Дар вилояти Суғд ба тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, имрӯзҳо дар вилоят 7678 нафар занони роҳбар ва 1267 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият доранд. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои номбурда алҳол аз ҳисоби занони вилоят як нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чор нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар вакили Маҷлиси халқи вилояти Суғд, 99 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳии вилоят ва 543 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пешин зиёд аст.
Қобили қайд аст, ки фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор низ назаррас буда, дар соли 2019 - ум 60 нафар бонуи ҳунарманд, соҳиби гранти Раиси вилоят гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд