Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе

( 0 Овоз )

Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе   Имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  бо мақсади омӯзиши вазъи бозор ва нархи анвои маҳсулот аз калонтарин  бозори шаҳри Хуҷанд  - Панҷшанбе  дидан кард.

Қоҳир Расулзода ҳангоми боздид аз растаҳои гуногуни фуруши маҳсулот бо фурушандагони бозор сӯҳбатҳо доир намуда, ба нархи анвои маҳсулоти бозор  дар арафаи моҳи шарифи Рамазон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.

Аз ҷумла, Раиси вилоят аз фурушандагон даъват ба амал овард, ки дар моҳи шарифи Рамазон аз  болобарии нархи маҳсулот  дар бозор ҷилавгирӣ намоянд.

Тавре аён гардид, ҳоло нисбат ба рузҳои муқаррарӣ  нархи баъзе маҳсулот, аз ҷумла гӯшт то 10 ва биринҷ то 15 фоиз арзон гардидааст. Зимни сӯҳбат  фурӯшандагони бозори Панҷшанбе изҳор доштанд, ки пастшавии нархи маҳсулот аз ҳисоби поёнравии ҳақи иҷора, ки роҳбарияти бозор дар моҳи шарифи Рамазон барои иҷорагирон  пешбинӣ намудааст, сурат гирифтааст.

Ҳамзамон роҳбарияти бозор изҳор доштанд, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба  тамоми хоҳишмандон аз  шаҳру навоҳии вилоят, ки мехоҳанд маҳсулоти хешро пешкаши мардум намоянд,  дӯконҳои худро барои истифодаи ройгон  вогузор хоҳанд кард. Ин ибтикор  аз ҷониби Раиси вилоят бо хушӣ пазируфта шуд.

Раиси вилоят барои беҳтар намудани вазъи санитарӣ,  шароити  кори фурушандагони бозори сабзавоту полезиҳо, инчунин оид ба  мумфаршкунии роҳҳои дохилии бозор ба роҳбарияти калонтарин фурушгоҳи вилоят – бозори Панҷшанбе супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе   Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе   Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе   Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе   Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе   Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе   Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе   Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе   Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе











Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе

Share