Хабарҳо
Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд - 04.06.2020 16:27
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ - 04.06.2020 16:30
Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд - 04.06.2020 16:33
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии зардолу ва нашъунамои пахта дар Конибодом - 05.06.2020 15:13
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом - 05.06.2020 14:52
Баргузории ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Конибодом - 05.06.2020 14:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Конибодом - 05.06.2020 13:55
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандони аз СOVID-19 сироятёфта ройгон анҷом дода мешавад - 05.06.2020 12:48
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 04.06.2020 11:55
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 05.06.2020 11:23

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

( 0 Овоз )

5 феврали соли 2020 дар Кохи Суғдиёни маркази вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оид ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят гузориш дод. Қайд карда шуд, ки соли 2019 сокинони вилояти Суғд чун тамоми мардуми бунёдкори ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон саъйу​ талош намуда, ба дастовардҳои шоиста ва назаррас ноил гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2019 бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии воқеии соҳибкорӣ,​ баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.

Дар натиҷа рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 20,5 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 107,3 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,6 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 ба 12 миллиарду 888,3 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо дар сатҳи 112,9 фоизи ҳамин давраи соли сипарӣ таъмин гардид.

Дар соли сипаришуда дар миқёси вилоят 102 корхонаву коргоҳи нав бо 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 8 миллиарду 91,7 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръатиа фзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 108,1 фоиз таъмин гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 494,9 ҳазор тонна, картошка 450,3 ҳазор тонна, полезӣ 127,5 ҳазор тонна, мевагиҳо 150,9 ҳазор тонна, ангур​ 61,7 ҳазор тонна, гўшт 58,6 ҳазор тонна, шир 269,2 ҳазор тонна, тухм 429,9 млн. дона, пашм 1516,3​ тонна ва асал 1416,5 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2018 картошка 34,4 ҳазор тонна, полезӣ 13,7 ҳазор тонна, мевагиҳо 11,6 ҳазор тонна, гўшт 2,1 ҳазор тонна, шир 4,3 ҳазор тонна, тухм 207,2 млн. дона, пашм 1,9 тонна ва асал 34,3 тонна зиёд мебошад.

Истеҳсоли ғалладонагиҳо 331,7 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 125,8 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба соли 2018 мутаносибан 59,3 ҳазор тонна ва 18,7 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Мувофиқи нақша соли 2019 дар масоҳати 252 гектар бунёди боғу токзори​ нав пешбинӣ гардида, дар майдони 886​ гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки аз нақша 3,5 баробар зиёд мебошад.​

Дар соли сипаришуда дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 733,3 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давра дар ҳаҷми 1 миллиарду 707,7 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан баробари 101,5 ва 116 фоизи нишондиҳандаи соли 2018 мебошад.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарорҳои дахлдори мўҳтарам Раиси вилоят ба тасвиб расида дар вилоят 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 7071 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2019 бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 2471​ иншоот пешбинӣ шуда, дар амал аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон инчунин бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2666 иншооти тайиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки баробари 107,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил менамояд.

Дар маҷмуъ, дар солҳои 2018 ва 2019 дар вилоят аз 7071 иншооти ба нақша гирифташуда 4018 иншоот ё худ 56,8 фоизи нақшаи тасдиқгардида иҷро гардид.​

Дар доираи корҳои сохтмону ободонӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 114,9 фоиз иҷро гардида, 2490 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 196,5 километр таъмири асосӣ, 1006 километр таъмири ҷорӣ ва 1287,5 километр шағалпўш мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2019 ба 2 миллиарду 42,7 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Аз ҷумла, ба маблағи 471,1 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот гардид.

Баҳри беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 379 миллион доллари амрикоӣ​ сармоягузориҳо, аз ҷумла 347,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 31,4 миллион доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 1,1 баробар зиёд мебошад.

Рушди бонизоми бахши воқеии иқтисодиёт барои иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ мусоидат намуда, уҳдадориҳои иҷтимоии давлат саривақт таъмин карда шуданд.

Дар соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 420,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 15,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1 миллиарду 887,4 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1 миллиарду 924,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2 фоиз ё ин ки 37,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

-Маҳз, аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид, - иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.​

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар соли 2020 низ мардуми вилоят бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ​ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти диёри азизамон талошҳои бунёдкоронаро идома медиҳанд.​

Сипас, Раиси вилоят ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма – Ҷовиди Аштӣ, Бобоҷон Икромов, Афзал Босолиев, Фарҳод Ҷӯраев, Қудратулло Раҳматуллоев, Дадохони Эгамзод, Мавлуда Рофиева, Ӯрунбой Усмонов, Мирзоазам Мақсудов ва дигарон посух гуфта, изҳори умед кард, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ бо инъикоси воқеаву рӯйдодҳо ва масоили мубрам дар пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд












  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода