Оид ба озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014 бахшида ба 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси беҳтари муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят, нашри маводҳои баландпоя дар мавзӯъҳои махсуси аҳамият ва арзиши баланди иҷтимоидошта, дастгирии хабарнигорону расонаҳои хабарии вилоят ва дар асоси дархости муовини Раиси вилоят Бобоҷонова Р.М. аз 15 январи соли 2014:
- Ба муносибати ҷашни 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014» гузаронида шавад.
- Низомнома ва ҳайати ҳакамони Озмун тасдиқ карда шавад (Замимаи 1,2).
- Ба шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят супорида шавад, ки якҷоя бо бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани Озмун тадбирҳои мушаххас андешад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Сангинов Ҷ.Р. ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Ғиёсов Р.Р. гузошта шавад.