2 апрели соли 2021 дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистони ноҳияи Спитамен маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва падару модарони даъватшавандагон иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода даъватшавандагонро барои хидмати содиқонаву софдилона ҳидоят намуда, дар бораи нақши ҷавонон дар таъмини амнияти миллӣ сухан гуфт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 80 нафар ҷавонон барои адои қарзи шаҳрвандӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ ба коммисариати ҳарбӣ муроҷиат кардаанд.
Раиси ноҳия афзуд, ки Артиши миллӣ мактаби шуҷоат ва ҷасорат буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбият мекунад.
Дар охир баҳри болида намудани табъи наваскарон аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ намоиш дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд