Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони Бошқирдистон

( 2 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода намояндагони Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Руссия бо сарварии муовини Сарвазири Хукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон Илшат Тоҷиддинов  ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот муовини Сарвазири Хукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон Илшат Тоҷиддинов  ба Раиси вилояти Суғд оиди густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистони Федретацияи Руссия ва хамчунин аз имконотии иқтисодии кишвараш маълумот дода, тақвият ёфтани ҳамкориҳоро   яке аз падидаҳои нек арзёбӣ намуд.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ташрифи меҳмононро ба вилояти Суғд хайра мақдам гуфт ва аз ҷумла қайд намуд, ки алҳол дар вилоят барои рушди саноат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Солҳои охир рушди саноат, соҳибкории хурду миёна дар вилоят густариш меёбад. Ташкил кардани як қатор корхонаҳои саноатӣ буд, ки имрӯз ҳиссаи саноат барои ғанӣ гардонидани будҷети вилоят ба 30% расид. Яке аз маҳсулотҳои асосии содиротии вилоят ин меваи хушк мебошад. Вилояти Суғд солона зиёда аз 100 хазор тонна меваи хушк ба хориҷа содирот менамояд. Ҳамчунин Раиси вилоят , Қоҳир Расулзода ташкил намудани корхонахои муштарак бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии судманди тарафайн талаботи замони имрӯза арзёбӣ намуд.Аз ҷумла, аз фазои мусоиди сармоягузорӣ, имтиёзҳо пешбинӣ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ, озод намудани соҳибкорон аз тамоми боҷҳои гумрукӣ барои ворид намудани таҷҳизот ба корхонаҳои истеҳсолӣ маълумот дод.   Дар охир ҳайъати меҳмонон аз меҳмоннавозӣ ва меҳмондӯстии мардуми вилояти Суғд ба Раиси вилоят арзи сипос ва миннатдорӣ баён намуданд. Мулоқот бо ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт. Баъд аз мулоқот меҳмонон бо роҳбарии Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба Муассисаи ғайридавлатии гимназияи  «Нур»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров ташриф оварданд.
Сараввал Раиси вилоят ва меҳмонон аз маҳсули дастони ҳунармандони деҳаи овозадори Рӯмон, аз ҷумла тоқӣ, сӯзанӣ, курта, болин, кафшҳои зардӯзӣ, дегпӯшакҳо, чойнакпӯшак, бодбезак, ҷойнамоз,  бурё,  расм дар рӯи қолин ва ғайраро тамошо карданд.
Сипас Қоҳир Расулзод ва меҳмононро дар саҳни гимназияи «Нур» хонандагон бо дастагул ва шеъру таронаҳои дилангез пешвоз гирифтанд. Ҳамчунин меҳмонон вориди мактаб шуда, аз рафти таълими хонандагони ин боргоҳи илму маърифат шинос шуданд ва бо хонандагони ин таълимгоҳ сӯҳбати самимӣ доир гардид.
Баъди боздид аз синфхонаҳои гимназия дар саҳни ин таълимгоҳ, ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки собиқадорони меҳнат, омӯзгорону толибилмон ва фаъолони ҷамоат баргузор гардид. Директори гимназияи «Нур», Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва меҳмонони олиқадрро ба ин боргоҳи илму дониш хайра мақдам гуфта, робитаи дӯстии халқҳои тоҷику русро аз қадим ҷудонопазир арзёбӣ карда. Гуфт, ки Шоири халқии Бошқирдистон, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Мустай Карим дар васфи дӯстии халқҳои бародари собиқ шӯравӣ шеърҳои зиёд эҷод кардааст. Ва намунае аз ашъори Мустай Карим қироат намуд. Инчунин Н.Ниёзӣ шеъри ба тозагӣ эҷод кардааш, ки халқи дӯсту бародари бошқирдро васф карда,  бо забони русӣ навишта шудааш қироат намуд.
Хонандагони боргоҳи таълиму тарбия шеъру таронаҳоро низ бо забони ду давлат хонданд.
Сипас Раиси вилоят Қоҳир Расулзода сухан кард. Вай гуфт, ки ширкати «Нур» яке аз аввалинҳо дар солҳои истиқлолияти давлатии кишвар баҳри бунёдкориву созандагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кори иқдом карда буд ва имрӯз низ дар ин самт фаъолияти пурсамар мебарад. Инчунин муовини сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Иршод Тоҷидинов  гуфт, ки дар ин сол бо ширкати мазкур барои ҳамкорӣ Шартнома ба имзо расидааст. Имрӯз шоҳид гардидемд, ки барои ҳамкорӣ дар вилояти Суғд ҳам шароитҳо мавҷуданд.
Дар ҳар чорабинӣ роҳбарияти ширкат иқдоми нек зоҳир мекунад. Дар ин рӯз низ сарвари кулли ширкат Нурулло Усмонов аз Раиси вилоят ва меҳмони олиқадр хоҳиш кард, ки тӯҳфаҳои роҳбариятро ба кормандони пешқадами ширкат супоранд.
Раиси вилоят ин иқдоми роҳбарияти ширкатро нек арзёбӣ карда гуфт, дигар соҳибкорон низ ин анъанаро дастгирӣ намоянд.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

Share