Хабарҳо
Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд - 04.06.2020 16:27
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ - 04.06.2020 16:30
Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд - 04.06.2020 16:33
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии зардолу ва нашъунамои пахта дар Конибодом - 05.06.2020 15:13
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом - 05.06.2020 14:52
Баргузории ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Конибодом - 05.06.2020 14:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Конибодом - 05.06.2020 13:55
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандони аз СOVID-19 сироятёфта ройгон анҷом дода мешавад - 05.06.2020 12:48
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 04.06.2020 11:55
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 05.06.2020 11:23

Таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )

Дар боғи фарҳангии шаҳри Конибодом бо иштироки роҳбарони коргоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, фаъолон ва собиқадорони меҳнат бахшида ба ҷашни Сада чорабинии идона баргузор гардид.

Иштирокчиёни чорабинӣ нахуст аз намоиши техникаҳои муосири кишоварзӣ, ниҳолу буттаҳои гуногун, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили адрасбофиву зардӯзӣ, наққошиву рассомӣ боздид намуданд.

Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода сокинонро ба муносибати фарорасии ҷашни Сада табрик гуфт. Зикр гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи аҷдодиамон  буда, таърихи хеле қадима дорад ва чун ёдгори ниёгон баъди истилои араб низ ботантана таҷлил мегардид. Ин ҷашни ориёӣ дар Осиёи Марказӣ бештар бо оғози корҳои кишоварзӣ, хоса боғдориву ғаллакорӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, дар ин мавсим тараддуду ташвиши деҳқонон шуруъ шуда, аз тайёриву омодагии онҳо бурду бохти минбаъдаи сол вобаста аст.

Дар робита ба ин нукта тазаккур дода шуд, ки аслан фалсафаи ҷашни Сада тавлиду офариниш, нуру рӯшноӣ  ва  бунёдкориву созандагӣ буда, ба истилоҳи дигар  анҷоми фасли сармо ва оғози гармии ҳавост.  Аз ин лиҳоз, ки ниёгонамон ойини зардуштиро парасторӣ дошта, танҳо оташро асосу мояи пайдоиш ва ҳаёт  медонистанд, Садаро ҳамчун рӯзи тавлиди оташу тулӯи нур  хеле гиромӣ медоштанд.

Дар ҷараёни чорабинии идона инчунин озмуни шаҳрии дастархонороӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд.

Сипас, барои иштирокдорони чорабинии идона аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Конибодом