Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53
Боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Спитамен - 29.05.2020 16:36
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара - 29.05.2020 13:46
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Суди ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 29.05.2020 13:44
ҲИСОБОТ оид ба иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2020 - 28.05.2020 18:48
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано» - 28.05.2020 20:40
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд - 28.05.2020 20:43

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2016

( 0 Овоз )

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи  иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2016»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади  буҷети вилоят ба 1 июли соли 2016 ба андозаи 104,7 фоизи нақша иҷро гардида 636534,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти  буҷети  вилоят дар  ин давра 645080,5 ҳазор сомониро ташкил дода нисбат ба нақша 99,6 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,8 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,7 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 100,0 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ 99,8 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,6 фоиз ва ғайра маблағ сарф  карда  шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 2829237,7 ҳаз.сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 131,5 фоизро ташкил кард.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-июни  соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-июни  соли 2015 афзоиши истеҳсоли  маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Аз 624 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - июни соли 2016-ум 281   корхона ( 45,0 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-июни  соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-июни  соли 2016-ум 175 воҳид ё 28,1 фоизро ташкил карда, 168 ё 26,9  фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 60,7 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 35,2 фоиз, истеҳсол ва тақсими қувваи барқ, газ ва об 4,1  фоизро ташкил дод.

Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ-июни соли 2016 ба маблағи 996623,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2015-ум 60,5 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 62,5  фоиз, энергетикӣ 25,5 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-июни соли  2016 –ум 1717698,1  ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 857882,2 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 103145,8 ҳазор сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии  маъданӣ 129195,2 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 21,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 17,6 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби  истеҳсоли ҳасиб 81,5 фоиз, равғани маска 33,0 фоиз, панир 28,8 фоиз, гӯшт 17,9 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 5,4 фоиз, яхмос 4,6 фоиз,  нон ва маҳсулоти нонӣ 2,0 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 индекси истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ  ҳамагӣ 69,3 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани қолин ва маснуоти қолини 19,6 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 12,8 фоиз, калобаи пахтагин 4,5 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-июни  соли 2016-ум 114916,1 ҳазор сомониро ташкил кард, ҳаҷми истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур 91,9  фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла ҳаҷми тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 79791,4   ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,9 фоизро ташкил кард.

Аз 105 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-июни соли 2016 истеҳсоли 63 номгӯй (60,0 фоиз) афзуда, 36 номгӯй (34,3 фоиз) кам шуда, 6 номгӯй (5,7 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 1250619,6 ҳазор сомонӣ (бо нархҳои соли 2015) нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 20,1 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 561858,8 ҳазор сомонӣ ё 43,1 фоиз ва чорводорӣ 688760,8 ҳазор сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 79115 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,3 фоиз зиёд, мутаносибан 12846,9 тонна картошка ё 19,4 фоиз, 53876,2 тонна сабзавот ё 31,1 фоиз, 37229,7 тонна меваҷот ё 27,7 баробар зиёд, аммо 4454 тонна полезӣ ё 30,9 фоиз ва 14 тонна ангур ё 68,2 фоиз кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 56386,1 тонна ё 22,0 фоиз нисбати ҳамин давраи  соли  гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил оғоз шуда истодааст.

То 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав  карда шуд, аз майдони 30,8 ҳазор гектар, аз онҳо кӯфта шуд, 30,1 ҳазор  гектар, ки ҳосили он  64,5 ҳазор тоннаро ташкил кард, бо ҳосилнокии  21,5 сентнер аз ҳар гектар мебошад.

Картошка ҳамагӣ аз 394,5 гектар 8,2 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 207,0 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 1646 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 40,6 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии  ҳар як гектар 246,4 сентнериро ташкил медиҳад ва 306,5 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 963,1 гектар 4,5 ҳазор тонна ғундошта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 46,2 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ 33,6 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103,2 баробар  зиёд шудааст.

Тайёр кардани хӯроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи  хӯроки чорво оғоз шуда истодааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ то 1-уми июли соли  2016 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 112,0 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,6 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 68,1 ҳазор тонна ё 120,4 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 2,8 ҳазор тонна ё 100,2 фоиз тарбеда, 41,1 ҳазор тонна ё 125,7 фоиз коҳ тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 41,3 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 123,5 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 4,6 сентнерӣ воҳиди хӯрок тайёр карда шудааст.

Кишти такрорӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрорӣ оғоз шуда истодааст.

То 1 июли соли 2016 ҳамагӣ дар майдони 5981,7 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст: аз он ҷумла дар 1341,4 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо шолӣ – 151,1 гектар, дигар зироати ғалладонагиҳо – 1190,3 гектар, ҷуворимакка барои дон – 65,2 гектар, зироатҳои техникӣ – 103,0 гектар, дигар зироатҳои техникӣ – 103,0 гектар, картошка – 15,3 гектар, сабзавот – 538,9 гектар, полизҳои озуқаворӣ – 175,3 гектар ва зироати хӯроки чорво – 3742,6 гектар мебошад. Кишти зироатҳои такрорӣ нисбати ҳамин давраи соли  гузашта  7,0 фоиз кам шудааст. 

Бунёди боғу токзорҳои нав

Ҳамагӣ хоҷагиҳои вилоят то 1 июли соли 2016 дар майдони 1381,0 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонданд. То 1 июли  соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 1269,8 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,0 фоиз кам иҷро шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 264,0 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 985,0 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 4,3 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор ва дар 16,6 гектар субтропикӣ  шинонда шудааст.

То 1 июли соли 2016-ум 108,2 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд.        Ҳамагӣ то 1 июли соли 2016-ум 631,3 гектар боғҳо ва 57,0 гектар токзорҳо азнавбар-қарор карда шудаанд.

Ҳамагӣ 9,3 ҳазор дона ниҳолҳои тут шинонда шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1-уми июли соли 2016-ум дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3904 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2815 адад ё 72,0 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. То 1 июли соли 2016 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 1038,7 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 723,7 тонна кам аст. Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 266,1 кг рост меояд, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 147,8 кг кам  аст.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 июли соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 624,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21,2 ҳазор сар ё 3,5 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 71,3 ҳазор сар ё 5,0 фоиз ва саршумори мурғ 19,5 ҳазор сар ё 1,2 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,7 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,2 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ – 11,5 фоиз,  Шаҳристон – 7,2 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 7,1 фоиз, Истаравшан  – 6,3  фоиз, Зафаробод – 4,4  фоизро ташкил дод.

Ба 1 июли соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 16900,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2015 - ум 6,6 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Панҷакент – 31,5 фоиз, Исфара – 12,9 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 10,9 фоиз, Шаҳристон – 9,9 фоиз,  Мастчоҳ – 8,0 фоиз,  Истаравшан – 4,5 фоиз,  Конибодом – 4,4 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 123194,8 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 июли соли 2015-ум 4,3 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои: Кӯҳистони Мастчоҳ – 41,9 фоиз, Шаҳристон – 25,5 фоиз, Мастчоҳ – 12,5 фоиз, Зафаробод – 11,3 фоиз, Деваштич ва Исфара – 5,7 фоизӣ афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,5 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1-уми июли соли 2016 ба миқдори 64419,6 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2015 -ум 6,6 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои ноҳияҳои Спитамен – 84,1 фоиз, Конибодом – 72,3 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 33,0 фоиз, Зафаробод – 23,5 фоиз, Ашт– 22,0 фоиз, Истаравшан – 8,7 фоиз, Шаҳристон – 6,4 фоиз зиёд намуданд.

Ба 1-уми июли соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 5038 сар гӯсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1-уми июли соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 2,8 фоиз ва ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ – 24,2 фоиз, Конибодом – 18,4 фоиз, Б.Fафуров – 4,4 фоиз,  Айнӣ,  Мастчоҳ ва Спитамен – 3,0 фоизӣ зиёд гӯсола гирифтаанд.

Ба 1-уми июли соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 79757 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1-уми июли соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 7,1 фоиз ва хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ – 41,0 фоиз, Зафаробод – 36,8 фоиз,  Исфара – 23,4 фоиз, Ашт ва Мастчоҳ – 16,0 фоиз, Конибодом – 13,5 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 719 кг шир дӯшида шудааст, ки нисбат ба 1 июли соли  2015-ум 0,6 фоиз ё 4 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширдӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 июли  соли 2015 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара – 63 кг,  Конибодом – 30 кг, Ҷ.Расулов – 19 кг, Б.Ғафуров  – 7 кг, Ашт – 6 кг,  Зафаробод – 5 кг  зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 122 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2015  6,1 фоиз ё 7 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 июли  соли 2016 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов  33 сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015  баробар аст.

Ба 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 87 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 21 сарӣ, Б.Ғафуров - 3 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 689,0 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 3,6 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт 1,5 тонна, шир 7,6 тонна ва пашм 1,4 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 96 сар чорвои калон, 4073 сар гӯсфанду буз, 89 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 742,0 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,4 фоиз  зиёд  шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 37,1 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафсӣ сафед – 22,1 фоиз, намуди зағорамоҳӣ – 17,0 фоиз, намуди амури сафед – 11,0 фоиз, намуди суфмоҳӣ – 5,3 фоиз ва дигар намуди моҳӣ – 44,7 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1109756,1 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2015-ум 128,4 фоизро ташкил медихад  (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 890129,5 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи  80,2  фоизи  ҳаҷми  умумии  сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст. Дар сохтмони иншооти энергетикӣ 83180,6 ҳазор сомонӣ  сармоягузориҳои  сармояи  асосӣ  аз  худ  карда  шудааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 194085,7 ҳазор сомонӣ ба кор  андохта  шудаанд,  ки  нисбат ба ҳамин  давраи соли 2015-ум 109,6 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 96263,7 ҳазор сомонӣ ё 49,6 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи истихроҷи нуқра ва дигар металҳо бо иқтидори  коркарди 5 тонна дар  як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Нуқрафом», дар шаҳри Гулистон сехи истеҳсоли қубурҳои оҳанини даврашакл ва чоркунҷа аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Хайри Хуршед», дар ноҳияи Спитамен аз ҳисоби соҳибкорони хусусӣ – заводи пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 80 тонна дар як шабонарӯз, аз тарафи фармоишгар ҶСП «Норд Азия Металл» - сехи коргоҳи истеҳсоли бо иқтидори  коркарди 60000 тонна қубурҳои профилӣ дар як сол, аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ – заводи асфалтбарорӣ ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 50 тонна асфалт ва 120 тонна сангмайда дар як соат, фармоишгар- ШС Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД  ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сӯзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ – 29792,4 ҳазор сомонӣ ё 15,4 фоиз, давлатӣ – 21721,7 ҳазор сомонӣ ё 11,2 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ -7169,7 ҳазор сомонӣ ё 3,7 фоиз, ҶДММ – 25952,6 ҳазор сомонӣ ё 13,4 фоиз, корхонаҳои муштарак – 24306,6 ҳазор сомонӣ ё 12,5 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 32402,2 ҳазор сомонӣ ё 16,7 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 50666,5 ҳазор сомонӣ ё 26,1 фоиз,Тоҷикматлубот -2074,0 ҳазор сомонӣ ё 1,1 фоиз, ки  аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣфарҳангӣ