Табрики Раиси вилоят бахшида ба 20-солагии Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ,
Бист сол муқаддам 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳумини Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, то имрӯз чун нишони ҳастӣ ва сарбаландии кишвар дар арсаи байналмилалӣ парафшонӣ дорад.
Таҷлили ин санаи таърихӣ ва  эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва хотирмон ва он метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ  - Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ва нишони ифтихор аз давлату давлатории хеш аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчам нишони сарбаланди халқ буда, чун ҳар ҷо парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигарданд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад.
Сарчашмаҳои таърихӣ ишорат бар он доранд, ки калимаҳои парчам, алам, дирафш ва байрақ дар забони мо аз қадим маълум ва машҳур буда, чун рамзи давлатӣ низ корбурд шудаасту дар гузашта дар баробари давлат лашкаркашону сипоҳиёни номдор низ парчами худро доро будаанд.
Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистони азиз  бо роҳбарии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зери Парчами давлатии худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд. Боиси ифтихор он аст, ки сокинони сарбаланди  вилоят  бо рӯҳу илҳоми тоза  чун идомаи тантанаҳои 20 солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки бо иштироки Президенти мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид, 20-умин солгарди   Рӯзи қабули  Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
20- солагии  Рӯзи Парчами давлатиро бо камоли эҳтиром ба кулли сокинони вилоят табрику муборакбод гуфта, итминони комил дорам, ки бо шарофати ин ҷашн дар замири ҳар шарванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллӣ дучанд гардида, моро ба фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ ҳидоят менамояд.

 

Share