Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд - 16.04.2021 08:33

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелоди 2019

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2018 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории халқи азизи мо бо дастоварду музаффариятҳои бесобиқа ва пешравиҳои бузург нақш хоҳад баст.

Зеро дар ин сол тамоми захираю имкониятҳои кишвари соҳибистиқлоламон барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум нигаронида шуда, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои устувор гузошта шуд.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон таъкид намуданд, дар соли 2018 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,солҳои 2018-2028» расман оғоз ёфт. Аз ҷониби дигар, барқарор гардидани муносибатҳои байни ду кишвари дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, ки ба шарофати иқдому ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар моҳи марти соли 2018 амалӣ гардид, дар таърихи муносибатҳои деринаи ду халқи бародар саҳифаи наверо боз намуд. Ин иқдом сароғози таҳкими минбаъдаи пайвандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии байни ду халқ буда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварҳои ба ҳам дӯст мусоидат хоҳад кард.

Дар соли сипаришаванда рӯйдоди муҳими таърихӣ – ифтитоҳи чархи якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки аз ҷониби коршиносон "иншооти азими аср" ва "тамаддуни зеризаминӣ" унвон карда шуд, кишвари моро ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ боз ҳам наздиктар гардонид.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳак таъкид намудаанд, ки «Роғун» - манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми   тоҷик,   кафолати  рушди   босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад».

Итминони комил дорам, ки дар Соли нави мелодии 2019 сокинони шарафманди вилоят чун тамоми мардуми некандешу боиродаи кишварамон ба амалӣ шудани беҳтарин орзуву ормонҳои хеш муваффақ гардида, барои фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон собитқадамона саъю талош менамоянд.

Бигзор дар соли 2019 Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам ободу зеботар шуда, ба дастоварду муваффақиятҳои бештару беҳтар шарафёб гардад ва дар хонадони ҳар як сокини он файзу баракат, лаҳзаҳои нишоту фараҳ зиёд бошад.

Бо чунин ниятҳои нек фаро расидани Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанони азиз табрику муборакбод гуфта, сулҳу осоиш, хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва тансиҳативу некномӣ таманно менамоям.

Соли нав муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелоди 2019