Боздиди кории Қоҳир Расулзода аз шаҳри Исфара

( 1 Овоз )

23 ноябри соли 2011

Видео :: Боздиди кории Қоҳир Расулзода аз  шаҳри Исфара
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз  шаҳри саноатии Исфара боздид намуда,  зимнан  дар маросими ифтитоҳи  корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушк ва маркази  хизматрасонӣ  дар мавзеи Гулистони ҷамоати деҳоти Кӯлканд  иштирок намуд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушки  ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҳаракати Исфара», бо ибтикори соҳибкор Инъомҷон Азимҷонов  бунёд гашта, бо ба кор даромадани коргоҳи нав ин ҷо 20 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои корӣ гаштанд.

Коргоҳи дигари коркард ва бастубанди меваи хушк  аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Неъматҳои табиати Исфара» таъсис ёфт, ки он барои 15 нафар ҷои корӣ фароҳам овардааст. Ин корхонаи нав  бо  технологияи муосири истеҳсоли  Ҷумҳуриҳои Русия ва Украина таҷҳизонида шуда, асосан бо коркарди чормағзи заминӣ, тухми офтобпараст ва  бандубасти вакуумии он тахассус дорад.
Маҷмааи хизматрасонии «Нури Исфара» бо ташаббуси соҳибкор  Сулҳиддин Неъматов  дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки  дорои меҳмонхона барои  20 нафар,  ошхона ва дигар шароитҳои хуби замонавӣ  мебошад. Дар маҷмӯъ дар  ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара барои 60 нафар ҷои нави корӣ таъсис дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share