28 ноябри соли 2012
Дар толори маҷлисгоҳи хурди муассисаи давлатии Кохи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо маҷлиси корӣ баргузор гардид.
Дар он масъалаҳои муҳими рӯзмарра аз қабили ҷараёни иҷроиши буҷети вилоятӣ, захира намудани сӯзишворӣ ва ангишт, саривақт холӣ намудани майдонҳо аз ғӯзапоя ва омода намудани майдонҳои кишт, муташаккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ дар миқёси вилоят дар фасли тирамоҳу зимистон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа ҷиҳати тавсиаи фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ, афзун намудани ҷойҳои нави корӣ масъалагузорӣ ба миён омад.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани шароитҳои хизматии сарҳадчиён дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд