Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2018

( 0 Овоз )

{jathumbnail off}

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон бобати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар даври ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фароҳам овардани ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва барқарор намудани ҷойҳои кории барҳамдодашуда, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии минтақа, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода шуд.

Рафти иҷрои қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар даври ҳисоботӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 17 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 Амр, 84 қарор ва 12 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, таҳти корбарӣ ва назорати махсус қарор дода шуданд ва мувофиқи муҳлатҳои муқарраргардида оид ба рафти иҷрои ин санадҳо ахбор пешниҳод гардид.

Дар ин давр ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 973 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

Дар натиҷаи ташкили назорати иҷро ва корбарӣ бо супоришҳои мазкур ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор ирсол карда шуд.

Вазъи иҷрои буҷет

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 104,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1920,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (1844,9 миллион сомонӣ) 75,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давр ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1492,8 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1561,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 4,6 фоиз ё ин, ки 68,8 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ 1507,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1503,6 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,7 фоизи нақша мебошад.

Дар моҳҳои январ – ноябри соли ҷорӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамагӣ 637,1 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 43,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба аввали сол 17,5 миллион сомонӣ коҳиш ёфта, ба санаи 1 ноябри соли 2018 ба 110,9 миллион сомонӣ баробар шудааст. Аз ҷумла, бақияи қарзи андози иҷтимоӣ дар ин давр 39,1 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 2,6 миллион сомонӣ кам мебошад.

Талаботи нафақа дар ин давр 657,6 миллион сомонӣ ва шумораи умумии нафақагирон 220064 нафарро ташкил додааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ин давр ба 296,97 сомонӣ баробар шудааст.

Маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт таъмин гардида, қарзи музди меҳнат дар даври ҳисоботӣ вуҷуд надорад.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Дар даври ҳисоботӣ баҳри беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ҳаҷми гардиши моли чакана 9838,1 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3163,3 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли 2017 мутаносибан 115 фоиз ва 100,9 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 1853,2 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 1337,8 миллион ва содирот 515,4 миллион доллари ИМА баробар шуд. Дар сохтори воридоту содирот тағйиротҳои мусбат ба назар мерасанд. Аз ҷумла, суръати афзоиши содирот нисбат ба воридот зиёд шуда, мутаносибан 114,5 ва 94,3 фоизро ташкил намудааст. Нишондиҳандаи мусбати содирот асосан аз ҳисоби содироти маъдан ва консентрат, семент, нахи пахта ва либосворӣ таъмин гардидааст.

Комёбии назаррас дар самти содирот ба фурӯш баровардани семент ба бозорҳои беруна мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ба миқдори 435 ҳазор тонна семент ба маблағи 20,2 миллион доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017 мутаносибан 201,1 ҳазор тонна ва 10,5 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

Ҳаҷми содироти маъдан дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 369,3 миллион доллари ИМА баробар шуда, дар маҷмӯъ 317,8 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба содирот бароварда шудааст. Ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори содирот 71,7 фоизро ташкил додааст.

Инчунин, дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ба маблағи 9,5 миллион доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 4,5 миллион доллари ИМА ба миқдори 18668 тонна хушкмева ва ба маблағи 3,4 миллион доллари ИМА ба миқдори 75809 тонна пиёз ба бозорҳои беруна бароварда шудааст.

Ҳамзамон, воридоти намудҳои маҳсулоте, ки имконияти истеҳсолашон дар дохили кишвар мавҷуд мебошад, тадриҷан коҳиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, воридоти орд, равғани растанӣ ва гӯшти мурғ нисбат ба ёздаҳ моҳи соли сипарӣ мутаносибан 10308 тонна, 19987 тонна ва 5497 тонна кам шуда, дар даври ҳисоботӣ ба миқдори 42748 тонна орд, 60566 тонна равғани растанӣ ва 3484 тонна гӯшти мурғ ворид гардидааст. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” истеҳсоли ин намудҳои маҳсулот дар дохили вилоят афзоиш ёфта истодааст.

Вазъи хусусигардонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2016-2020” ва бобати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ мунтазам корбарӣ намуда истодааст.

Дар шароити муосир ҷалб намудани сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт омили асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Бо фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ ба иқтисодиёти вилоят дар моҳҳои январ - ноябри соли 2018 ба маблағи 273,8 миллион доллари ИМА сармоягузории дохилию хориҷӣ ҷалб гардида, дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин даври соли 2017 суръати афзоиш 133,4 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, дар ҳаҷми 21,8 миллион доллари ИМА сармоягузориҳои дохилӣ ва 252 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят равона карда шуд.

Афзоиши воридоти сармоя нисбат ба ҳамин даври соли гузашта асосан аз ҳисоби ворид шудани сармояи мустақим ба ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» ба маблағи 124,5 миллион доллари ИМА, ҶСП «Бонки Эсхата» 20,8 миллион доллар, ҶДММ ТАҚХ «Имон Интернешнл» 18,5 миллион доллар, ҶДММ ТАҚХ «Арванд» 6,5 миллион доллар, Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Исфара 8,9 миллион доллар, ҶДММ «Қолинҳои Суғд» 2,2 миллион доллар, ҶДММ “Алфапет” 1 миллион доллар, ҶДММ “Ясин МС - Суғд” 403,5 ҳазор доллар ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 250 ҳазор доллари ИМА таъмин гардид.

Дар қаламрави вилоят айни ҳол 25 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ шуда истодааст. Аз аввали татбиқи ин лоиҳаҳо 362,3 миллион доллари ИМА маблағ аз худ карда шуда, дар моҳҳои январ - ноябри соли равон ин рақам ба 54,2 миллион доллари ИМА баробар шуд. Вобаста ба вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба масъалаи беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Вазъи соҳаи кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар даври ҳисоботӣ кишоварзони вилоят барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 7476,9 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 107,6 фоиз таъмин гардид.

Бобати таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои кишт барои ҳосили соли 2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 272521,4 гектар замин кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 227976,3 гектар ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44545,1 гектар ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ майдони кишти зироатҳои тирамоҳӣ 31062 гектар ва баҳорӣ 181230 гектарро ташкил намуда, нақшаи дурнамои кишти баҳорӣ 98,5 фоиз иҷро гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати роҳандозӣ намудани кишти зироатҳои ба содирот нигаронидашуда корҳои назаррас ба сомон расонида, дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз ҳисоби кам кардани майдони кишти ғалладонагиҳо, полезиҳо ва хӯроки чорво майдони кишти пахта, сабзавот ва картошка зиёд карда шуд.

Ҳамагӣ дар майдони 112695,7 гектар ғалладонагиҳо (бе ҷуворимаккаи дон) кишт гардид, ки аз он 44893 гектарро кишти гандум ташкил медиҳад. Дар ин давр ба майдони 57193,6 гектар пахта кишт карда шуд, ки нисбат ба соли сипарӣ 6428,2 гектар зиёд мебошад.

Соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 20994,7 гектар кишти картошка гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 4932 гектар зиёд мебошад.

Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 17840,3 гектар гузаронида, нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 1651,3 гектар зиёд гардид. Гузаронидани кишти такрорӣ дар майдони 15600 гектар ба нақша гирифта, амалан дар майдони 14779 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки баробари 94,7 фоизи нақша мебошад. Гарчанде ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи имсола 821 гектар кам бошад ҳам, нисбат ба соли қаблӣ 64 гектар зиёд мебошад.

Дар даври ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 508,8 ҳазор тонна, картошка 416 ҳазор тонна, мевагиҳо 135,1 ҳазор тонна, ангур 61,2 ҳазор тонна, гӯшт 39,9 ҳазор тонна, шир 234 ҳазор тонна, тухм 194,0 миллион дона, пашм 1511,7 тонна ва асал 1360,7 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017 сабзавот 52,8 ҳазор тонна, картошка 94,7 ҳазор тонна, мевагиҳо 15,4 ҳазор тонна, ангур 6,3 ҳазор тонна, гӯшт 2,2 ҳазор тонна, шир 7,5 ҳазор тонна, тухм 49,8 миллион дона, пашм 49,4 тонна ва асал 20,6 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли ғалладонагиҳо 268,6 ҳазор тонна ва маҳсулоти полезӣ 112,2 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта, нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ мутаносибан 34,6 ҳазор тонна ва 18,1 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст, ки сабаби асосии он кам шудани майдони кишт мебошад.

Пахтакорони вилоят дар ин давр ба миқдори 112505 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 112,5 фоизи дурнамои истеҳсоли пахтаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи қарори Раиси вилоят аз 8 феврали соли 2016, № 70 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» дар соли 2018 бунёди 252 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта, то ин давр 794 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки аз нақшаи дурнамо 3,1 баробар зиёд мебошад. Аз ин миқдор майдони боғоти нав 736 гектар ва токзори нав 58 гектарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади омӯзонидани риояи қоидаҳои агротехникӣ ва таъмини муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз таъсири ҳашароти зараррасон ва ҳар гуна касалиҳо ба масъалаи таъсиси марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ба ҳолати 1 декабри соли 2018 шумораи ин марказҳо ба 916 расонида шуд. Аз ҷумла, 535 маркази хизматрасонии техникӣ, 110 нуқтаи маслиҳатдиҳӣ ва 254 мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, тухмию нуриҳои минералӣ ба кишоварзони вилоят хизмат расонида истодаанд.

Дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №727 “Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” ва баҳри таъмини бозори истеъмолии вилоят бо маҳсулоти худии аълосифат дар даври тирамоҳу зимистони имсола, баҳри бунёди сардхонаҳои нав ва таъмиру тармими яхдонҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 сардхона бо иқтидори умумии 6870 тонна фаъолият дошта, барои мавсими тирамоҳу зимистони имсола 3405 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 1000 тонна зиёд мебошад.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо сабзавоти тару тоза дар даври зимистону аввали баҳор барои истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ карда, дар ин давр аз 378 гармхонаи мавҷуда фаъолияти 369 адади он ба роҳ монда шуд, ки аз он 185 - тоаш гармхонаи навъи хитоӣ мебошад. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 18,96 гектар расонида шуд, ки аз он 11,36 гектар помидор, 5,37 гектар бодиринг ва 2,23 гектар дигар зироатҳо мебошад. Илова бар ин, майдони дарахти лимӯ ба 9,18 гектар расонида шуд. Маъракаи ҳосилғундорӣ аз гармхонаҳо оғоз гардида, ба санаи 1 декабри соли равон 10,3 тонна сабзавоти тару тоза ҷамъоварӣ гардид. Аз ҷумла, ҳосили рӯёнидашудаи помидор 3,3 тонна, бодиринг 3,6 тонна ва дигар сабзавот 3,4 тоннаро ташкил намуда, аз дарахтони лимӯ 22,8 тонна ҳосили аълосифат гирифта шуд.

Дар соли 2018 аз ҳисоби буҷети вилоят барои омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон ба мавсими киштукор ба ноҳияҳои Мастчоҳ 300 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 1 миллион сомонӣ ва Ашт 400 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 1,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Илова бар ин, ба ноҳияи Мастчоҳ барои иваз намудани 200 метр қубури баландфишори пойгоҳи обкашии Янтоқ - 2 - юм 250 ҳазор сомонӣ ва барои харидории 2 муҳаррики барқӣ барои пойгоҳи обкашии Дилварзин - 2 - юм 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Тибқи нақша дар соли 2018 барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5496 гектар замин 5093 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, то ин давр бо сарфи 2782 ҳазор сомонӣ маблағ ҳолати мелиоративии 4908,5 гектар замин беҳтар карда шуд, ки баробари 89,3 фоизи нақшаи солона мебошад. Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо тамоман маблағ ҷудо нашудааст, гарчанде аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллии шаҳрҳои Исфара 270 ҳазор сомонӣ ва Конибодом 324 ҳазор сомонӣ маблағ барои ин мақсад пешбинӣ гардидааст.

Вазъи соҳаҳои саноат ва энергетика

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади тавсеаи нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёти вилоят - соҳаи саноат бо мақсади вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротии вилоят тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷа рушди босуръати соҳа таъмин гардида, саҳми он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ тадриҷан зиёд шуда истодааст. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар моҳҳои январ - сентябри соли 2018 ба 12766,2 миллион сомонӣ расонида, ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 32,1 фоизро ташкил дод.

Ҳиссаи соҳаи саноати вилоят дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ хеле назаррас буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ - ноябри соли 2018 ба 10300,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки баробари 108,7 фоизи ҳамин даври соли сипарӣ мебошад. Дар даври ҳисоботӣ аз 616 корхонаи саноатӣ 364 корхона, ё ки 59,1 фоиз афзоиши ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ таъмин намуда, 162 корхона ё 26,3 фоиз ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба соли қаблӣ кам намуданд ва 90 корхона ё 14,6 фоиз тамоман фаъолият накарданд.

Сабабҳои фаъолият накардану ақибмонии корхонаҳои саноатӣ нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, ба рақобат тобовар набудани маҳсулоти истеҳсолшуда мебошанд.

Истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин даври соли 2017 барзиёд таъмин карда шуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои муассир дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда натиҷаҳои назаррас ба даст омад. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ - ноябри соли 2018 истеҳсоли орд ба 228,3 ҳазор тонна, равғани растанӣ ба 3401,4 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ ба 63,7 ҳазор тонна ва нӯшокиҳои беспирт ба 4,7 миллион декалитр расонида шуд. Истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба теъдоди 390765 адад таъмин гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 113164 адад зиёд мебошад.

Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррасанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 17 миллион қуттии шартӣ баробар шуда, суръати афзоиш 102,8 фоиз таъмин гардид. Истеҳсоли ангиштсанг нисбат ба соли гузашта 150 ҳазор тонна афзуда, дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 1,6 миллион тонна расонида шуд.

Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 170 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо 4915 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон 67 корхонаву коргоҳ, дар соҳаҳои саноати сабук 38, хӯрокворӣ 49, кимиё ва коркарди нафт 6, мошинсозӣ, коркарди фулузот ва электротехника 5, металлҳои ранга 3 ва сӯзишворӣ 2 корхона бунёд карда мешавад.

Дар соли 2018 ба истифода додани 88 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1613 ҷойи нави корӣ назардошт шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми ёздаҳ моҳи соли 2018 дар миқёси вилоят 88 корхонаву коргоҳи нав бо 1406 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Мувофиқи маълумоти фаврӣ дар 11 моҳи соли равон дар вилоят 3,8 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ба маблағи 683,2 миллион сомонӣ истифода гардида, 596,4 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки 87,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 224,1 миллион сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 215,4 миллион сомонӣ ё 96,1 фоизро ташкил намудааст.

Дар доираи иҷрои яке аз ҳадафҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия мунтазам корбарӣ гардида, маданияти истифодаи сарфакоронаи энергияи барқӣ пайваста тарғибу ташвиқ карда мешавад. Тадбирҳои андешидашуда имконият доданд, ки новобаста аз зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва ташкилотҳои иҷтимоию истеҳсолӣ ба қувваи барқ сатҳи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда беҳтар гардад.

Мавриди зикр аст, ки санаи 16 ноябри соли равон маросими баистифодадиҳии агрегати нахустини Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонон аз давлатҳои дӯсту бародар баргузор шуд ва ҷумҳурии азизамон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ боз ҳам наздиктар гардид.

Вазъи соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ

Дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 521,2 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давр дар ҳаҷми 1223,5 миллион сомонӣ иҷро гардид. Илова бар ин, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 1071,4 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 426 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ ба итмом расонида шуданд. Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 429,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта дар сатҳи 106,9 фоиз таъмин карда шуд. Аз ҷумла, 1766 ҷой барои талабагон дар мактабҳо, 960 ҷой барои кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва 55 кат дар беморхонаҳо таъсис ёфтанд.

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар арафаи Рӯзи Конститутсия дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Гулистон ва Ҷаббор Расулов боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми вилоят гардид. Дар ҷараёни сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилоят Сарвари давлат ба фаъолияти як зумра иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент бинои Маркази ҷавонон, муҷассамаи Лоиқ Шералӣ, маркази савдои “Ҳумо”, кӯдакистон барои 200 ҷой ва варзишгоҳи марказии шаҳр мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар шаҳри Хуҷанд меҳмонхонаи замонавии “Парламент”, маҷмааи хонаҳои баландошёна ва боғчаи бачагона дар маҳаллаи “Суғдиён”, кӯдакистон барои 240 ҷой дар маҳаллаи 34 - уми шаҳр, гимназияи №1 барои 640 хонанда, бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилоят, коргоҳи истеҳсолии “Арча - мебел” ва коргоҳи истеҳсоли маснуоти металлопластикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ ёфтанд.

Дар ин радиф муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, зимни сафар ба шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз рӯи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бардошта, бинои маъмурии прокуратураи шаҳрро ифтитоҳ бахшиданд. Ҳамзамон, бо ташрифи Сарвари давлат ва иштироки 10000 нафар аз ҷумлаи фаъолони вилоят ва шаҳри Конибодом дар варзишгоҳи таҷдидшудаи марказии шаҳр чорабинии идона ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи амалӣ намудани сиёсати давлатӣ баҳри бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат, ки ба хотири истиқлолу озодии Ватан хизмати фидокорона намудаанд, Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Бӯстон баъди азнавсозӣ ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ номгузорӣ карда, муҷассамаи устод бо тарҳи хеле зебои меъмории миллӣ гузошта шуд. Ҳамзамон, дар шаҳри Бӯстон майдони Парчами давлатӣ ва бинои нозироти андоз мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар шаҳри Гулистон бинои меҳмонхона барои 70 ҷой дар осоишгоҳи “Баҳористон” ва бинои дуошёнаи мактаби санъат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қитъаи роҳи автомобилгарди “Деҳмой - Пролетар - Маданият” бо дарозии 16,9 километр пас аз таҷдид ба истифода дода шуд. Инчунин, дар маркази ноҳия майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯдакистони хусусӣ барои 240 ҷой бо иштироки Президенти мамлакат ва фаъолони ноҳия ифтитоҳ ёфт. Ҳамзамон, Сарвари давлат ба фаъолияти сехи қолинбофӣ ва коргоҳи дӯзандагии бунёднамудаи соҳибкори маҳаллӣ аз Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар радифи иншоотҳои иҷтимоӣ бо дуои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти системаи обёрии мошинии “Қизилӣ” пас аз таҷдид мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ ва обёрӣ намудани зиёда аз 4 ҳазор гектар заминҳои шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарорҳои Раиси вилоят аз 21 феврали соли 2018, №51 “Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 6000 иншоот, аз ҷумла 299 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 92 муассисаи томактабӣ, 54 қасри фарҳанг, 32 боғи фарҳангию фароғатӣ, 20 гулгашт, 35 китобхона, 37 беморхона, 94 бунгоҳи тиббӣ, 79 маркази тиббӣ, 10 таваллудхона, 105 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 50 дорухона, 249 сартарошхона, 144 ҳаммом, 203 кошонаи ҳусн, 267 маркази савдо, 329 маркази хизматрасонӣ, 122 толор ва 285 майдончаи варзишӣ, 78 майдончаи бозии кӯдакон, 41 меҳмонхона, 170 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва зиёда аз 3200 дигар иншоот пешбинӣ гардидааст.

Амалисозии нақшаҳои тарҳрезишуда бомаром идома дошта, дар моҳҳои январ - ноябри соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, кумитаи падару модарони муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ наздик 1000 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бо бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ қишрҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонашин бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд ва ин тадбирҳо барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоии деҳоти шаҳру ноҳияҳо то як андоза мусоидат намуданд.

Вазъи соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия

Дар натиҷаи татбиқи саривақтии вазифаҳои муайян ва истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда муяссар шуд, ки рушди бонизоми соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия таъмин гардад.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 тавассути маҷмӯи нақлиёт 24,7 миллион тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 164,9 миллион нафар мусофир кашонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли 2017 мутаносибан ба 101,8 фоиз ва 103,8 фоиз баробар шуд. Аз ҷумла, тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёти автомобилӣ 21,4 миллион тонна бор ва 164,7 миллион нафар мусофир кашонида шуда, суръати афзоиш дар ин самт мутаносибан 102,5 фоиз ва 103,8 фоизро ташкил намуд. Тавассути роҳи оҳан 3319 ҳазор тонна борҳои гуногун ва 41,5 ҳазор нафар ва аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ умуман 175,3 ҳазор нафар мусофир кашонида шуд. Дарозии умумии роҳҳои вилоят 8179,9 километр буда, аз он 737 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 413,8 километр ҷумҳуриявӣ, 6784,6 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 244,5 километр роҳҳои тавозунашон номаълум мебошад.

Дар соли 2018 таъмиру тармими 2025,3 километр роҳҳо ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 104,5 километр таъмири асосӣ, 867,2 километр таъмири ҷорӣ ва 1053,6 километр шағалпӯш мебошад.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ тибқи нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 1844,2 километр роҳҳо аз таъмир бароварда шуданд, ки аз он 147,3 километр ё 141 фоиз таъмири асосӣ, 800,1 километр ё 92,3 фоиз таъмири ҷорӣ ва 896,8 километр ё 85,1 фоиз шағалпӯш шудааст.

Маблағи умумии барои иҷрои нақшаи соли 2018 пешбинигардида 91,3 миллион сомониро ташкил намуда, дар даври ҳисоботӣ барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 100,1 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст, ки баробари 109,6 фоизи нақша мебошад.

Барои иҷрои нақшаҳои пешбинигардида, аз ҷумла аз таъмири ҷорию асосӣ баровардани роҳҳои қаламрави вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят дар маҷмӯъ 44,1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Шаҳристон, Мастчоҳ, Ашт, Панҷакент, Хуҷанд, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров дар маҷмӯъ 59,2 километр роҳҳо, аз он 50 километр аз таъмири асосӣ ва 9,2 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Аз буҷети шаҳру ноҳияҳо барои таъмири роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта 8645 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Бо мақсади беҳтар гардонидани ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард аз ҷониби Дирексияи сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14,8 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Инчунин, аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо 10275,8 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби соҳибкорон 9381,2 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 10507,1 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Вазъи соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг

Таъмини рушди бонизоми соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб меёбад.

Соли таҳсили 2018 - 2019 дар вилоят 928 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 55 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 798 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 32 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб - кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб - интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳо 533692 нафар, аз ҷумла 260675 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2017 - 2018 теъдоди муассисаҳои таълимӣ 5 адад ва шумораи хонандагон 15980 нафар зиёд мебошад.

Дар ин давр дар вилоят 9 муассисаи таълимии нав, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Истаравшан 2 ададӣ, Бӯстон, Деваштич, Исфара, Панҷакент ва Хуҷанд 1 ададӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳамзамон, дар шаҳри Панҷакент 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ якҷоя карда шуда, дар шаҳри Хуҷанд 1 гимназияи хусусии забонҳо фаъолияташро қатъ намудааст.

Шумораи омӯзгорони вилоят 38184 нафар буда, аз онҳо 30437 нафар бо таҳсилоти олӣ, 2076 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 5671 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Дар ин давр, шумораи омӯзгорони маълумоти олидошта зиёд гардида, ба 79,7 фоизи шумораи умумии омӯзгорон баробар шудааст.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудани Нақшаи ислоҳоти соҳаи маориф, Барномаҳои давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шакли нави идора ва маблағгузории сарикасӣ натиҷаҳои хуб доданд.

Барои рушди соҳаи маориф дар ёздаҳ моҳи соли 2018, дар маҷмӯъ 698,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 48,1 миллион сомонӣ ё 7,4 фоиз зиёд мебошад.

Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят дар соли хониши 2018 - 2019 - ум 726 нафар муайян шуда, дархост барои тақсимоти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар ин замина, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 1323 нафар омӯзгори ҷавон ба ҷойи кор фиристонида шуда, аз онҳо 851 нафар ҳозир шуданд.

Дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд барои солҳои хониши 2018 - 2022” соли 2018 ба муассисаҳои таълимӣ дастрас намудани 2881 компютер ва 153 тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 1157 компютер ва 139 тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст, ки мутаносибан 32,0 фоиз ва 90,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Алҳол, дар 1092 синфхонаи компютерӣ 17055 компютер ва 2692 принтер мавҷуд буда, 337 тахтаи электронӣ ва 524 проектор мавриди истифода қарор доранд.

Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 - уми ноябри соли 2017, № 544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 -2020» дар соли 2018 таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят бо кабинет ва озмоишгоҳҳои фанни физика 23 адад, химия 21, биология 21, география 5, математика 6, технологияҳои иттилоотонӣ 6, суруд ва мусиқӣ 18, дар маҷмӯъ 94 адад пешбинӣ шудааст.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Спитамен ва Хуҷанд нақшаи пешбининамудаи Барнома пурра иҷро гардида, 75 кабинети таълимӣ ташкил шуданд. Дар боқимонда шаҳру ноҳияҳо корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 19722 нафар хатмкунандаи соли хониши 2017-2018 ва 3122 нафар хатмкунандаи солҳои пешин ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, 16302 нафар сазовори унвони донишҷӯ шуданд. Ба муассисаҳои таълимии хориҷӣ 1565 нафар, аз ҷумла Федератсияи Россия 1447 нафар дохил шуданд. Илова бар ин, тариқи квотаи Президентӣ 301 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул шуданд. Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ 18168 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ роҳхат гирифтанд, ки баробари 52 фоизи шумораи умумии хатмкунандагон мебошад.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2018 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 260 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 200 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 14 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 46 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 41421 нафар кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд. Нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11 адад афзудааст.

Бо назардошти вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва мавҷуд будани таҳдидҳои беруна таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди соҳаи фарҳанг бештар гардида, тамоми захираву имкониятҳои соҳа ба таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиёд намудани сафи ҷавонону наврасони ватандӯсту худогоҳ равона шуданд.

Ҳамзамон, дар ин давр бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҳамгироии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги оламшумули миллати сарбаланди тоҷик корҳои назаррас ба анҷом расидаанд.

Барои таъмини саривақтӣ ва сифатноки нишондодҳои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг маблағгузории соҳа сол аз сол зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, дар 11 моҳи соли 2018 барои соҳаҳои фарҳанг ва варзиши вилоят 170,1 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардиданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 22,4 миллион сомонӣ ё 11,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар даври ҳисоботӣ таҷлили ҷашнҳо ва санаҳои таърихӣ, аз қабили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Ғалаба, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати ифтитоҳи агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар сатҳи баланд доир ва барномаю чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор шуданд.

Вазъи соҳаҳои тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Дар вилоят 1118 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 165 муассисаи сохтори госпиталӣ, аз он 33 муассисаи сохтори госпиталии хусусӣ, 660 муассисаи сохтори КАТС, 158 муассисаи махсусгардонидашуда ва 167 муассисаи ғайригоспиталии хусусӣ фаъолият доранд.

Ба аҳолии вилоят 5025 нафар табиб ва 16659 нафар корманди миёнаи тиб хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббӣ афзалияти асосӣ маҳсуб ёфта, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо норасоии мутахассисони соҳаҳои беҳискунӣ ва наҷоти ҳаёт, силшиносӣ, ташхиси шуоӣ, рӯҳшиносӣ, тибби оилавӣ ва сироятшиносӣ эҳсос мегардад.

Фаъолияти хусусии тиббӣ ва танзими он дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» амалӣ гардида истодааст. Дар миқёси вилоят 200 муассисаи тибби хусусӣ ва 61 филиали муассисаи хусусии тиббӣ фаъолият бурда истодаанд.

Раванди ин сиёсат имконият фароҳам овардааст, ки рақобати солим байни муассисаҳои табобатӣ ба вуҷуд омада, ҷойҳои нави корӣ муҳайё, технологияи нави муосири тиббӣ ворид карда шуда, мизоҷон барои солимгардонии худ муассисаҳои тиббии дилхоҳашонро интихоб намоянд.

Новобаста аз рушди бемайлони соҳаи тибби хусусӣ, маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст. Дар 11 моҳи соли 2018 ба соҳаи тандурустӣ 342,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 24,9 миллион сомонӣ ё 7,8 фоиз зиёд мебошад.

Баҳри бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ сохтмон, таъмир ва азнавсозии 458 иншооти соҳа ба маблағи 208,05 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ сохтмони бинои нави шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон, сохтмони 10 бинои нави марказҳои саломатии деҳот дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Деваштич, сохтмони 19 бунгоҳи саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ ва Ашт ба итмом расонида шуд. Илова бар ин, дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан ва Ашт марказҳои тибби хусусӣ ба истифода дода шуданд.

Бо мақсади бештар ҷалб намудани занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», ба масъалаҳои омӯзиши касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият намуда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳмгузоранд. Аз шумораи зиёда аз 1,3 миллион нафар занону духтарони вилоят 6733 нафарашон занони роҳбар ва 1267 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд.

Алҳол, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 99 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 536 нафар вакили Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот интихоб гардидаанд. Дар вилоят 6 нафар зан дорои унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, 236 қаҳрамонмодар, 561 нафар сазовори ордену медалҳо, 153 барандаи унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 51 дорандаи Медали хизмати шоиста, 20 нафар доктори илм, 308 нафар номзади илм ва 139 нафар варзишгари номдор мебошанд.

Дар вилоят 46 нафар гирандаи Стипендияи Президентӣ, 97 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят аз ҳисоби занону ҷавондухтарони болаёқату фаъол мебошанд.

Боиси хушнудист, ки ҷавондухтарони деҳоти дурдаст, бахусус аз оилаҳои камбизоат таҳти ғамхориву сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, ҳамасола барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ Квота ҷудо мешавад. Дар соли 2017 аз шумораи умумии 16180 нафар донишҷӯдухтари вилоят ба 523 нафар барои таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ тариқи Квотаи Президентӣ роҳхат дода шуд. Дар соли хониши 2018 - 2019 низ барои вилояти Суғд 301 квота ҷудо гардидааст, ки аз он 154 квота барои духтарон мебошад.

Бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳои миллӣ дар соли 2018 - ум 60 гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, барои дарёфти грант 186 лоиҳаи дархостӣ пешниҳод шуданд ва 60 нафар бонуи сазовор соҳиби грант дониста шуданд.

Таҷлили Рӯзи модар, Рӯзи байналмилалии оила, озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ», Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» ва дигар озмунҳо ба ҳукми анъана даромадааст ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳангии занону духтарон мусоидат менамояд.

Вазъи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” ҳамчунин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Шумораи умумии ҷавонони вилоят 824200 нафарро ташкил намуда, аз онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда 664 нафар, ба ҳайси вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 61 нафар ва вакилони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 306 нафар фаъолият доранд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Айни ҳол, дар миқёси вилоят наздик 2500 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 45 варзишгоҳ, 1682 майдончаи варзишӣ, 541 толор, 31 ҳавзи шиноварӣ ва 179 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Аз ҷумла, дар ёздаҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 толори варзишӣ, 75 майдончаи варзишӣ, 7 майдонча барои бозии кӯдакон, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ, дар маҷмӯъ 103 иншооти гуногуни варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Барои ин мақсад аз буҷети маҳаллӣ 10353,5 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 22714 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст.

Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар миқёси вилоят дар даври ҳисоботӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 1093 мусобиқа бо фарогирии 181087 нафар ҷавон, аз ҷумла 62822 нафар бонувон гузаронида шуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқаҳои вилоятӣ дастаи варзишгарони вилоят дар ҳайати 3887 нафар, аз ҷумла 677 нафар ҷавондухтар барои иштирок дар мусобиқаҳои мухталифи ҷумҳуриявию байналмилалӣ таъсис дода шуда, онҳо дар 113 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 714 медали тилло, 665 медали нуқра ва 847 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин, ҳайати 297 - нафараи варзишгарони вилоят, аз ҷумла 29 нафар бонувон дар 52 мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 52 медали тилло, 31 медали нуқра ва 55 медали биринҷӣ шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон, алалхусус сарбозону аскарон ба варзиш дар ҳудуди вилоят мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш бо ҷалби наврасону ҷавонон бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардиданд.

Вазъи соҳаи сайёҳӣ

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, барои таъмини рушди бемайлони соҳа як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Тартиби нави додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ яке аз тадбирҳои калидӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ арзёбӣ мегардад.

Рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандонашон раводидро бо расмиёти соддакардашуда дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон гирифта метавонанд, аз 68 то 78 мамлакат боло рафт. Ҳамзамон, бо 15 давлати дунё тартиби бидуни раводид амал мекунад. Аз моҳи июни соли 2016 тартиби нави электронии раводид бо мақсади таъмини ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат оғоз гардид. Ҷуғрофияи ташрифоти сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ васеъ гашта, агар дар соли 2015 сайёҳон аз 59 давлат ташриф оварда бошанд, дар соли 2018 ин рақам ба 109 расид.

Ҳоло дар вилояти Суғд 25 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 5, Панҷакент 14, Истаравшан 2, Айнӣ 2 ва Бобоҷон Ғафуров 1 ширкат фаъолият мебаранд. Илова бар ин, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ва Шӯрои рушди сайёҳӣ фаъолият доранд.

Дар ин давр 4 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Панҷакент 2 ва Хуҷанду Истаравшан 1 ширкати сайёҳӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҷониби 4 ширкат аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Панҷакент ва Исфара барои гирифтани иҷозатнома ба Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шудаанд.

Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 60 меҳмонхона бо иқтидори зиёда аз 2000 ҷой, 13 осоишгоҳ бо иқтидори 2218 ҷой, 26 осорхона ва мавзеъҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.

Рушди саёҳати экологӣ дар вилоят, пеш аз ҳама аз захираҳои табиӣ ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои дурдаст вобастагӣ дорад.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ саёҳати экологӣ дар 10 соли охир байни сайёҳон бештар маъруфият пайдо карда, яке аз намудҳои устувори рушд дар мамлакатҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.

Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзараҳо, обҳои мусаффо, кӯлҳо ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғҳо, наботот, ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд.

Иқтидори иқтисодии саёҳати экологӣ бемаҳдуд аст, вале барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок зарур аст. Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои саёҳати экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гӯшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон таъмин шавад.

Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», “Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 Дар бораи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020” ва нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани он дар вилояти Суғд солҳои охир сохта, ба истифода додани як зумра иншооти муҳими туристӣ аз ҷониби давлат ва соҳибкорон, ба монанди осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайраҳо асос барои рушди минбаъдаи соҳа мебошад.

Аз ҷумла, Осоишгоҳи «Баҳористон», Маркази истироҳатии солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» дар шаҳри Гулистон, Маркази истироҳатии солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ба номи “20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, осоишгоҳи Авис–сити дар шаҳри Истаравшан, меҳмонхонаи «Хуҷанд Гранд Ҳотел», “Хуҷанд – делюкс” дар шаҳри Хуҷанд, “Нури Раҳмон” дар ноҳияи Айнӣ, “Сипеҳр” ва “Шоҳкант” дар шаҳри Бӯстон, маркази фароғатии «Суғд», маҷмааи фаввораҳо, маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд ва монанди ин дигар иншоотҳо сохта, ба истифода дода шуданд, ки барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Давоми соли равон якчанд иншооти инфрасохтори нави сайёҳии муосир ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, маҷмааи хизматрасонии меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент” дар мавзеи хушманзараи шаҳри Хуҷанд дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ, иборат аз чор ошёна ва таҳхона ба истифода дода шуд.

Инчунин, бинои сеошёнаи меҳмонхона дар Осоишгоҳи “Баҳористон” бо 70 ҷой ва дигар шароити муосири истироҳату табобат мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби Сарвари давлат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санги асос барои бунёди осоишгоҳи нав бо иқтидори қабули 1000 нафар гузошта шуд.

Ҳамзамон, дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” таҷдиду азнавсозӣ гардида, дар дохили он зиёда аз 160 растаи ҳунармандон ва амфитеатр барои 6000 ҷойи нишаст бо истифода аз санъати меъмории муосир бунёд шуд. Илова бар ин, дар шафати қалъа меҳмонхонаи нав бо тарҳи замонавӣ ва бо ҷалби сармояи ватанӣ сохта, ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур инфрасохтори сайёҳии шаҳри куҳани Истаравшанро боз ҳам таҳким бахшида, барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ замина мегузоранд. Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳ ёфтани чунин иншоот бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯйи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳа буда, соҳибкорони маҳаллиро баҳри бунёди ҳарчи бештари марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷуда рӯҳбаланд месозад. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳо низ дастгирӣ ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Конибодом ба истиқболи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ Маркази савдою хизматрасонии “Баҳор” бо ҷалби сармояи соҳибкори маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳа, аз 1 - уми апрели соли равон дар сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шуъбаи рушди сайёҳӣ ва дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент бахшҳои рушди сайёҳӣ таъсис дода шуданд, ки он баҳри амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши сайёҳӣ дар маҳалҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар ду муассисаи таълимии вилоят - Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва факултаи географияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ихтисоси менеҷменти сайёҳӣ кадрҳои соҳаи сайёҳӣ омода шуда истодаанд. Илова бар ин, дар назди 28 муассисаи таҳсилоти иловагии вилоят 37 маҳфил, аз қабили “Сайёҳӣ - кишваршиносӣ”, “Сайёҳони ҷавон”, “Кишваршиносӣ” бо фарогирии 1145 нафар аъзо фаъолият доранд.

Давоми ёздаҳ моҳи соли равон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон шиносоии зиёда аз 27000 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят бо макону мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии вилоят ба роҳ монда шуд.

Ширкатҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ – этнографӣ, табобатӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд. Баҳри рушди сайёҳии воридотӣ низ ширкатҳои сайёҳӣ барои ташвиқу тарғиб, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкили хатсайрҳои наву ҷолиби диққат фаъолияти худро равона менамоянд.

Дар маҷмӯъ, ҷуғрофияи воридшавии сайёҳон ба қаламрави вилоят сол аз сол тавсеа ёфта, дар 9 моҳи соли 2018 тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят 653 ҳазор сайёҳ ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 14,3 маротиба зиёд мебошад. Аз ин шумора шаҳрвандони Ӯзбекистон 537,6 ҳазор нафар, Россия 77,9 ҳазор, Украина 981, Молдова 541 ва Грузия 52 нафарро ташкил медиҳанд.

Иштирок дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои туристӣ аз омилҳои асосӣ мебошанд, ки муаррифгари имкониятҳои сайёҳӣ мебошад. Яке аз намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ «ITӢ Ӣӯқlin» (ай ти би Берлин) мебошад, ки аз соли 1966 инҷониб баргузор мегардад ва дар он ҳамасола намояндагиҳои 10000 ширкати сайёҳӣ аз 200 давлати дунё иштирок менамоянд. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии вилояти Суғд, ба монанди «Зарафшон Меҷистик трэвел», «Куҳандиз», «Саёҳатҳои кӯҳҳои Помир», «Суғдиён Помир тур», «Тоҷикистон - Тревел» ва ғайра ҳамасола ширкат меварзанд.

Бо мақсади таъмини ҳамбастагии фаъолияти сохторҳои рушди туризми ҷумҳурӣ ва дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, №АП - 992 тасдиқ шудааст, аз санаи 29 июн то 1 июли соли 2018 Фестивали минтақавии сайёҳии “Марҳабо, ба Суғди бостон!” ва Форум - Намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Исфара баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ дар радифи ширкатҳои сайёҳии ватанӣ меҳмонон аз ҷумҳуриҳои дӯсту бародари Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин аз Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат варзиданд. Фестивали мазкур ба рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ, таҳкими дӯстию рафоқат байни манотиқи гуногуни мамлакат ва хориҷи дуру наздик, муаррифии захираҳои сайёҳии кишвар, бахусус вилояти Суғд мусоидат намуд.

Бо мақсади таъмини рушди бомароми соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии васеи имкониятҳои сайёҳии вилоят сомонаи интернетии www.wӯlcomӯsғgd.tj аз нав фаъол гардонида шуда, тавассути он арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои дилошӯби табиати нотакрори вилоят ба ҷаҳониён тарғибу ташвиқ гардида истодаанд.

Вазъи соҳаҳои меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии давлат таъмини ҳаёти арзандаи аҳолии кишвар маҳсуб ёфта, он тавассути татбиқи босамар ва оқилонаи механизмҳои нави ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегардад. Даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат бозгӯи сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад. Музди миёнаи маош дар даври ҳисоботӣ мувофиқи вилоят 1064,70 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 59,94 сомонӣ зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон 1757,42 сомонӣ, Бӯстон 1589,95, Панҷакент 1337,46, Хуҷанд 1289,86, Айнӣ 1193,80, Истаравшан 947,55, Бобоҷон Ғафуров 930,58, Исфара 902,65 ва Истиқлол 897,03 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаи саноат маҳсуб меёбад.

Ислоҳоти гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии деҳот заминаи мусоид фароҳам овард. Аҳолии деҳот аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳм дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва парвариши чорво даромади иловагӣ ба даст оварда, бо маводи озуқавории истеҳсоли худӣ таъмин мегарданд, ки ин омили асосии беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми деҳот мебошад.

Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2018 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 10531 нафар шаҳрванди корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 25 ноябри соли 2018 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 15008 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 142,5 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандкардашуда, яъне квота муқаррар мегардад. Тибқи нақшаи соли равон миқдори квотаҳо 735 ҷойро ташкил дода, дар даври ҳисоботӣ 980 нафар шаҳрванд тавассути квота бо кор таъмин гардиданд, ки 133,3 фоизи нақшаи барномавиро ташкил медиҳад.

Дар даври ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 248 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 3921 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 32555 ҷойи кории холиро пешниҳод намуданд. Тавассути ин ярмаркаҳо 1888 нафар корҷӯ ва бекор бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 1693 нафар ба касбомӯзӣ ва 370 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 3951 нафарро ташкил дод.

Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти шуғли аҳолӣ шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта сол аз сол афзуда истодааст. Давоми 11 моҳи соли 2018 умуман 86889 нафар муҳоҷир ба Ватан баргаштанд, ки аз онҳо 24586 нафар зан мебошанд. Дар ин давр шумораи шаҳрвандони ба муҳоҷират рафта 78703 нафар, аз ҷумла занон 12464 нафарро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда 42617 нафар кам мебошад.

Дар доираи эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат ба намояндагони аҳли ҳунар низ як қатор имтиёзҳо дода шуд. Аз ҷумла, зиёда аз 105 намуди ҳунари мардумӣ, ки истеҳсолоти онҳо дар хона ба роҳ монда шудааст, аз андоз озод шуданд, ки рӯйхати онҳо дар асоси қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Дар миқёси вилоят 262 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ки аз он 191 маркази адрасбофӣ ва 71 маркази қолинбофии дастӣ мебошанд. Дар ин марказҳо 617 дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва 432 дастгоҳи қолинбофӣ насб гардида, дар ин марказҳо 4268 нафар шогирд нозукиҳои касбро меомӯзанд. Ҳамзамон, зиёда аз 35 ҳазор нафар ҳунарманд дар хона фаъолият доранд, ки аз онҳо 193 нафар ба матоъбофӣ ва 163 нафар ба қолинбофӣ машғул мебошанд.

Аз оғози фаъолият дар ин марказҳо 254660 метр, аз ҷумла дар 11 моҳи соли ҷорӣ 68210 метр матоъҳои дастибоф истеҳсол шудааст. Илова бар ин, зиёда аз 6000 метри мураббаъ қолин истеҳсол гардидааст.

Илова бар ин, давоми 11 моҳи соли 2018 мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 4211 нафар шаҳрвандро ба омӯзиши касбу ҳунарҳо фаро гирифтааст, ки аз он 2073 нафар бевосита ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардидаанд.

Аз ҷумла, ба омӯзиши ҳунари қолинбофӣ 318 нафар, сӯзанидӯзӣ 163, қуроқдӯзӣ 161, адрасбофӣ 556, кулолгарӣ 26, гулдӯзӣ 146, сабадбофӣ 92, бофандагӣ 171, зардӯзӣ 108 ва оҳангарӣ 73 нафар шаҳрванд ҷалб гардидаанд.

Тадбирҳои андешидашуда дар ин самт имкон доданд, ки зиёда аз 25 ҳазор нафар зани хонашин ва бекор ба шуғл фаро гирифта, сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии занони деҳот беҳтар гардад.

Маълумот дар бораи дастгирии маъюбон, оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нафарони дар ақибгоҳ ба онҳо баробаркардашуда

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад.

Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки шумораи бошандагони он ба 1 - уми октябри соли 2018 - ум 1965 нафарро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки ба муносибати таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 - уми ноябри соли равон дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби сарпарастон дастархони идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят доир гардид. Ҳамзамон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо табрикоти Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳоро ба самъи бошандагони ин муассисаҳо расониданд.

Шумораи умумии маъюбони гирандаи нафақаи маъюбӣ ба 1 - уми декабри соли 2018 ҳамагӣ 47178 нафар мебошад.

Шумораи нафақагирон 220064 нафар ба қайд гирифта шуда, андозаи миёнаи нафақа 296,97 сомонӣ ҳисоб шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин даври соли гузашта 37,86 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар вилоят 58890 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Баҳри тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳамасола тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ барои истифодабарии қувваи барқ ва кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ пардохт мешавад. Дар даври ҳисоботӣ ба 27555 оила ба маблағи 3627,1 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ва ба 31335 оила ба маблағи 3670,1 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт шудааст.

Бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида, шахсони даври Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар ақибгоҳ меҳнат намуда, инчунин маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил кӯмакпулии ҳармоҳа пардохт мешавад.

Дар моҳҳои январ - ноябри соли 2018 тибқи қарорҳои Раиси вилоят аз 4-уми январи соли 2018, № 8,9,10 ва 11 ба маблағи 1603260 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шуд.

Бахшида ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар ҳамаи мактаб - парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят, хонаи пиронсолон дастархони идона ороста, туҳфаҳои идонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сарпарастон тақдим гардид.

Инчунин, оилаҳои камбизоат, беморони барҷомонда, кӯдакони маъюбу ятим аёдат шуда, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ мунтазам дастгирӣ ёфта истодаанд.

Ҳолати воқеии пахши барномаҳои радио ва телевизион, вазъи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо

Бо мақсади инъикоси ҳаёти ҷомеа дар воситаҳои ахбори омма ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ба фаъолияти рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳ бештар гардид.

Тибқи дастури Сарвари давлат аз рӯи нақша нишастҳои матбуотӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳия ва сарварони соҳаҳо ба роҳ монда шуда, нишондиҳандаҳои мусбат ва манфии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар матбуот инъикос гардиданд.

Барои дастрасии саривақтии рӯзномаҳо ба хонандагон ва беҳтар намудани мазмун ва муҳтавои онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Дар қаламрави вилоят 1 телевизиони давлатӣ, 1 радиои давлатӣ, 15 шабакаи телевизион ва 14 шабакаи радиои хусусӣ фаъолият доранд. Пахши барномаҳои телевизиони вилоят 18 соат ва радио 16 соат ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар марказҳои ҷамоату шаҳракҳо ва ҷойҳои серодам 422 баландгӯяк насб гардидааст.

Масъалаи таъмини пурраи фарогирии аҳолӣ, алалхусус дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, он тибқи нақшаи Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Телерадиоком» - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон, 50 рӯзнома ва 6 маҷалла дар вилоят ба нашр мерасанд, ки аз ҷумлаи он 21 рӯзнома ва 1 маҷалла давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ҳафтае се маротиба бо теъдоди 7600 нусха, рӯзномаҳои “Согдийская правда” бо теъдоди 2600 нусха ва “Суғд ҳақиқати” бо теъдоди 2300 нусха ҳафтае ду маротиба нашр мегардад. Илова бар ин, дар вилоят маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ идома дошта, то ин давр шумораи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ 29762 нусха, маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ 2605 нусха ва рӯзномаю маҷаллаҳои вилоятӣ 37602 нусха таъмин гардидааст.

Фарогирии пахши барномаҳои телевизиони “Тоҷикистон” 99,83 фоиз, “Сафина” - 93,50, “Баҳористон” – 87,44, “Ҷаҳоннамо” – 83,74, “ТВ Суғд” – 72,17, барномаҳои радиои “1 ҶТ” – 85,18, “2 ҶТ” – 44,45, “3 ҶТ” – 66,58, “Фарҳанг” – 42,72 ва “Суғд” 37,63 фоизро дар бар мегирад.

Баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуда, дар ин давр ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3326 муроҷиати хаттӣ, 2254 муроҷиати шифоҳӣ, 46 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва 526 муроҷиат тариқи “viӣӯқ”, ҷамъ 6152 муроҷиат ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017 - ум 1175 адад зиёд мебошад.

Дар даври ҳисоботӣ ба унвони Раиси вилоят тавассути мақомоти болоӣ 1136 муроҷиати шаҳрвандон ворид шуданд. Аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1122 адад ва дигар мақомот 14 адад муроҷиат ворид шудаанд.

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилоят ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, масъалаҳои онҳо ҳаллу фасл мегарданд.

Теъдоди муроҷиати дастҷамъона дар ин давр ба 441 адад расида, 236 муроҷиати такрории шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.

Муроҷиати шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои баҳси замин, таъмин шудан бо манзили зист, расонидани кӯмаки молиявӣ, тандурустӣ ва маориф вобаста буда, аз тарафи роҳбарияти вилоят барои ҳалли проблемаҳои шаҳрвандон ҳамаи имкониятҳо истифода мешаванд.

Рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”

Қарору қонунҳо ва санаду ҳуҷҷатҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо иқдому пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва ба тасвиб расидаанд, ҳама ба нафъи мардум буда, пояҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро устувор менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи қонунҳое мебошад, ки дар таҷрибаи қонунгузории ягон давлати дунё ба назар намерасад ва ба маънои томаш қонуни миллӣ ба шумор меравад. Боиси ифтихор аст, ки алҳол чандин мамлакатҳои ҳамсоя ва кишварҳои хориҷи дуру наздик, ки баргузории расму оин ва тӯю маърака ва урфу одатҳояшон бо мо шабеҳ мебошанд, ин таҷрибаи пурғановатро омӯхта, аз пайи ба танзим даровардани тӯю маъракаҳо шудаанд, то ки ба ҳамин васила хароҷоти барзиёд ва исрофкориҳои беҳударо аз байн бардоранд.

Хусусан, ин қонуни миллӣ дар дигаргунсозии шуури ҷамъиятӣ нақши воқеан муҳим мебозад, зеро он аз фарҳанги умумимиллии мо, ки чун ҳастии миллат арзёбӣ мегардад, сарчашма гирифта, дар тафаккури аҳли ҷомеа маҳкам ҷой гирифтааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 20930 тӯю маърака, аз ҷумла 17022 тӯйи домодию арӯсӣ, 2414 маросими чил ва 1494 маъракаи сол баргузор гардидаанд. Хароҷоти умумии баргузории маъракаҳо дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ 114,3 миллион сомониро ташкил дода, хароҷоти миёнаи ҳар як маърака ба 5461 сомонӣ баробар шудааст.

Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 154 нафар писар аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат дар 16 маърака, инчунин тӯйи домодию арӯсии 16 ҷуфт навхонадор дар 12 маърака бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуданд.

Вазъи соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

Дар 11 моҳи соли 2018 дар миқёси вилоят миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда 5592 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017 - ум 358 ҳодиса ё 6,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ 41, Бобоҷон Ғафуров 35 адад, Ашт 25, Спитамен 14, Шаҳристон 2, Истаравшан 1 ва Зафаробод 1 адад ҷиноятсодиркунӣ нисбат ба ҳамин даври соли 2017 кам шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд - 182, Панҷакент - 87, Конибодом -40, Гулистон - 36, Мастчоҳ - 28, Исфара - 1 27, Деваштич - 21, Ҷаббор Расулов - 19, Истиқлол - 14, Бӯстон - 13, Кӯҳистони Мастчоҳ - 9 ва Исфара - 2 1 нисбат ба ҳамин даври соли гузашта ҷиноятсодиркунӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Нисбат ба ҳамин даври соли гузашта миқдори ҷиноятҳои вазнин 97 адад ё 11,3 фоиз, дуздӣ 114 адад ё 13,3 фоиз, ғоратгарӣ 7 адад ё 31,8 фоиз, қаллобӣ 314 адад ё 54,9 фоиз, дар ҳолати мастӣ 9 адад ё 8,2 фоиз, одамкушии барқасдона ва сӯиқасд ба он 4 адад ё 16,7 фоиз, ҷиноят аз тарафи ноболиғон 36 адад ё 24,5 фоиз, ҷиноятҳои содиргашта дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 3 адад ё 1 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, ошкорёбии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 1 адад ё 1 фоиз афзуда, ҳодисаҳои тамаъҷӯӣ 6 адад ё 50 фоиз ва авбошӣ 9 адад ё 3,2 фоиз кам шудааст.

Имрӯз дар ҷомеа фазои созгори маънавӣ ҳукмфармо аст. Мардуми шукргузору сарбаланди вилоят бо қатъияти том сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ намуда, бо бунёдкориву созандагӣ машғул мебошанд. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муҳити оштинопазир фароҳам гардад ва дар ин замина тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ густариш ёбад.

Маҳз, аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даври ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ баҳри таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Share