Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дар баробари дигар иншооти ҷашнӣ сохтмони бинои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ҷараён дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳия бо рафти бунёди бинои гимназия ва бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 шинос шуд.

Бинои гимназия барои 380 нафар хонанда сохта шуда, он аз ду ошёна иборат аст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорону аҳолӣ 5 миллион сомонӣ равона гардида, дар назар аст, ки сохтмони бино соли равон ба анҷом расонида шавад.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 бошад бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида истодааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ  “Садоқат Суғд” аст. Харҷномаи лоиҳавии иншоот наздик 13,5 миллион сомонӣ аст ва тибқи нақша сохтмон имсол ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Раис вилоят ҳамзамон бо раванди таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 шинос шуда, ба масъулин супориш дод, ки хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share