Субҳи имрӯз бахшида ба 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Артиши миллӣ дар бинои театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар он хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мустақар дар вилояти Суғд, собиқадорон, роҳбарони мақомоти интизомии вилоят ва дигарон ҳузур доштанд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар суханронии хеш тамоми ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархунда табрик намуда, артишро сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии
Навиди Раиси вилоят
Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили 20-солагии Рӯзи Артиш
- 21.02.2013 00:00
- Азназаргузарониҳо: 5624
Сафари кории Раиси вилоят ба водии Зарафшон
- 19.02.2013 00:00
- Азназаргузарониҳо: 5817
Тайи ду рӯзи аввали ҳафта Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба водии Зарафшон сафари корӣ анҷом дод. Рӯзи душанбе дар ҷараёни боздиди корӣ аз шаҳри Панҷакент Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ аз корхонаи муштараки «Зарафшон» дидан намуда, бо рафти корҳои сохтмону васлӣ дар коргоҳи холисгардонии тилло шинос шуданд ва бо мутахассисони ҷумҳурии мардумии Чин, ки дар коргоҳи нави ин корхонаи бузурги саноатӣ фаъолият доранд, сӯҳбат оростанд. Таъкид гардид, ки ин коргоҳ барои холисгардонии 5 тонна тилло дар 1 сол пешбинӣ шуда, он дар арафаи таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯз расман ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Исфара
- 15.02.2013 09:50
- Азназаргузарониҳо: 6958
Санаи 14 –уми феврали соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари корӣ Раиси вилоят дар маросими оғози корҳои азнавсозӣ ва сохтмон дар варзишгоҳи марказии «Зарбдор» иштирок намуда, бо меъморону коргарон мулоқот орост. Бояд гуфт, ки моҳи июли соли гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ин минтақа оид ба таҷдиду азнавсозии варзишгоҳи марказии шаҳр ба масъулин супоришҳои мушаххас дода буд.
Сараввал Раиси вилоят бо лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди варзишгоҳ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки барои иҷрои лоиҳаи мазкур беш аз 21 миллион сомонӣ зарур аст. Ин варзишгоҳ баъди таҷдид дорои 20 ҳазор ҷои нишаст хоҳад шуд ва бояд моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2013
- 14.02.2013 08:42
- Азназаргузарониҳо: 5903
Дирӯз дар толори хурди Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи аввалини Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли равон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шӯрои ҷамъиятии вилоят, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуд. Пасон дар рафти ҷаласа ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар вилояти Суғд ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятии вилоят қабул карда шуд.
«Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013-ум» муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов гузориш дод.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Саидбой Зокиров, раиси созмони вилоятии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Дилбар Самадова, раиси бахши вилоятии ҳизби демократии Тоҷикистон Файзуллоҷон Файзиев, муовини аввали раиси ҳаракати ҷамъиятии ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон
Боздиди Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии Мастчоҳ
- 12.02.2013 19:19
- Азназаргузарониҳо: 6995
Дар нимаи аввали рӯзи сешанбе Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади омӯзиши омодагии пойгоҳҳои обкашии ноҳия ба мавсими нави обёрӣ сафари корӣ анҷом дод. Зимни боздид Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии "Диларзин-1", "Дилварзин -2" ва "Янтоқ-1" дидан кард.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Мастчоҳ аз минтақаҳои асосии кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, рушди ин соҳа бахусус аз фаъолияти мӯътадили пойгоҳҳои обкашӣ вобаста аст. Дар ноҳия 17 пойгоҳ бо 63 насоси обкашӣ мавҷуд аст, ки тавассути онҳо зиёда аз 26 ҳазор гектар замин обёрӣ мешавад.
Зимни боздид аз пойгоҳҳои обкашии "Дилварзин-1", "Дилварзин -2" ва "Янтоқ-1" Қоҳир Расулзода аз вазъи умумии корҳои омодагӣ огаҳи пайдо карда, таваҷҷӯҳи мутасаддиёни соҳаро ба таъмири босифати насосҳо ҷалб намуд.
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи Бонки авруосиёии рушд
- 11.02.2013 12:31
- Азназаргузарониҳо: 6795
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода муовини раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Канат Досмухамедовро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин мулоқот сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи кунунӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса вилояти Суғд, ки аз ҷониби Бонки авруосиёии рушд маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят ба ҷараёни ҳамкориҳои тарафайн баҳои мусбат дода, онро самарабахш арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки ба фаъолият шурӯъ намудани яке аз корхонаи бузурги саноатии вилоят Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Олимтекстайл» маҳз бо дастгирии молиявии бонки Авруосиёи рушд амалӣ гардидааст.