |
Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат) |
Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ |
Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат
|
Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ |
1. |
6000 сомонӣ |
6000 сомонӣ |
6000 сомонӣ |
6000 сомонӣ |
2. |
4000 сомонӣ |
4000 сомонӣ |
4000 сомонӣ |
4000 сомонӣ |
3. |
3000 сомонӣ |
3000 сомонӣ |
3000 сомонӣ |
3000 сомонӣ |
Матбуот
Ҷой |
Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат) |
Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ |
Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат
|
Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ |
1. |
4000 сомонӣ |
4000 сомонӣ |
4000 сомонӣ |
4000 сомонӣ |
2. |
3000 сомонӣ |
3000 сомонӣ |
3000 сомонӣ |
3000 сомонӣ |
3. |
1500 сомонӣ |
1500 сомонӣ |
1500 сомонӣ |
1500 сомонӣ |
Радио
Ҷой |
Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат) |
Масъалаҳои марбут ба рушди деҳоту сайёҳӣ, саноат ва кишоварзӣ |
1. |
4000 сомонӣ |
4000 сомонӣ |
2. |
3000 сомонӣ |
3000 сомонӣ |
3. |
1500 сомонӣ |
1500 сомонӣ |
Лавҳаи телевизионӣ ва интернетролик
Ҷой |
Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо) |
1. |
5000 сомонӣ |
2. |
4000 сомонӣ |
3. |
3000 сомонӣ |
Беҳтарин нашрияи маҳаллӣ
Ҷой |
Нашрияҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо |
1. |
4000 сомонӣ |
2. |
3000 сомонӣ |
3. |
2000 сомонӣ |
Беҳтарин наворбардор
Ҷой |
Беҳтарин наворбардор миёни телевизионҳои вилоят |
1. |
3000 сомонӣ |
2. |
2000 сомонӣ |
3. |
1000 сомонӣ |