Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2020 16:11
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон - 24.11.2020 13:56
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчам дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 24.11.2020 14:53
Ашт. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомади идона баргузор гардид - 24.11.2020 14:48
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва оғоз гардид - 24.11.2020 14:44
Ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид - 24.11.2020 09:38
Дар маркази шаҳри Исфара майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад - 24.11.2020 09:36
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56

Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба муштзанӣ

( 0 Овоз )

Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба муштзанӣАз санаи 25 то 28 феврали соли 2015 дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Чкалов чемпионати вилоятӣ оид ба муштзанӣ (бокс) байни мардон ва бонувони аз 19 то 40 сола дар вазнҳои гуногун бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор гардид.

Дар чемпионати мазкур зиёда аз 50 нафар варзишгарони вилоят, дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Истиқлол, Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ширкат варзиданд.

Дар байни мардон ҷойҳои намоёнро дар вазнҳои аз 45 то зиёда аз 100 кг 32 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии номбурда ишғол намуданд.

Ҳамин тариқ байни бонувон дар вазнҳои аз 50 то 64 кг Рухшона Бошмонова варзишгар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Умедахон Зокирова ва Калиновская Вероника аз шаҳри Исфара, Мамадҷонова Фарзона аз шаҳри Чкалов, Наргиза Зокирова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Ғолибон бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба муштзанӣ