Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Дар вилояти Суғд мулоқоти вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд

( 0 Овоз )

6 апрел дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-майори милитсия Улан Ниёзбеков баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат дар фазои самимият, эътимод ва дӯстӣ доираи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду давлат баррасӣ шуданд. Дар мавриди кӯшишҳои муштарак бо мақсади мусоидат дар кори таъмини амният ва субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори дастгирӣ карда шуд.

Сипас, таҳти роҳбарии вазирони корҳои дохилии ду давлат вохӯрӣ дар ҳайати васеъ бо иштироки сардорони шуъбаҳои соҳавии ду кишвар баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот тарафайн масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромарзӣ, инчунин масоили мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Ба таҳкими робитаҳо байни роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздисарҳадӣ ва воҳидҳои соҳавии ду вазорат таваҷҷуҳи хос дода шуд.

Натиҷаҳои музокирот бори дигар алоқамандии тарафайнро ба рушди ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва омодагии онҳоро барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти чандинсола тасдиқ карданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар вилояти Суғд мулоқоти вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд