Баргузории чорабинӣ ба муносибати Рӯзи кормандони ҷангал

( 0 Овоз )

22 сентябр дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони ҷангал чорабинӣ доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси вилоят кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғдро бо иди касбиашон табрик гуфта, аз нақши кормандони соҳа ёдоварӣ кард.

Таъкид карда шуд, ки баҳри беҳдошти ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаи ҷангалпарварӣ, истифодаи самаранок аз заминҳои фонди давлатии ҷангал тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Ба бунёди ҷангалзорҳои нав ва парвариши ҳайвоноти гуногун низ диққати махсус зоҳир гардида, соли ҷорӣ бори аввал дар ҷангалзори минтақаи Шаҳристон 23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуд. Ҳамзамон барои ба роҳ монадани қутоспарварӣ дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштич корҳо оғоз гардидаанд.

Фаъолияти назарраси кормандони хоҷагии ҷангал бо Сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, аз тарафи Раиси вилоят барои рушди соҳа дастуру супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share