Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Сайҳун”

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи ҶДММ “Сайҳун”, воқеъ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд шинос гардид.

ҶДММ “Сайҳун” ба истеҳсоли машрубот ва маҳлулҳои безараркунанда машғул буда, дар он 20 номгӯи нӯшокиҳо тавлид мешавад.

Бо назардошти хуруҷи бемории сироятии коронавирус роҳбарияти корхона ҳамзамон истеҳсоли антисептикҳоро ба роҳ монда, барои таъмини сокинон бо маҳсулоти ватанӣ саҳмгузорӣ намуда истодааст.

Тибқи иттилои масъулин дар корхона 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд.

Раиси вилоят ҳини шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва баланд бардоштани маоши коргарон дастуру супоришҳо дод.

Дар идома Раиси вилоят бинои маъмурии корхонаи “Комбинати нони Хуҷанд”-ро ки бо сифати баланд пурра таъмир карда шудааст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре мушоҳида гардид дар инҷо барои кормандон тамоми шароитҳо фароҳам буда, ҷиҳати гузаронидани конфронсҳо толори махсус низ омода карда шудааст.

Дар ҳудуди корхонаи “Комбинати нони Хуҷанд” коргоҳи ҶДММ “Абдураҳмонов» низ фаъолият дошта, дар он салфетка ва дигар маводи гигиенӣ истеҳсол карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба сифати маҳсулоти дар коргоҳ истеҳсолшаванда баҳои баланд дода, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки дар бозори дохилӣ талабот ба чунин маҳсулот зиёд буда, бо зиёд намудани истеҳсоли он метавон теъдоди ҷойҳои кориро низ афзун сохт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share