Аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар давраи тухмгузории моҳиҳо хамагуна сайдӣ моҳӣ манъ карда шудааст. Дар ин бора аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ ин тадбир бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ роҳандозӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», ва банди «а» моддаи 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин марҳила сайди моҳӣ манъ аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд