Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар ноҳияи МастчоҳИмрӯз қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар ноҳияи Мастчоҳ сурат гирифт.

Субҳи имрӯз, 11 июл бо иштироки роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, мудирони шӯъбаю сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилоти марбута қабули шаҳрвандон бо усули  «Равзанаи ягона»  дар бинои Литсеи касбӣ - кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон сурат гирифт.

Дар ин рўз шаҳрвандони 7 ҷамоати ноҳияи мазкур аз ҷониби роҳбарияти мақомоти дахлдори вилоятӣ қабул карда шуданд.

Дар рўзи қабул бо усули «Равзанаи ягона» 197 нафар сокинони ҷамоатҳои ноҳияи Мастчоҳ бо 240 масъалаи гуногун ба роҳбарияти мақомот ва идораҳои марбута муроҷиат намуданд.

Дархост ва арзу шикояти бештари шаҳрвандон перомуни тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, таъминот бо оби полезӣ ва ошомиданӣ, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, таваҷҷӯҳ ба рушди соҳаи маорифу тандурустӣ ва ғайра буданд.

Ҳамчунин ба 14 нафар сокинони ба қабули шаҳрвандон ҳозиршуда, ки ёрии моддӣ дархост намуданд, кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки бо супориши Раиси вилоят роҳбарияти шӯъбаву сохторҳои вилоятӣ барои ҳалли масъалаҳое, ки дар муроҷиати шаҳрвандон ифода ёфтааст, парвандаи назоратӣ тартиб дода, ҳалии мушкилиҳоро зери назорат мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар ноҳияи МастчоҳҚабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар ноҳияи МастчоҳҚабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар ноҳияи Мастчоҳ




Share