Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2020 16:11
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон - 24.11.2020 13:56
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчам дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 24.11.2020 14:53
Ашт. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомади идона баргузор гардид - 24.11.2020 14:48
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва оғоз гардид - 24.11.2020 14:44
Ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид - 24.11.2020 09:38
Дар маркази шаҳри Исфара майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад - 24.11.2020 09:36
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56

Хадамоти матбуотии Раиси вилоят

Низомномаи Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд

( 14 Овоз )

I. Муқаррароти  умумӣ

1.1. Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд (минбаъд Хадамот) сохтории мустақили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Котиби матбуотии Раиси вилоят ба Хадамоти матбуотӣ роҳбарӣ менамояд ва аз рӯи фаъолият мустақиман ба Раиси вилояти Суғд тобеъ аст.

1.2. Хадамот пояи ҳуқуқии фаъолияти худро дар заминаи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, қарор ва фармоишҳои Раиси вилоят ва ҳамзамон Низомномаи мазкур ташкил медиҳад.

1.3. Хадамот фаъолияти худро мустақиман бо Раиси вилоят ва дар ҳамкорӣ бо роҳбари Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси вилоят, идораҳо, муассисаҳо, шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори оммаи вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои хориҷӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо васоити ахбори умум сару кор доранд, анҷом медиҳад.

ШУМО ДАР: РОҲБАРИЯТ Хадамоти матбуот