Хабарҳо
Дар доираи​ ҳафтаи​ "Илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон" озмунҳои гуногун гузаронида мешавад - 29.10.2020 10:01
Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 29.10.2020 09:59
Бӯстон. Созандагони​ армуғонҳои беҳтарин барои сайёҳон муайян гардиданд - 29.10.2020 09:53
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад - 28.10.2020 16:49
Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом - 28.10.2020 15:22
Гулистон. Беш аз 12 км роҳҳои автомобилгард мумфарш карда шуд - 28.10.2020 14:30
Роҳбарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкент мулоқот намуданд - 28.10.2020 11:08
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 28.10.2020 08:57
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 13234 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст - 27.10.2020 15:35
Маҷаллаи адабӣ ва илмию оммавии «Паёми Суғд» 25 сола шуд - 26.10.2020 14:01

Навиди Раиси вилоят

Ҷашнвораи гул ва гиёҳҳои ороишии эронӣ дар Хуҷанд

( 1 Овоз )

Ҷашнвораи гул ва гиёҳҳои ороишии эронӣ дар Хуҷанд

Видео ::Ҷашнвораи гул ва гиёҳҳои ороишии эронӣ дар Хуҷанд
Дар Маркази фарҳангию фароғатии "Суғд"-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд фестивали гулу гиёҳҳои ороишӣ ва ниҳолҳои пайвандии мевадиҳандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ширкат намуд.

Сараввал Қоҳир Расулзода аз ошёнаи якум ва дуюми бино, ки гулҳои гуногуни эронӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан кард.

Маркази равонпизишкӣ дубора ба фаъолият оғоз кард

( 2 Овоз )

Маркази равонпизишкӣ дубора ба фаъолият оғоз кард

Видео ::Маркази равонпизишкӣ дубора ба фаъолият оғоз кард
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва дигар ашхоси масъул маркази равонпизишкии вилоят пас аз таъмир, дубора  мавриди истифода қарор гирифт.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз утоқҳои барҳавои кориву табобатии Маркази равонпизишкии вилоят дидан карда, бо кормандону табобатгирандагони он сӯҳбат орост. Онҳо бунёди бинои нав ва шароити мавҷударо барои табобат хуб арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки вазъи кунунӣ барои беҳтар шудани ҳолати беморон мусоидат хоҳад кард.

Таҷлили «Рӯзи Модар» дар қасри «Арбоб»

( 1 Овоз )

       Таҷлили «Рӯзи Модар» дар қасри «Арбоб»

Видео ::Таҷлили «Рӯзи Модар» дар қасри «Арбоб»

Рӯзи сешанбе, 5-уми март Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади таҷлил аз «Рӯзи Модар» ба Қасри Арбоб ташриф овард.

Нахуст Раиси вилоят ба муносибати фаро расидани рӯзи мубораки модар ва омадани зеботарин фасли табиат - баҳори нозанин ҳозиринро таҳният гуфта, зикр дошт, ки соли чаҳорум аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон ин рӯзи зебои оғози айёми шукуфоиҳои ҳаёт ҳамчун Рӯзи мубораки мансуб ба номи модар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Ҳамчунин Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз бузургдошти занон миёни миллати тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуд «дар ҳақиқат

Вохурии Қоҳир Расулзода бо варзишгарон дар Кохи Рӯдакӣ

( 2 Овоз )

      Вохурии Қоҳир Расулзода бо варзишгарон дар кохи «Рӯдакӣ»

Видео ::Вохурии Қоҳир Расулзода бо варзишгарон дар кохи «Рӯдакӣ»
Рӯзи гузашта дар толори хурди Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд вохурии Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарон сурат гирифт.

Зимни нишаст Раиси вилоят Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки соли 2012-ум барои кулли тоҷикистониён, алалхусус сокинони вилояти Суғд, фаромӯшнопазир буд.

Иштироки Қоҳир Расулзода дар ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳои баҳорӣ дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Иштироки Қоҳир Расулзода дар ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳои баҳорӣ дар Хуҷанд

Видео ::Иштироки Қоҳир Расулзода дар ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳои баҳорӣ дар Хуҷанд
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар арафаи фасли баҳор ҳар сол охири моҳи феврал ярмарка-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, гулу гулбуттаҳои гуногун ва тухмии зироатҳо доир карда мешавад, ки он барои ободу зебо гардонидани муҳити атроф иқдоми шоиста ба ҳисоб меравад.

Рӯзи якшанбе, 24-уми феврал дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка–фурӯши ниҳолу гулҳои ороишӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок доштанд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз рафти ярмарка – фурӯши ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда аз наздик шинос шуда, ба бунёдкунандагони он арзи сипос намуд.

Дар қасри «Арбоб» 3,5 ҳазор ниҳол шинонданд

( 0 Овоз )

Дар қасри «Арбоб» 3,5 ҳазор ниҳол шинонданд

Видео ::Дар қасри «Арбоб» 3,5 ҳазор ниҳол шинонданд
Субҳи рӯзи шанбе, 23-уми феврал Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба қасри «Арбоб» ташриф овард. Ҳамчунин дар ин маъракаи дастаҷамъона  беш аз 300 нафар кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд. Ин амал бо мақсади кабудизоркунӣ ва сарсабзии муҳити атроф сурат гирифта, аз омодагиҳо ба таҷлили ҷашни Наврӯз, ки гузаронидани он дар қасри мазкур дар назар гирифта шудааст, дарак медиҳад.

Дар ин рӯз, дар саҳни қасри "Арбоб" ва гирду атрофи он  беш аз 3 ҳазору 500 бех ниҳолҳои ороишӣ ба умеди сарсабзии хамин минтақа шинонида шуд.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят