Ифтитоҳи бинои прокуратура дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

Ифтитоҳи бинои прократура дар ноҳияи Ҷаббор РасуловДар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави прокуратура ба истифода дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина пас аз буридани лентаи рамзӣ аз дохили бино дидан намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Сипас, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дар назди кормандони прокуратура ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки беҳтаршавии шароити корӣ барои таҳкими қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба кормандон руҳияи тоза мебахшад.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода низ зимни суханронии худ ифтитоҳи бинои маъмуриро амри зарурӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки муҳайё гаштани шароити мусоиди корӣ кормандони прокуратураи ноҳияро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар мавриди таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзур намудани мубориза зидди ҷинояткорӣ рӯҳбаланд хоҳад намуд.

Мавриди зикр аст, ки бинои мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ сохта шудааст. Ҳуҷраҳои кории бино кушоду барҳаво буда, бо асбобу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар шафати бинои асосии прокуратураи ноҳия меҳмонхона, ошхона ва толори истироҳатӣ низ барои хизматрасонӣ омода карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ифтитоҳи бинои прократура дар ноҳияи Ҷаббор РасуловИфтитоҳи бинои прократура дар ноҳияи Ҷаббор РасуловИфтитоҳи бинои прократура дар ноҳияи Ҷаббор РасуловИфтитоҳи бинои прократура дар ноҳияи Ҷаббор Расулов





Share