Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2019

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фароҳам овардани ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва барқарор намудани ҷойҳои кории барҳамдодашуда, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии минтақа, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода шуд.

Вазъи иҷрои буҷет

Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 94,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2071,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (2189,8 миллион сомонӣ) 118,7 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин даври соли 2018 ба маблағи 150,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давр ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1718,95 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1630,84 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 5,1 фоиз ё ин ки 88,1 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин даври соли 2018 ба маблағи 69,24 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ 1746,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1656,2 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 94,8 фоизи нақша мебошад.

Дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамагӣ 682,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 45,6 миллион сомонӣ ё ин ки 6,3 фоиз кам мебошад.

Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба аввали сол 4,5 миллион сомонӣ коҳиш ёфта, ба санаи 1 ноябри соли 2019 ба 102,9 миллион сомонӣ баробар шудааст. Аз ҷумла, бақияи қарзи андози иҷтимоӣ дар ин давр 34,9 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 2,0 миллион сомонӣ кам мебошад.

Талаботи нафақа дар ин давр 744,3 миллион сомонӣ ва шумораи умумии нафақагирон 226670 нафарро ташкил додааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ин давр ба 291,77 сомонӣ баробар шудааст.

Маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт таъмин гардида, қарзи музди меҳнат дар даври ҳисоботӣ вуҷуд надорад.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Дар даври ҳисоботӣ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ҳаҷми гардиши савдои яклухту чакана якҷоя бо таъмири автомобилҳо 10721,3 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 3265,5 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли 2018 мутаносибан 100,5 фоиз ва 102,2 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 1841,8 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 1432,5 миллион доллар ва содирот 409,3 миллион доллари ИМА баробар шуд. Комёбии назаррас дар самти содирот бамаротиб афзудани содироти семент мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба миқдори 676243 тонна семент ба маблағи 29,9 миллион доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 мутаносибан 241204 тонна ва 9,8 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

Ҳаҷми содироти маъдан дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 249,7 миллион доллари ИМА баробар шуда, дар маҷмӯъ 264,1 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба содирот бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 119,5 миллион доллар ва 53,7 ҳазор тонна кам мебошад. Коҳишёбии ҳаҷми содироти маъдан ва консентрат ба нишондиҳандаи маҷмӯии содироти маҳсулот таъсири манфӣ расонидааст, зеро ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори содироти вилоят хеле назаррас аст. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 9,7 миллион доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 5,04 миллион доллари ИМА ба миқдори 14338 тонна хушкмева ва ба маблағи 3,3 миллион доллари ИМА ба миқдори 53253 тонна пиёз ба бозорҳои беруна бароварда шудааст.

Ҳамзамон, воридоти намудҳои маҳсулоте, ки имконияти истеҳсолашон дар дохили кишвар мавҷуд мебошад, тадриҷан коҳиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, воридоти семент нисбати ёздаҳ моҳи соли сипарӣ 12506 тонна кам шуда, дар даври ҳисоботӣҳамагӣ ба миқдори 14529 тонна семент ворид гардидааст. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” истеҳсоли семент дар дохили вилоят афзоиш ёфта истодааст.

Таъмини

беҳбудии фазои сармоягузорӣ, бахши хусусӣ ва рушди соҳибкорӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат баҳри дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ корҳои муайянро амалӣ намуд.

Таъмини рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, дастрасии соҳа ба имтиёзҳои иқтисодӣ омили асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъминот бо ҷойи корӣ маҳсуб ёфта, фаъолият дар ин самт таҳти таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Дар вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба санаи 1 - уми декабри соли 2019 аз аввали бақайдгирӣ 116980 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 3826 нафар зиёд шудааст. Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, ба 35594 нафар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 1546 нафар зиёд мебошад.

Шумораи субъектони бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда 10914 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ мутаносибан 208 адад афзудааст.

Баҳри беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2019 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 312 миллион доллари ИМА сармоягузориҳо, аз ҷумла 281,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 30,7 миллион доллар сармояи дохилӣҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 1,1 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 132,3 миллион доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 63,0 миллион доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб карда шуданд. Дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи ин лоиҳаҳо 207,8 миллион доллари ИМА - ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ - сентябри соли равон барои татбиқи лоиҳаҳо 82,4 миллион доллари ИМА ҷалб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 1,3 баробар зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои ҳадафҳои “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020”, аз ҷумла таъмини рушди босуботи бахши воқеӣ, бахусус соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия тавассути таҷдиди инфрасохтори мавҷуда, бунёди иқтидорҳои нав бо истифода аз дастовардҳои муосири техникаю технологияҳо тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуда истодааст. Бо ин мақсад ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардида, фаъолият дар самти ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ, инчунин ба тақвияти ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ба ин васила таъмин намудани афзоиши иқтидори содиротии минтақа, чун анъана бо иштироки доираҳои соҳибкории ватанӣ, бахши молиявию қарзӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, шарикони рушди Тоҷикистон, бизнес - ассотсиатсияҳо ва намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ санаҳои 21 - 22 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд - 2019» баргузор карда шуд ва дар он зиёда аз 300 нафар меҳмони хориҷӣ аз 10 давлати дунё ширкат варзиданд.

Бо мақсади ҷалби бештари соҳибкорони бурунмарзӣ ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла бунёди иншоотҳои гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ, таҷдиди инфрасохтори мавҷуда ва бунёди инфрасохтори замонавӣ барои рушди бахши воқеӣ, таъсиси ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми шаҳру деҳоти вилоят санаҳои 21 - 22 сентябри соли ҷорӣ бо соҳибкорони бурунмарзии вилоят, ки муқими Федератсияи Россия мебошанд, дар шаҳри Москва вохӯрии Раиси вилоят доир карда шуд.

Кишоварзӣ, истифодаи замин

ва ҳолати мелиоративии он

Дар даври ҳисоботӣ кишоварзони вилоят барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 7494,0 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 108,9 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 5595,8 миллион сомонӣ ва дар соҳаи чорводорӣ 1898,2 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан ба 107,5 ва 113,3 фоиз баробар шуд. Баҳри таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои кишт барои ҳосили соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 274807 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 230022,8 гектар ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44784,2 гектар ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ майдони кишти ғалладонаи тирамоҳӣ 30527 гектар ва замини кишти зироатҳои баҳорӣ 182637 гектарро ташкил намуда, нақшаи дурнамои кишти баҳорӣ 101,2 фоиз иҷро гардид. Ҳамагӣ дар майдони 113362,1 гектар ғалладонагиҳо (бе ҷуворимаккаи дон) кишт гардид, ки аз он 46482,9 гектарро кишти гандум ташкил медиҳад.

Дар ин давр ба майдони 58454,1 гектар пахта кишт карда шуд, ки нисбат ба соли сипарӣ 1260,5 гектар зиёд мебошад. Соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 22450,6 гектар кишти картошка гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 1455,9 гектар зиёд мебошад. Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 15886,8 гектар гузаронида шуда, дар қиёс нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 1953,5 гектар коҳиш ёфтааст.

Дар даври ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 484,4 ҳазор тонна, картошка 450,3 ҳазор тонна, полизӣ 125,9 ҳазор тонна, мевагиҳо 147,3 ҳазор тонна, ангур 61,6 ҳазор тонна, гӯшт 41,6 ҳазор тонна, шир 238,8 ҳазор тонна, тухм 383,3 миллион дона, пашм 1513,2 тонна ва асал 1391,6 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 сабзавот 24,4 ҳазор тонна кам, картошка 34,3 ҳазор тонна, полизӣ 13,7 ҳазор тонна, мевагиҳо 12,2 ҳазор тонна, ангур 0,4 ҳазор тонна, гӯшт 1,7 ҳазор тонна, шир 4,8 ҳазор тонна, тухм 189,3 миллион дона, пашм 1,5 тонна ва асал 30,9 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли ғалладонагиҳо 323,6 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 124 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ мутаносибан 55 ҳазор тонна ва 17,3 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Дар вилоят нисбат ба рушди соҳаи пахтакорӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Дар мавсими ҳосилғундории соли 2019 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 129050 тонна пешбинӣ гардида, пахтакорони вилоят дар ин давр ба миқдори 129302 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки баробари 100,2 фоизи дурнамои истеҳсоли пахта мебошад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 - юми декабри соли 2015, №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» бунёд намудани 5402 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 4742 гектар боғи зардолу ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина қарори Раиси вилоят аз 8-уми феврали соли 2019, №70 “Оид ба “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016 - 2020” ба тавсиб расидааст.

Мувофиқи дурнамо, соли 2019 дар масоҳати 252 гектар бунёди боғу токзори нав пешбинӣ гардида, то ин марҳала дар 794 гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки аз нақ-шаи дурнамо 3,1 баробар зиёд мебошад. Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба воситаи таҷҳизоти каммасрафи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Майдони боғҳои маҳсулоти содиротӣ, аз қабили зардолу, себ, шафтолу, гелос, хурмо ва сиёҳолу сол аз сол афзуда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки истеҳсоли ин намудҳои маҳсулот зиёд гардида, содироти меваҳои тару тоза ва хушкмева тадриҷан зиёд карда шавад. Давоми 11 моҳи соли равон дар ҳаҷми 31907 тонна себ ва 98963,6 тонна зардолу истеҳсол карда шуда, барои таъмини бозори истеъмолӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ заминаи мусоид фароҳам омад.

Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми декабри соли 2014, №727 “Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2019” ва баҳри таъмини бозори истеъмолии вилоят бо маҳсулоти худии аълосифат дар даври тирамоҳу зимистони имсола ҷиҳати бунёди сардхонаҳои нав ва таъмиру тармими яхдонҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 34 сардхона бо иқтидори умумии 7980 тонна фаъолият доранд. Барои мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар ин сардхонаҳо захира намудани 6770 тонна маҳсулот пешбинӣ гардида, то санаи 1 - уми декабри соли ҷорӣ умуман 2013 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст, ки баробари 29,7 фоизи нишондиҳандаи дурнамо мебошад.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо сабзавоти тару тоза дар даври зимистону аввали баҳор ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ гардида, дар ин давр аз 438 гармхонаи мавҷуда фаъолияти 268 гармхона дар самти парвариши сабзавот ва 170 гармхона дар самти парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 21,10 гектар расонида шуд, ки аз он 12,81 гектар помидор, 4,45 гектар бодиринг ва 3,85 гектар дигар зироатҳо мебошад. Илова бар ин, майдони дарахтони лимӯ ба 9,49 гектар расонида шуда, дар масоҳати 3,69 гектар гулҳои ороишии гуногун парвариш ёфта истодаанд. Маъракаи ҳосилғундорӣ аз гармхонаҳо оғоз гардида, ба санаи 25-уми ноябри соли равон 66,8 тонна сабзавоти тару тоза ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, ҳосили рӯёнидашудаи помидор 39,5 тонна, бодиринг 24,2 тонна ва сабзавоти дигар 3,1 тоннаро ташкил намуда, аз дарахтони лимӯ 27,2 тонна ҳосили аълосифат ҷамъоварӣ гардид. Дар соҳаи чорвопарварӣ барои афзун намудани саршумори чорво, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калони шохдор 661492 сар, аз ҷумла модагов 353242 сар, гӯсфанду буз 1561245 сар, парранда 4162086 сар ва асп 8388 сарро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин даври соли сипарӣ мутаносибан чорвои калони шохдор 18129 сар, аз ҷумла модагов 5512 сар, гӯсфанду буз 23345 сар, парранда 1407448 сар зиёд шуда, саршумори асп 191 сар коҳиш ёфтааст.

Дар даври ҳисоботӣ маҳсулнокии чорво, аз ҷумла ширҷӯшӣ аз 1 сар модагов ба ҳисоби миёна 1482 - килограммиро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин даври соли гузашта аз ҳар сар модагов 39 - килограммӣ зиёд гаштааст. Наслгирӣ аз 100 сар чорвои калон 59 - сарӣ ва аз 100 сар гӯсфанду буз 92 - сариро дарбар гирифта, дар қиёс ба сатҳи соли пешин мутаносибан 5 ва 2 - сарӣ зиёд шудааст.

Дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 - юми июни соли 2006, №1775 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ” дар вилоят ислоҳоти соҳа идома ёфта, дар даври ҳисоботӣ иловатан 1009 хоҷагии деҳқонии инфиродию оилавӣ таъсис дода шуданд. Миқдори умумии хоҷагиҳои инфиродӣ ва оилавӣ ба 68580 адад расонида шуда, онҳо мунтазам фаъолият бурда истодаанд. Баробари афзудани теъдоди хоҷагиҳои инфиродӣ масъалаҳои таъминот бо техникаи кишоварзӣ, оби полизӣ ва ҳифзи бехатарии зироатҳо аҳамияти аввалиндараҷа пайдо менамоянд. Бо мақсади ҳалли ин масъалаҳо ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда, бобати воридоти техникаю таҷҳизот тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ва дигар ширкатҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Алҳол дар вилоят 918 маркази хизматрасонӣ, аз ҷумла 535 маркази хизматрасонии техникӣ фаъолият доранд. Баҳри таъмини дастрасии хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба захираҳои моддию техникӣ 81 мағозаи фурӯши тухмиҳо, 106 мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ, 74 мағозаи фурӯши нуриҳои минералӣ ва 31 нуқтаи фурӯши ниҳолҳо амал мекунанд. Ҳамзамон, дар вилоят 107 нуқтаи маслиҳатдиҳӣ ташкил карда шудааст ва ба кишоварзон хизмат мерасонанд.

Дар самти ислоҳоти соҳаи обрасонӣ тадбирҳо андешида шуда, дар вилоят 220 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебаранд, ки дар танзими системаи обрасонӣ ва таъминоти бонизоми заминҳои кишоварзӣ бо об нақши муҳим доранд.

Дар даври ҳисоботӣ бо мақсади роҳандозӣ намудани таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин мебошад, тадбирҳо андешида, аз ҳисоби буҷети вилоят барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 5,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 400 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 400 ҳазор сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 700 ҳазор сомонӣ, Панҷакент 700 ҳазор сомонӣ, Ашт 900 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 1,3 миллион сомонӣ ва Мастчоҳ 1 миллион сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Тибқи нақша, дар соли 2019 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5496 гектар замин ба маблағи 5093 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, барои ин мақсад дар 11 моҳи соли ҷорӣ 2668 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, ҳолати мелиоративии 3596 гектар замин беҳтар карда шуд, ки баробари 65,2 фоизи нақшаи солона мебошад.

Мувофиқи тавозуни замин ба 1 - уми январи соли 2019 дар вилоят 6089 гектар замини боир, аз ҷумла 3682 гектар боири обӣ мавҷуд буда, дар даври ҳисоботӣ 1511 гектар замини боир ва 332 гектар замини ғайрикишоварзӣ аз худ карда шуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Мастчоҳ 820 гектар, Ашт 340, Бобоҷон Ғафуров 185, Спитамен 126, Зафаробод 40 гектар замини боир ва дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом 134 гектар, Ашт 124, Мастчоҳ 31, Исфара 19, Айнӣ 12, Спитамен 7, Истаравшан 2, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон 1 - гектарӣ замини ғайрикишоварзӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда ва партов (боир) корбарӣ идома доранд. Ҳамзамон, ин заминҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки имконияти аз худ кардани онҳоро доранд, тибқи қарорҳои дахлдор, вобаста карда шуда истодаанд. 

Саноат ва энергетика

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши қобилияти содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин даври соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят таъмин шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ - ноябри соли 2019 ба 11379,2 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо дар сатҳи 109,0 фоизи ҳамин даври соли сипарӣ таъмин гардид. Дар даври ҳисоботӣ аз 621 корхонаи саноатӣ 566 корхона ё ки 91,1 фоиз фаъолият намуда, 55 корхона ё 8,9 фоиз тамоман фаъолият накарданд. Сабабҳои фаъолият накардану ақибмонии корхонаҳои саноатӣ нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, ба рақобат тобовар набудани маҳсулоти истеҳсолшуда мебошанд. Истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин даври соли 2018 барзиёд таъмин карда шуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои муассир дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ - ноябри соли 2019 истеҳсоли орд ба 259,0 ҳазор тонна, равғани растанӣ ба 4178,6 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ ба 71,3 ҳазор тонна ва нӯшокиҳои беспирт ба 5,77 миллион декалитр расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ мутаносибан 30,3 ҳазор тонна, 786,8 тонна, 7,6 ҳазор тонна ва 1,07 миллион декалитр зиёд мебошад. Истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба теъдоди 442472 адад таъмин гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 51707 адад зиёд мебошад. Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас мебошанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 19,5 миллион қуттии шартӣ баробар шуда, суръати афзоиш 114,3 фоиз таъмин гардид.

Истеҳсоли ангиштсанг нисбат ба соли гузашта 115,4 ҳазор тонна афзуда, дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 1,7 миллион тонна расонида шуд. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2019 ба истифода додани 100 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1730 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда, давоми 11 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 102 корхонаву коргоҳи нав бо 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати химия, металлургия, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва сабук таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Аз ҷумла, дар маросими ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли халтачаҳои полипропилении “Суғдполитекс”, корхонаи равғанбарории ҶДММ “25 – солагии Истиқлолият”, корхонаи истеҳсоли арматураи “Маҳмуд Ко”, корхонаҳои риштабарории “Органик Ян”, коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ “Хорои Хуҷанд”, коркарди равғани ҶДММ “Зирв Эко”, истеҳсоли маҳсулоти коғазии “Дурахшон Бӯстон” ва мехбарории ҶДММ “Тоҷфилиз” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва дастуру супоришҳои муфид доданд, ки бешубҳа, ба рушди минбаъдаи саноати вилоят такони ҷиддӣ мебахшад.

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ, дар 11 моҳи соли равон дар вилоят 3,87 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ба маблағи 846,8 миллион сомонӣ истифода шуда, 737,7 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки 87,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 271,7 миллион сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 265,6 миллион сомонӣ ё 97,8 фоизро ташкил намудааст. Дар доираи иҷрои яке аз ҳадафҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия мунтазам корбарӣ карда шуда, маданияти истифодаи сарфакоронаи энергияи барқӣ пайваста тарғибу ташвиқ мегарданд. Тадбирҳои андешидашуда имконият доданд, ки новобаста аз зиёд гардидани талаботи аҳолӣ ва ташкилотҳои иҷтимоию истеҳсолӣ ба қувваи барқ сатҳи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда беҳтар шавад.

Мавриди зикр аст, ки санаи 5 - уми октябри соли равон маросими баистифодадиҳии агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонон аз давлатҳои дӯсту бародар баргузор гардида, ҷумҳурии азизамон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардид. 

Сохтмон ва меъморӣ

Дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 572,2 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давр дар ҳаҷми 1291 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан баробари 109,8 ва 106,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин даври соли сипарӣ мебошад.

Илова бар ин, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 1126,5 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 425,2 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ ба итмом расонида шуданд. Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 436,5 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта дар сатҳи 101,7 фоиз таъмин гардид. Аз ҷумла, 1352 ҷой барои талабагон дар мактабҳо ва 740 ҷой барои кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ муҳайё карда шуданд. Дар даври сипаришудаи соли 2019 ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи ватанӣ якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, сохтмони бинои шуъбаи табобатӣ дар беморхонаи №3 ва Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, китобхонаи марказӣ, Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва азнавбарқароркунии Кохи фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, азнавбарқароркунии бинои Муассисаи давлатии Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд, сохтмони Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Гулистон, сохтмони Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои маъмурӣ, беморхона дар маркази ноҳия, инчунин, сохтмони беморхона барои 40 кат дар деҳаи Дашти Рогифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, сохтмони таваллудхона, бунгоҳи тиббӣ, боғчаи бачагона, Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Деваштич, азнавсозии боғи фарҳангию фароғатӣ ва Қасри фарҳанг дар ноҳияи Зафаробод бо маблағгузории буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба итмом расонида, бо иштироки меҳмони олиқадр мавриди истифода қарор дода шуданд.

Саҳми соҳибкорони вилоят низ дар раванди корҳои ободониву созандагӣ хеле назаррас мебошад. Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар радифи иншооти давлатӣ бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ як зумра иншооти ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар соҳили дарёи Сир, дар шафати Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ Маҷмааи хизматрасонӣ ва тарабхонаи “Темурмалик” бо тарҳи замонавӣқомат афрохта, аз болои дарё таноброҳа бунёд шуд, ки ду маркази таърихию фарҳангӣ, яъне Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро ба ҳам мепайвандад. Дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти корхонаи металлургии ҶДММ “Маҳмуд Ко” бо иқтидори солонаи истеҳсоли 72,0 ҳазор тонна арматура аз ҷониби Сарвари давлат ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.

Дар шаҳри Бӯстон маркази хизматрасонии “Баҳор” бо ҷалби сармояи соҳибкори ватанӣ бунёд гардида, барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шуд.

Ба истиқболи ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси соҳибкорони вилоят якчанд иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсоли равғани растанӣ ҶДММ “Зирв Эко” ва коркарди санги хорою мармар “Хорои Хуҷанд” дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ ёфтанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 - уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣқарорҳои Раиси вилоят аз 21 - уми феврали соли 2018, №51 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 14 - уми марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 6969 иншоот, аз ҷумла 464 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 138 муассисаи томактабӣ, 64 қасри фарҳанг, 39 боғи фарҳангию фароғатӣ, 32 гулгашт, 63 китобхона, 59 беморхона, 163 бунгоҳи тиббӣ, 114 маркази тиббӣ, 18 таваллудхона, 153 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 72 дорухона, 255 сартарошхона, 145 ҳаммом, 193 кошонаи ҳусн, 301 маркази савдо, 458 маркази хизматрасонӣ, 120 толор ва 331 майдончаи варзишӣ, 86 майдончаи бозии кӯдакон, 46 меҳмонхона, 209 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва 3446 адад дигар иншоотҳо пешбинӣ гардидаанд. Дар соли 2019 бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 2471 иншоот пешбинӣ шуда, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2019 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, кумитаи падару модарони муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2293 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣқарор дода шуданд, ки баробари 92,7 фоизи нақшаи солона мебошад. Бо бунёди иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣқишрҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонашин бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд ва ин тадбирҳо барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоии деҳоти шаҳру ноҳияҳо мусоидат намуданд. 

Нақлиёт ва коммуникатсия

Дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳо ва истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия таъмин карда шавад.

Дар 11 моҳи соли 2019 тавассути маҷмӯи нақлиёт 25,7 миллион тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 173,7 миллион нафар мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли 2018 мутаносибан 103,9 ва 105,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор тавассути нақлиёти автомобилӣ 22,5 миллион тонна бор ва 173,5 миллион нафар мусофир кашонида шуда, ҳиссаи он дар маҷмӯи бору мусофиркашонии вилоят мутаносибан ба 87,4 ва 99,9 фоиз расонида шуд. Тавассути роҳи оҳан 3,2 миллион тонна бор ва 35,2 ҳазор мусофир интиқол дода, бо нақлиёти ҳавоӣ 145,7 ҳазор мусофир кашонида шудаанд. Дарозии умумии роҳҳои вилоят 8179,9 километр буда, аз он 737,0 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 358,9 километр ҷумҳуриявӣ, 2343,5 километр маҳаллӣ, 594,5 километр роҳҳои тобеи хоҷагии манзилию рифоҳӣ ва 4098,8 километр роҳи байнихоҷагӣ мебошад. Дар соли 2019 таъмиру тармими 2166,8 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 169,4 километр таъмири асосӣ, 923,9 километр таъмири ҷорӣ ва 1073,5 километр шағалпӯш мебошанд.

Барои ин мақсад аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 2619,5 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят 57382,4 ҳазор сомонӣ, буҷети шаҳру ноҳияҳо 7744,9 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 3445,5 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 16602,2 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 9091,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Маблағи умумии барои иҷрои нақшаи соли 2019 пешбини гардида ба 96,9 миллион сомонӣ баробар аст. Ба ҳолати 6 - уми декабри соли равон нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 114,9 фоиз иҷро гардида, 2489,99 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 196,49 километр таъмири асосӣ, 1006,0 километр таъмири ҷорӣ ва 1287,5 километр шағалпӯш мебошанд. Барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 110415,1 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят 42346,7 ҳазор сомонӣ маблағҷудо гардида, 50,4 километр роҳ, аз ҷумла 46,3 километр аз таъмири асосӣ ва 4,1 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Барои таъмири роҳҳои вилоят аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19700 ҳазор сомонӣ маблағҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 3717,9 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 8027,7 ҳазор сомонӣ, ташкилоту идораҳо 4305,5 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 19315,7 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 13001,8 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо маблағгузорӣ шудааст.

Дар қаламрави вилоят 1 телевизиони давлатӣ, 1 радиои давлатӣ, 15 шабакаи телевизионӣ ва 14 шабакаи радиои хусусӣ фаъолият доранд. Пахши барномаҳои телевизиони вилоят 18 соат ва радио 16 соат ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар марказҳои ҷамоату шаҳракҳо ва ҷойҳои серодам 222 баландгӯяк насб гардидааст.

Ҳамзамон, 50 рӯзнома ва 6 маҷалла дар вилоят ба нашр мерасанд, ки аз ҷумлаи он 21 рӯзнома ва 1 маҷалла давлатӣ мебошанд. Фарогирии пахши барномаҳои телевизиони “Тоҷикистон” 99,83 фоиз, “Сафина” 93,50, “Баҳористон” 87,44, “Ҷаҳоннамо” 83,74, “ТВ Суғд” 72,17, “Рақамӣ” 62,15, барномаҳои радиои “1 ҶТ” 85,18, “2 ҶТ” 45,75, “3 ҶТ” 66,58, “Фарҳанг” 43,81 ва “Суғд” 37,63 фоизро дар бар мегиранд. 

Вусъати шуғли пурмаҳсул

Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст. Даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат бозгӯйи сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад. Музди миёнаи маош дар ин давр мувофиқи вилоят 1173,61 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 108,91 сомонӣ зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон 2066,68 сомонӣ, Панҷакент 1540,43 сомонӣ, Айнӣ 1476,01 сомонӣ, Хуҷанд 1409,90 сомонӣ, Бӯстон 1299,35 сомонӣ, Истаравшан 1051,75 сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров 1020,22 сомонӣ ва Истиқлол 1009,24 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаи саноат маҳсуб меёбад.

Давоми 11 моҳи соли 2019 ба раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40569 шаҳрванд муроҷиат карданд, ки 21049 нафарашон занон мебошанд. Аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 26996 нафар ҳамчун корҷӯй дар сохторҳои мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд.

Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2019 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 10560 нафар шаҳрванди корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 25 - уми ноябри соли 2019 аз ҷониби мақомотҳои давлатии шуғли аҳолӣ ба 17221 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 167,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандкардашуда, яъне квота муқаррар мегардад. Тибқи нақшаи соли ҷорӣ, миқдори квотаҳо 865 ҷойро ташкил дода, дар даври ҳисоботӣ 1315 нафар шаҳрвандон тавассути квота бо кор таъмин гардиданд, ки 152,0 фоизи нақшаи барномавиро ташкил медиҳад. Дар даври ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 244 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 3785 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 41161 ҷойи кории холиро пешниҳод намуданд. Тавассути ин ярмаркаҳо 2139 нафар корҷӯён ва бекорон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 1847 нафар ба касбомӯзӣ ва 329 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 4315 нафарро ташкил доданд. Дар 11 моҳи соли 2019 - ум 103927 нафар муҳоҷирон ба Ватан баргаштанд, ки аз онҳо 33364 нафар занон мебошанд. Шумораи ба Ватан баргаштагон нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 17038 нафар, аз ҷумла занҳо 8778 нафар зиёд шудааст. Дар ин давр шумораи шаҳрвандони ба хориҷа сафаркарда 105694 нафар, аз ҷумла занон 23761 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда 3738 нафар, аз ҷумла занон 17 нафар афзоиш ёфтаанд. Аз ин шумора 88291 нафар, аз ҷумла 18594 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 12287 нафар, аз ҷумла занон 6569 нафар зиёд мебошанд. Омилҳои асосии мусоидаткунанда ба афзоиши сафи муҳоҷирон ба итмом расидани муҳлати манъи воридоти шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Федератсияи Россия ва аз нав кушода шудани хатсайрҳои мусофирбар тавассути роҳи оҳан мебошад.

Илм ва маориф

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Соли таҳсили 2019 - 2020 дар вилоят 929 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 815 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 32 гимназия, 24 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 4 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 547925 нафар, аз ҷумла 267888 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2018-2019 шумораи муассисаҳои таълимӣ 1 адад (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва шумораи хонандагон 14233 нафар зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2019, мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар вилоят 272 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 203 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 56 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44507 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтаанд. Нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 адад афзудааст.

Шумораи омӯзгорони вилоят 38714 нафар буда, аз онҳо 31558 нафар бо таҳсилоти олӣ, 2156 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 5000 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Илова бар ин, шумораи омӯзгорони маълумоти олидошта зиёд гардида, 81,5 фоизи шумораи умумии омӯзгоронро ташкил намудаанд.

Дар муассисаҳои таълимии миқёси вилоят 91 нафар омӯзгорони ғайриихтисос (ғайрифаннӣ) фаъолият доштанд, ки аз ин теъдод 50 нафар ба омӯзгорони соҳибтахассус иваз карда шуданд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 41 нафар омӯзгорони ғайрифаннӣ фаъолият доранд ва бобати коҳишёбии сафи онҳо чораҷӯӣ шуда истодааст. Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят дар соли хониши 2019 – 2020 - ум 660 нафар муайян карда шуда, дархост барои тақсимоти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар ин замина, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 1122 нафар омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор фиристонида шуда, ба ҳолати 15 - уми октябри соли 2019 аз онҳо 715 нафар ҳозир гардиданд. Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 - уми ноябри соли 2017, № 544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020» дар соли 2019 таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят бо 38 адад кабинет ва озмоишгоҳи фанни физика, фанни химия 40, фанни биология 40, фанни география 11, фанни математика 14, фанни технологияи иттилоотӣ 11, кабинети суруд ва мусиқӣ 72 адад, дар умум 228 кабинети таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар амал давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 181 кабинети таълимӣ таъсис ёфт, ки баробари 79,4 фоизи нақша мебошад. Шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Хуҷанд нақшаи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020” - ро пурраву барзиёд иҷро намуданд. Дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Спитамен ва Панҷакент вазъи корбарӣ суст мебошад.

Дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд барои солҳои хониши 2018 - 2022” соли 2019 ба муассисаҳои таълимӣ дастрас намудани 2886 компютер ва 168 тахтаи электронӣ ба нақша гирифта, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 1442 компютер ва 159 тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст, ки мутаносибан 50,0 ва 94,6 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Алҳол дар 1104 синфхонаи компютерӣ 18560 компютер, 2752 принтер мавҷуд буда, 520 тахтаи электронӣ ва 753 проектор мавриди истифода қарор доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли таҳсили 2019 - 2020 умуман 34951 нафар хатм намуда, тариқи Маркази миллии тестӣ 17814 нафар ба мактабҳои олию миёнаи касбӣ дохил шуданд. Илова бар ин, ба муассисаҳои таълимии ИДМ 1473 нафар ва хориҷи дур 104 нафар дохил гардиданд. Тибқи квота, ҳамагӣ 352 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамагӣ 19743 нафар ҳуқуқи таҳсилро дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ватанию хориҷӣ соҳиб шуданд, ки баробари 56,6 фоизи шумораи умумии хатмкунандагон мебошад. Дар даври ҳисоботӣ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 - юми июли соли 2014, № 427 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати тақвияту густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ чораҳои дахлдор андешида шуданд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 3280 нафар омӯзгорони забони русӣ ва 2814 нафар омӯзгорони забони англисӣ фаъолият доранд.

Дар даври ҳисоботӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ 412 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ширкат варзида, аз онҳо 190 нафар ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ, Бобоҷон Ғафуров 39 ва Исфара 34 ҷой гардиданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ 220 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ин теъдод 19 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ дар давлатҳои Таиланд ва Ҳиндустон, 18 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии лоиҳавӣ дар Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Олмон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, 183 нафар ғолиби олимпиадаҳои фосилавӣ дар Фаронса ва Тайван гардиданд.

Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 9 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълими вилоят сазовори аттестати аълои равиявии медалҳои тилло ва нуқра (6 тилло ва 3 нуқра) гардида, 3 нафар ба гирифтани Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шуданд.Тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои 46 муассисаи таълимии садамавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Дар 11 моҳи соли равон бинои 5 муассисаи таълимии садамавӣ барқарор гардида, дар 20 бинои садамавии муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ҳамзамон, таъмиру таҷдиди 228 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта, то ҳол 115 муассисаи таълимӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.

Дар умум, дар вилоят дар 11 моҳи соли ҷорӣ 37 иншооти соҳаи маориф бо 4761 ҷойи нишаст, аз ҷумла дар назди муассисаҳои таълимӣ 98 синфхонаи иловагӣ бо 2826 ҷой ва дар назди муассисаҳои томактабӣ 57 гурӯҳи иловагӣ бо 1935 ҷойи нишаст бунёд гардиданд. Дар вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, аз рӯи зиёда аз 120 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Шумораи устодон 3381 нафар буда, аз онҳо 78 нафар профессору доктори илм ва 701 нафар номзади илм мебошанд. Шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2019 - 2020 дар умум 64867 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 43139 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва 21728 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд. Дар мактабҳои олии вилоят умуман 921 нафар тариқи квота таҳсил намуда истодаанд. 

Соҳаи тандурустӣ

Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас ба иҷро расиданд.

Дар вилоят 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи сохтори госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонидашуда ва 247 муассисаи тиббии хусусӣ, аз ҷумла 106 ҶДММ, 35 намояндагӣ ва 106 соҳибкори инфиродӣ фаъолият доранд.

Ба аҳолии вилоят 5143 нафар табибон ва 17393 нафар кормандони миёнаи тиб хизмат расонида истодаанд. Масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ афзалияти асосӣ маҳсуб ёфта, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо норасоии мутахассисони соҳаҳои беҳискунӣ ва наҷоти ҳаёт, силшиносӣ, ташхиси шуоӣ, руҳшиносӣ, тибби оилавӣ ва сироятшиносӣ эҳсос мегардад. Сатҳи таъминоти муассисаҳои тиббии вилоят бо табибон 19,3 ва бо кормандони миёна 65,5 ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад. Таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи соҳа маҳсуб ёфта, нишондодҳои нисбатан пасти таъминот бо табибон дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 10,0, Деваштич 10,7, Айнӣ 11,4, Мастчоҳ 11,9, Бобоҷон Ғафуров 12,1 ва Кӯҳистони Мастчоҳ 12,2 ба 10 ҳазор аҳолӣ ба назар мерасад, ки ташвишовар мебошад.

Баробари дастовардҳо дар соҳаи тандурустӣ камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд. Нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад.

Ҳолатҳои фавти модарон дар даври ҳисоботӣ 10 адад, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Деваштич, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент ва Хуҷанд ба қайд гирифта шуда, зарурати андешидани чораҳои қатъиро дар ин замина талаб мекунад. Дар вилоят дар 11 моҳи соли равон 884 ҳолати фавти перинаталӣ ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии беморони сил дар сатҳи вилоят 2896 нафар қарор дошта, аз ҷумла дар 11 моҳи соли 2019 - ум 937 нафар беморон дарёфт гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 49 нафар зиёд мебошад. Дардмандии бемории сил 106,1 ҳолатро ба 100 000 аҳолӣ ташкил намуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 20 нафар беморони фаъол фавтидаанд.

Дар қайди Раёсати тандурустии вилоят ҳамагӣ 2758 нафар мубталоёни ВНМО қарор дошта, дар даври ҳисоботӣ 368 нафар бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 10 нафар зиёд мебошад. Асосан гирифторони мубталои ВНМО синну соли аз 30 то 49 - соларо дарбар мегиранд. Фавт аз ВНМО дар 11 моҳи соли 2019-ум 69 нафар ба қайд гирифта шуда, аз соли 2001 то ин давр дар маҷмӯъ 793 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ 3062 ҳодисаи бемории зардпарвин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 508 ҳодиса зиёд мебошад. Бемории шадиди рӯдаю меъда ҳамагӣ 3446 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 490 ҳодиса кам мебошад. Ҳодисаҳои захмдоршавӣ аз газидани ҳайвонот нисбат ба 11 моҳи соли 2018 ба миқдори 265 адад зиёд гардида, ҳамагӣ 4579 ҳолати газидани ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст, ки хеле нигаронкунанда буда, аз масъулини соҳа андешидани чораҳои таъхирнопазирро дар самти бартараф намудани омилҳои мусоидаткунанда талаб менамояд.Баҳри пешгирии касалиҳои мазкур дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаҳои гуногун тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд.

Аз ҷониби масъулин дар шаҳру ноҳияҳо байни аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор чорабиниҳо гузаронида шуда, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таҳия ва хабару мақолаҳо дар матбуоти даврӣ интишор гардиданд. Ин қабил мулоқоту вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва умумӣ низ баргузор шуданд. 

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад. Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки шумораи бошандагони он дар санаи 1 - уми декабри соли 2019 - ум 1879 нафарро ташкил медиҳад.

Дар вилоят ба ҳолати 20 - уми сентябри соли ҷорӣ 61239 оила ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Баҳри тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳамасола, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ пардохт шуда истодаанд. Дар даври ҳисоботӣ ба 28363 оила ба маблағи 4447,1 ҳазор сомонӣҷубронпулӣ барои моҳҳои январ - июн ва ба 32876 оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 6261,3 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт карда шудаанд.

Шумораи умумии маъюбон ба санаи 1 - уми октябри соли 2019 - ум 46796 нафар, аз ҷумла кӯдакони маъюби то синни 18 - сола 7681 нафар мебошанд.

Бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, шахсони дар даври Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар ақибгоҳ меҳнатнамуда, инчунин маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил кӯмакпулии ҳармоҳа пардохт карда мешаванд. Дар соли 2019, тибқи қарорҳои Раиси вилоят аз 3 - юми январи соли 2018, №№01,02,03 ва 04, пардохти кӯмакпулӣ пешбинӣ гардида, то ин давр 1465560 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуданд.

Бахшида ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар ҳамаи мактаб - парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят, хонаи пиронсолон дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои идонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сарпарастон тақдим гардиданд.

Инчунин, оилаҳои камбизоат, беморони барҷомонда, кӯдакони маъюбу ятим аёдат карда шуда, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ ёфтанд. Дар маҷмӯъ, дар арафаи рӯзҳои таърихӣ ва идҳо ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ба маблағи 20,2 миллион сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуданд. 

Соҳаи фарҳанг

Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандӯст маҳсуб меёбад. Дар муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба таҷлили ҷашнҳои 26 - солагии Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо, вохӯриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театрикунонида, мулоқоти атрофи мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар вилоят “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 - 2020» ва «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» татбиқ шуда истодаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Барномаҳои мазкур муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо марҳала ба марҳала таъмиру тармим гардида, бо таҷҳизоти техникӣ, сарулибоси саҳнавӣ, асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ муҷаҳҳаз гардида истодаанд. Инчунин, ҷиҳати ҳифз ва барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда, давоми солҳои охир якчанд ёдгориҳои таърихӣ таъмир ва барқарор карда шуданд.

Дар асоси “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2016 - 2020” заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят марҳала ба марҳала тақвият меёбад.

Дар соли ҷорӣ низ таваҷҷуҳ ба рушди соҳа бештар гардида, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қасри фарҳанг бо 400 ҷойи нишаст бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай ифтитоҳ ёфт. Илова бар ин, бунёди Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо сарфи 12 миллион сомонӣ ва дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди Қасри фарҳанг ба истиқболи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли 2020 бо маблағи 22 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.

Дар асоси “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2016 - 2020” заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят марҳала ба марҳала тақвият ёфтаву пазируфта истодаанд.

Кор бо ҷавонон ва варзиш

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва маънавию маърифатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби масъулини соҳа баргузор намудани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ, иттилоотию маърифатӣ, тарбиявию ахлоқӣ баҳри бедор намудани ҳисси хештаншиносию худогоҳии миллии насли ҷавон ба таври мунтазам роҳандозӣ гардида истодааст. Барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, ватандӯстию шуҷоатмандӣ ба таҷдиди инфрасохтори соҳа ва бунёди иншоотҳои нав, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои ҷавонон, боғҳои фароғатию фарҳангӣ, гулгаштҳо ва иншоотҳои варзишӣ афзалият дода мешавад.

Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншоотҳои варзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Айни ҳол дар миқёси вилоят 2634 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 45 варзишгоҳ, 1817 майдончаи варзишӣ, 558 толор, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншоотҳои махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд. Дар 11 моҳи соли равон дар маҷмӯъ 116 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 17 толори варзишӣ, 97 майдончаи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ба маблағи 13361 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 26650,6 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар миқёси вилоят дар даври ҳисоботӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳи вилоят мусобиқаҳо бо фарогирии ҷавонон гузаронида шуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқаҳои вилоятӣ дастаи варзишгарони вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳои мухталифи ҷумҳуриявию байналмилалӣ таъсис дода шуда, онҳо дар 143 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби 850 медали тилло, 668 медали нуқра ва 719 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин, ҳайати 537 - нафараи варзишгарони вилоят, аз ҷумла 97 нафар бонувон дар 58 мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 293 медал, аз ҷумла 103 медали тилло, 62 медали нуқра ва 128 медали биринҷӣ шуданд. 

Соҳаи сайёҳӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба имконият ва захираҳои сайёҳии вилоят, ҳавасманд гардонидани субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ва омодасозии мутахассисони соҳа як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Бо мақсади татбиқи самтҳои дахлдори “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” бо қарори Раиси вилоят аз 21 - уми майи соли 2019, №192 нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020” тасдиқ шуда, корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад. Тибқи қарори мазкур ,дар маҳал қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудаанд.

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, қарори Раиси вилоят аз 7-уми майи соли 2018, №178 «Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ба тасвиб расида, то имрӯз 4 ҷаласаи Шӯро гузаронида, масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣқарор дода шуданд. Ҳамчунин, Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ тасдиқ ва иҷрои он зери назорати доимӣқарор дорад. Дар ин давр сомонаи сайёҳии вилоят бо 5 забон омода гардида, харитаи сайёҳӣ, китоби “Туризм и ремесло” ва роҳнамои сайёҳӣ дар ин сомона ҷойгир гардида, дар шабакаи интернет фаъол карда шуд.

Бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» лагери экологию сайёҳии “Артуч” фаъол гардида, зиёда аз 60 нафар омӯзгорон, коршиносон, донишҷӯёни факултаи забонҳои хориҷӣ ва риштаи сайёҳӣ, инчунин намояндагони ширкатҳои сайёҳӣҷалб карда шуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур хатсайри нави сайёҳӣ тавассути шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Панҷакент ба роҳ монда шуд. Тибқи барнома, дар мавзӯи “Сайёҳӣ ва намудҳои он”, “Роҳбалад кист?” ва “Саёҳати экологӣ” аз ҷониби мутахассисони соҳаи сайёҳӣ семинарҳо гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ бо сайёҳони хориҷӣ, ки зиёда аз 100 нафар аз кишварҳои Федератсияи Россия, Украина, Олмон ва дигар давлатҳо омада буданд, вохӯриҳо баргузор гардиданд. Ҳамчунин, чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоиши маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ барои меҳмонони хориҷӣ ташкил карда шуданд.

Санаи 27 - уми сентябри соли 2019 дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ташкили хатсайри “Хуштарӣ” ва конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Сайёҳӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар” баргузор гардида, дар кори конфронс зиёда аз 200 нафар намояндагони сохторҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо, коршиносони соҳа, ширкат ва ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, омӯзгорону донишҷӯёни забонҳои хориҷӣ ва риштаи сайёҳӣ иштирок доштанд.

Тибқи барномаи конфронс, масъулини рушди сайёҳӣ, Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии Зарафшон, Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», бонкҳои “Арванд”, “Имон”, устодони донишгоҳ, донишҷӯён вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ андешаронӣ намуданд. Илова бар ин, миёни иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои матраҳгашта ва ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва саҳми он дар рушди соҳаи сайёҳии вилоят мубодилаи афкор сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамасола санаи 27 - уми сентябр бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сайёҳӣ, манфиати иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат санаҳои 3 - 5 - уми октябри соли ҷорӣ дар вилоят ҷаласаи 5 - уми сатҳи баланди соҳаи сайёҳӣ, ҷаласаи 3 - юми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани фаъолияти босамар дар ин самт шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят ба 40 адад расонида, илова бар ин 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ва Шӯрои рушди сайёҳӣ фаъолият бурда истодаанд.

Бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Пешвои миллат то ин давр 10 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфта, 25 хатсайри нави сайёҳӣ мавриди истифода қарор гирифт. Танҳо дар 11 моҳи соли 2019 ширкатҳои сайёҳӣ ба 5244 нафар сайёҳон хизмат расонидаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 986 нафар зиёд мебошад. Дар ҳудуди вилоят 86 меҳмонхонаву осоишгоҳ, 46 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар 11 моҳи соли 2019 дар меҳмонхона, осоишгоҳ, лагер ва марказҳои муолиҷавӣ 87,6 ҳазор нафар, аз ҷумла 75 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12,6 ҳазор нафар хориҷиён истироҳату табобат гирифта, мавзеъҳои ҷолибро тамошо карданд.

Ҳамзамон, бо истифода аз имтиёзҳои аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳодшуда ҷиҳати воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи бинокорӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ якчанд лоиҳа, аз ҷумла меҳмонхона, маҷмааи сайёҳӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Танҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ 13 меҳмонхона мавриди истифода қарор гирифт ё аз нав барқарор гардид. 

Соҳаи кор бо занон ва оила

Дар ин давр ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020» ба омӯзиши касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон корҳои муайян ба иҷро расиданд.

Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият намуда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳмгузоранд. Аз шумораи зиёда аз 1,33 миллион нафар занону духтарони вилоят 7678 нафарашон занони роҳбар ва 1267 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд.

Алҳол аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 99 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 543 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот интихоб гардидаанд. Дар вилоят 6 нафар занон дорои унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, 236 нафар Қаҳрамонмодар, 561 нафар сазовори ордену медалҳо, 153 нафар барандагони унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 51 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста”, 16 нафар доктори илм, 308 нафар номзади илм ва 139 нафар варзишгарони номдор мебошанд.

Дар вилоят 46 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ, 97 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят аз ҳисоби занону ҷавондухтарони болаёқату фаъол мебошанд.

Боиси хушнудист, ки ҷавондухтарони деҳоти дурдаст, бахусус аз оилаҳои камбизоат таҳти ғамхориву сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, ҳамасола барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ квота ҷудо карда мешавад. Дар соли хониши 2019 - 2020 низ барои вилояти Суғд 352 квота ҷудо шудааст, ки аз он 179 квота барои духтарон мебошад. Дар маҷмӯъ, 516 нафар донишҷӯдухтарони вилоят тибқи квота таҳсил намуда истодаанд.

Бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳои миллӣ дар соли 2019 қарори Раиси вилоят аз 30 - юми апрели соли 2019, № 215 ба тасвиб расида, 60 гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ ба 60 нафар бонувони ҳунарманди вилоят супорида шуданд. Илова бар ин, 12 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят сазовори Гранти Президентӣ шуданд.

Новобаста аз дастгирии давлатии занону духтарон, қабул гардидани силсилаи барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар ҷодаи таҳкими институти оиладорӣ то ҳол масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар сатҳи нигаронкунанда қарор дорад. Дар 11 моҳи соли 2019 шумораи ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 16721 адад ва қайди бекоршавии ақди никоҳ 3559 ададро ташкил намудааст. Ин маънои онро дорад, ки аз 5 ақди никоҳи басташуда дар вилоят 1 ақди никоҳ бекор карда шудааст.

Ин падидаи ногувор аз масъулини соҳа андешидани тадбирҳои муассирро тақозо намуда, водор месозад, ки корбарӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳо ва кумитаи маҳаллаҳо пурзӯр карда шавад. Масъалаи мазкур дар зери назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, корбарӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҷоннок карда шудааст.

Муроҷиати шаҳрвандон

Дар 11 моҳи соли 2019 ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маҷмӯъ 4428 муроҷиат ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 (6122) 1694 адад кам мебошад. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои воридгардида 2960 хаттӣ, 1274 шифоҳӣ, 47 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давр ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1052 муроҷиати шаҳрвандон ворид шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 98 адад кам мебошад.

Баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилоят ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида, масъалаҳои шаҳрвандон ҳаллу фасл карда мешаванд.

Аз муроҷиатҳои воридгардида 917 адад ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замин, сертификати ҳуқуқи истифодабарӣ ва ҷудокунии саҳм вобаста буда, муроҷиатҳои марбут ба гирифтани кӯмаки моддию молиявӣ 581 адад, таъмири роҳ, сохтмон ва алоқа 436, вобаста ба манзил ва баҳси манзил 501, муаммои соҳаҳои маорифу фарҳанг 204, таъминот бо ҷойи корӣ, нафақа, сафари Ҳаҷ ва тандурустӣ 395, иқтисод ва савдо 83, таъминот бо оби нӯшокию полизӣ 184, барои иҷозат ба қабули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ва вобаста ба дигар масъалаҳо 553 адад ба қайд гирифта шудаанд. Муайян карда шуд, ки муроҷиатҳои воридгардида аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 882 адад, Бобоҷон Ғафуров 613, Панҷакент 411, Мастчоҳ 394, Истаравшан 324, Исфара 259, Деваштич 224, Бӯстон 197, Айнӣ 150, Конибодом 140, Ашт 140, Зафаробод 123, Кӯҳистони Мастчоҳ 110, Гулистон 97, Спитамен 87, Ҷаббор Расулов 65, Шаҳристон 53, Истиқлол 46 ва берун аз вилоят 113 адад мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ муроҷиати дастаҷамъона 338 адад ба қайд гирифта шуда, нисбати соли 2018 (444 адад) 106 адад кам мебошад. Аз ҷумла, аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 56 адад, Истаравшан 46, Бобоҷон Ғафуров 37, Мастчоҳ 30, Панҷакент 26, Исфара 25, Деваштич 23, Айнӣ 22, Кӯҳистони Мастчоҳ 13, Бӯстон 11, Ашт 10, Зафаробод 10, Гулистон 7, Ҷаббор Расулов 6, Спитамен 6, Конибодом 5, Шаҳристон 1, Истиқлол 1 ва берун аз вилоят 3 адад мебошанд.

То ин давр 256 муроҷиати такрории шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 16 адад зиёд мебошад. 

Татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи

танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ

Роҷеъ ба татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" корҳои амалию ташкилӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва назоратию санҷишӣ ба иҷро расиданд.

Дар 11 моҳи соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 21141 маъракаю маросим, аз ҷумла 17435 тӯйи домодию арӯсӣ, 2252 маъракаи “чил” ва 1454 маъракаи “сол” баргузор гардиданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ миқдори тӯйи домодию арӯсӣ 413 адад зиёд ва маросими “чил”-у “сол” мутаносибан 162 ва 40 адад кам мебошад. Маблағи харҷи умумӣ барои баргузории ин чорабиниҳо 110,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 3,6 миллион сомонӣ кам шудааст.

Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 66 нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуданд.

Баҳри пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби комиссияҳои муштарак давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 3929 рейд гузаронида шуда, 156 ҳолати вайрон намудани қонунгузории танзим ошкор ва нисбати шахсони қонунвайроннамуда ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Айни ҳол дар қаламрави вилоят дар асоси талаботи қонунгузории соҳа 924 иттиҳодияи динӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, теъдоди масҷидҳои ҷомеи марказӣ 13, масҷиди ҷомеъ 91, панҷвақта 803 ва иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ 17 ададро ташкил медиҳад.

 Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344

“Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет”

Бо мақсади татбиқи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят лоиҳаи “Автоматизатсиякунонии ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он барномаи махсус ва системаи дохилӣ иборат аз 22 нуқта бо ду сервер насб гардид. Ҳамаи нуқтаҳо бо интернети баландсуръат пайваст мебошанд. Байни аксари раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути шабакаи “ҳукумати электронӣ” табодули иттилоот зина ба зина ба роҳ монда шуда истодааст.

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (www.sugd.tj) ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд – www.khujand.tj, Гулистон – www.guliston.tj, Бӯстон – www.buston.tj, Спитамен – www.spitamen.tj, Конибодом – www.konibodom.tj, Ҷаббор Расулов – www.jabborrasulov.tj, Бобоҷон Ғафуров – www.gafurov.tj, Мастчоҳ – www.mastchoh.tj, Ашт – www.mihdasht.tj, Истаравшан – www.mihdistaravshan.tj, Шаҳристон – www.shahriston.tj, Панҷакент – www.panjakent.tj, Истиқлол - www.mihd-istiqlol.tj, Исфара – www.isfara.tj, Кӯҳистони Мастчоҳ - www.kuhistoni-maschoh.tj, Зафаробод – mihdzafarobod.tj, Айнӣ – www.ayni.tj ва Деваштич - www.devashtich.tj бо истифода аз домени “tj” мавриди истифодаи васеъ қарор дошта, робитаи мустақимро бо шаҳрвандон ба роҳ мондаанд.

Ҳамасола барои нигоҳдории сомонаи расмӣ дар буҷети шаҳру ноҳияҳо дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок пешбинӣ карда мешаванд.

Ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

Дар 11 моҳи соли 2019 дар вилоят миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда 5921 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018-ум 328 адад ё 5,86 фоиз зиёд мебошад.

Нисбат ба ҳамин даври соли гузашта содиршавии ҷиноятҳои вазнин 140 адад (17,4 фоиз), таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 2 адад (22,2 фоиз), одамкушии барқасдона ва сӯиқасд ба он 2 адад (7,1 фоиз), қаллобӣ 252 адад (28,4 фоиз), расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ 17 адад (32,7 фоиз), ғоратгарӣ 7 адад (24,1 фоиз), ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, харидан ва сохтани яроқ 5 адад (55,6 фоиз) кам ба қайд гирифта шудааст.

Содиршавии ҷиноят аз тарафи шахсони доғи судидошта 81 адад (50,3 фоиз), ҷиноятҳои содиргашта вобаста ба дигар хизматҳо 25 адад (2,8 фоиз), дар ҳолати мастӣ 3 адад (2,5 фоиз), дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиргашта 5 адад (1,6 фоиз), авбошӣ 8 адад (2,9 фоиз), дуздӣ 168 адад (17,3 фоиз), роҳзанӣ 1 адад (25,0 фоиз) ва ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо содиршуда 7 адад (4,0 фоиз) зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилоят, дар 11 моҳи соли 2019 дар вилоят содиршавии 249 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин даври соли сипаришуда 14 ҳодиса зиёд мебошад.

Аз миқдори умумии ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он, ки дар 11 моҳи соли 2019 ба қайд гирифта шудааст, 148 нафарро мардон, аз ҷумла 21 нафар ноболиғ ва 101 нафарро занҳо, аз ҷумла 18 нафар ноболиғ ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии даст ба худкушӣ задагон 212 нафар бо роҳи доркашӣ, 9 нафар бо роҳи заҳролудшавӣ, 4 нафар бо истифода аз яроқи сард ва оташфишон, 17 нафар бо роҳи ғарқнамоӣ, 2 нафар бо роҳи худсӯзӣ ва 5 нафар бо дигар намудҳо худро ба ҳалокат расонидаанд.

Аз миқдори умумии даст ба худкушӣ задагон 43 нафар бо сабаби касалиҳои руҳӣ, 6 нафар бо сабаби сатҳи пасти зиндагӣ, 24 нафар бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ, 15 нафар бо дигар сабабҳо ва 62 нафар бо сабабҳои номуайян мебошад.

Нақшаи даъват ба сафи Артиши миллӣ дар соли 2019 барои даъвати баҳорӣ 2422 нафар ва даъвати тирамоҳӣ 2736 нафар муайян шуда, амалан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ 2441 нафар ва даъвати тирамоҳӣ 2738 нафар сафарбар гардидаанд, ки мутаносибан баробари 100,8 ва 100,1 фоизи нақша мебошад.

Имрӯз дар ҷомеа фазои созгори маънавӣҳукмфармо аст. Мардуми шукргузору сарбаланди вилоят ба қатъияти том сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дастгирӣ намуда, ба бунёдкориву созандагӣ машғул мебошанд. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки нисбати ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои номатлуб муҳити оштинопазир фароҳам гардад ва дар ин замина тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар руҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ густариш ёбад. Маҳз, аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даври ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Share