Хабарҳо
Суғд. То имрӯз 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд - 21.10.2020 08:53
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ «Маҳмудов Ғ»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 17.10.2020 15:45

Ҷоми вазири ВКД насиби Прокуратураи вилояти Суғд шуд

( 0 Овоз )

Ҷоми вазири ВКД насиби Прокуратураи вилояти Суғд шудСанаи 9-уми феврали соли ҷорӣ дар Қасри Варзиши  шаҳри Хуҷанд бозиҳои ниҳоии мусобиқаи кушоди варзишии футболи хурд байни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, корхонаҳо ва идораҳои давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар натиҷа дастаи футболи Прокуратураи вилояти Суғд дар қисмати ниҳойии сабқати бозии футбол дастаи Раёсати корҳои дохилии вилоятро бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ғолиби мусобиқа шуд.

Медали биринҷии сабқат насиби Дастаи таъиноти махсуси милиса гардид, ки дастаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро бо ҳисоби 3:2 мағлуб сохтанд.

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зери шиори “Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ” баргузор гардида, дар он 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ва 8 дастаи наврасону ҷавонони вилояти Суғд иштирок доштанд.

Дар маросими ҷамъбаст сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Шариф Назарзода, Прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода ва Комиссари ҳарбии вилоят, генерал-майор Аъзам Қосимов ба ғолибони мусобиқа дипломҳои мусобиқа, медал, туҳфаҳои пулиро тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷоми вазири ВКД насиби Прокуратураи вилояти Суғд шуд