Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд - 16.04.2021 08:33

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

( 0 Овоз )

Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи моҳи аввали моҳи июн дар кишвари соҳибистиқлоли мо Иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ таҷлил карда мешавад.

Шоистаи қайд аст, ки имрӯзҳо кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи қарори Раиси вилоят оид ба эълон гардидани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ, гулзоркунӣ, ободонӣ, дарахтшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи хушсифат фаъолияти назаррас доранд.

Шаҳрвандони соҳибмаърифату меҳнатқарини вилоят низ ҷиҳати пойдориву суботи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва гулзоркунӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд, зеро зебоӣ, тозагӣ ва ободонии ҳар як шаҳру деҳот ба рушду нумӯи Ватани азизамон мусоидат мекунад.

Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ободонию кабудизоркунӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ диққати махсус дода мешавад. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии экологӣ вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардида, расман оғоз гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид далели иддаост.

Боварии комил дорам, ки кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бо истифода аз имконияту захираҳо минбаъд низ сатҳу сифати хизматрасониро баланд мебардоранд, баҳри ободонии манзили зист ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти халқ меҳнати фидокоронаи худро дареғ намедоранд.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналиро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар идомаи фаъолияташон барори кор, тансиҳатӣ ва дастоварду муваффақиятҳо таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ