31 март дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба бунёди синфхонаҳои иловагӣ санги асос гузошта шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 -и Ҷамоати деҳоти Деҳмой чор синфхонаи иловагӣ тавассути ҳашар бунёд карда мешавад.
Сохтмони бинои мазкур имрӯз тавассути ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони маҳал муташаккилона оғоз гардид.
Роҳбарияти муассисаи таълимӣ якҷо бо фаъолони маҳал тасмим гирифтаанд, ки барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас бинои иловагиро ба истифода диҳанд.
Сокинони маҳал ният доранд, ки бинои нави таълимиро дар доираи омодагиҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд