Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро»

( 1 Овоз )

23 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» шинос гардид.​

Бояд зикр намуд, ки гармхонаи замонавӣ моҳи марти соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Гармхона ба ду қисм - гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шудааст.

Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, пас аз гирифтани ҳосили якум дар гармхона такроран парвариши помидору қаланфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.

Масоҳати умумии гармхона ду гектарро ташкил дода, дар он 25 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд.​

Муассисони гармхона тасмим доранд, ки марҳила ба марҳила масоҳати гармхонаи инноватсиониро ба 10 гектар расонанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» дар баробари парвариши помидору бодиринг ва растаниҳои мавсимӣ, ҳамзамон 7 гектар ангурбоғ низ мавҷуд аст. Масъулини ширкат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи самараноки замин дар кишти такорорӣ дар масоҳати 7 гектар мош кишт намудаанд.

Раиси вилоят ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» баҳои баланд дода, барои истифодаи оқилонаи заминҳо ва ба роҳ мондани парвариши растаниҳо тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Share