Хабарҳо
Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд - 04.06.2020 16:27
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ - 04.06.2020 16:30
Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд - 04.06.2020 16:33
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии зардолу ва нашъунамои пахта дар Конибодом - 05.06.2020 15:13
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом - 05.06.2020 14:52
Баргузории ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Конибодом - 05.06.2020 14:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Конибодом - 05.06.2020 13:55
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандони аз СOVID-19 сироятёфта ройгон анҷом дода мешавад - 05.06.2020 12:48
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 04.06.2020 11:55
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 05.06.2020 11:23

Навиди Раиси вилоят

Табрикоти Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

( 1 Овоз )

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ҷиҳати  ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта аз ҷониби сохторҳои дахлдор аҳамияти махсус дода мешавад.

Бо иқдоми нек ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, соли равон санаи 25 январ бори нахуст ҳамчун  Рӯзи иди кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар кишварамон таҷлил карда мешавад, ки ин нишони шинохт ва арҷгузорӣ ба фаъолияти кормандони соҳа аст.

Ташрифи Коҳир Расулзода ба қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси зудамал

( 0 Овоз )

Видео ::Ташрифи  Коҳир Расулзода ба қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси зудамал

Ба хотири шиносоӣ бо шароити хизматии ҳайати шахсии дастаи таъиноти махсуси милисаи Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  , имрӯз  Раиси вилоят  Қоҳир Расулзода ба ба қароргоҳи дастаи  зудамал ташриф овард.

Зимни  сӯҳбат бо ҳайати шахсӣ Қоҳир Расулзода аз саҳми онҳо дар пойдории суботи ҷомеа ёдовар шуд ва барои хизмати софдилонаашон барои халқу ватан изҳори миннатдорӣ кард.
Мақомоти милиса дар таҳкими волоияти қонун,  таъмини амну суботи кишвар ва  танзими тартиботи ҷамъиятӣ нақши муҳим мегузорад.

Ҷаласаи корӣ

( 0 Овоз )

Вазифаҳо муайян шуданд

Вазифаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд, ки дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2012-ум ва вазифаҳо барои соли 2013 бармеоянд,имрӯз дар ҷаласаи кории назди Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баррасӣ гардиданд.
Ҷаласаи корӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту идораҳои вилоятӣ,  иддае  аз  раисони  шаҳру навоҳӣ, ва намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

ТАБРИКИ Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони гумрук

( 2 Овоз )

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғдро ба муносибати ҷашни фархунда – 21-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният менамоям.
Боиси қайд аст, ки давоми солҳои сипаригардида, кормандони Раёсат сиёсати давлатии гумрукиро дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати таъмини мустақилият ва бехатарии иқтисодии ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар доранд. Бар замми ин, зидди қочоқ, вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон бурда истодаанд.

Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар як давлат аст.

Қоҳир Расулзода ба аёдати милисаи захмбардошта рафт

( 2 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода нимаи дуюми 16 январи соли ҷорӣ нозири БДА-и шаҳри Конибодом Акбар Турсуновро, ки қаблан дар як ҳамлаи террористон захм бардошта, ба беморхонаи марказии нохия бистарӣ гардида буд, аёдат намуд.

Табибони беморхона ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки Акбар Турсунов аз китфи чап захм бардоштааст. Ва ҳоло баъди ҷарроҳии таъҷилӣ дар дасти ӯ дастгоҳи тиббии махсуси фишурдасозӣ, маъруф бо номи таҷҳизоти Илизаров насб карда шудааст. Ҳамзамон табибон вазъи саломатии Акбар Турсуновро ба давраи  баъди ҷарроҳӣ мутобиқ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки  ба саломатии ӯ хатари ҷиддӣ таҳдид намекунад.

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо хабарнигорон

( 1 Овоз )

Видео :: Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо хабарнигорон

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид. Мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ- Хадамоти матбуотии Раиси вилоят Илҳом Ҷамолов нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки  он ба  ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар соли 2012 бахшида мешавад.
Дар ибтидо Раиси вилояти Суғд оид ба дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят  дар соли сипарӣ, маълумот дода,  аз ҷумла

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят