Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ду хати нави технологияи истеҳсолиро дар ҶСП «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд - 01.07.2020 10:16
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд - 01.07.2020 10:19
Президенти мамлакат аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Деваштич дидан карданд - 01.07.2020 10:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд - 02.07.2020 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдою хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд - 02.07.2020 07:57
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»-ро ба истифода доданд - 02.07.2020 07:58

Навиди Раиси вилоят

Қоҳир Расулзода ба аёдати милисаи захмбардошта рафт

( 2 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода нимаи дуюми 16 январи соли ҷорӣ нозири БДА-и шаҳри Конибодом Акбар Турсуновро, ки қаблан дар як ҳамлаи террористон захм бардошта, ба беморхонаи марказии нохия бистарӣ гардида буд, аёдат намуд.

Табибони беморхона ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки Акбар Турсунов аз китфи чап захм бардоштааст. Ва ҳоло баъди ҷарроҳии таъҷилӣ дар дасти ӯ дастгоҳи тиббии махсуси фишурдасозӣ, маъруф бо номи таҷҳизоти Илизаров насб карда шудааст. Ҳамзамон табибон вазъи саломатии Акбар Турсуновро ба давраи  баъди ҷарроҳӣ мутобиқ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки  ба саломатии ӯ хатари ҷиддӣ таҳдид намекунад.

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо хабарнигорон

( 1 Овоз )

Видео :: Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо хабарнигорон

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид. Мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ- Хадамоти матбуотии Раиси вилоят Илҳом Ҷамолов нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки  он ба  ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар соли 2012 бахшида мешавад.
Дар ибтидо Раиси вилояти Суғд оид ба дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят  дар соли сипарӣ, маълумот дода,  аз ҷумла

Маҷлиси фаъолони вилоят баргузор гардид

( 4 Овоз )

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони Раиси вилоят, сарварони шӯъбаю раёсатҳои вилоятӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои бузургу миёна, соҳибкорон, кормандони васоити ахбори омма маҷлиси фаъолони вилоят доир гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродулло Алимардон ширкат дошт.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода маҷлиси фаъолонро ифтитоҳ намуда гуфт, ки дар рӯзномаи ҷаласа асосан ду масъала - ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо адибон

( 1 Овоз )

Видео :: Мулоқоти  Қоҳир Расулзода  бо адибон

Дар толори  муассисаи давлатии  «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилоят Қоҳир Расулзода  баргузор гардид, ки дар он адибон, собиқадорон, шахсони барӯманд аз шаҳру ноҳияҳо, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ва тарғиботчиёни фаъол ҷамъ омада буданд.

Раиси вилоят зимни суханрониаш   баргузор намудани маҳфили муаррифии осори тозанашрро, ки ба ҳукми анъана даромадааст, гувоҳии фазои маърифативу маънавии кишвари соҳибтамаддун ва соҳибкитоб,  рӯ овардан ба  эҳёи падидаҳои фарҳанги китобдориву китобшиносӣ  арзёбӣ намуд.

Муаррифии кадрҳои навтаъингашта

( 1 Овоз )

Видео :: Муаррифии  кадрҳои навтаъингашта

Бо  фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрии роҳбарияти ду ноҳияи вилояти Суғд  амалӣ гардид.
Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи халқу ватан ва баҳри таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ ҳидоят намуда, дар наздашон вазифаҳои мушаххас гузошт. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин ба роҳбарони нави ноҳияҳои Айнию Зафаробод, аз ҷумла доир ба ҳалли мушкилоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёту коммуникатсия, рушди кишоварзӣ, саноат ва дигар бахшҳои иқтисоди маҳаллӣ дода шуд.

Хонаи нави истиқоматӣ - тӯҳфаи солинавӣ барои афсарон

( 2 Овоз )

Видео :: Хонаи нави истиқоматӣ - тӯҳфаи солинавӣ барои афсарон

Дар шаҳри Истиқлол хонаи нави истиқоматӣ ба истифода дода шуд.  44 нафар афсарону прапоршикони қисми низомии тобеи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар гарнизони вилояти Суғд ва комиссариатҳи ҳарбии вилоят дар арафаи соли нави милодӣ ва 20 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ соҳиби манзилҳои худ шуданд. Маросими ба истифода додани бино барои хизматчиёни ҳарбӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Хайруллоев сурат гирифт.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят