Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Абдуллоев Беҳрӯз, даъватшаванда аз шаҳри Истаравшан: Ватани хешро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоям

( 0 Овоз )

Ҷамоатҳои деҳоти Сабристон, Ниҷонӣ, Зарҳалол ва Чорбоғи шаҳри Истаравшан дар нахустин рӯзи даъват нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат сарбаландона иҷро намуданд. Дар ин бора зимни маросими сафарбаркунии даъватшавандагон ба хизмат иттилоъ дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, маросими гусели даъватшавандагон 1 апрели соли равон дар майдони "Нишони давлатӣ" - и шаҳри Истаравшан бо ҳузури роҳбарияти шаҳр, намояндагони сохторҳои қудратӣ, ихтиёриён ва волидайни онҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон, фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр доир гардид.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҳини суҳбат таъкид кард, ки имрӯз 150 нафар ҷавонон бо пайравӣ ба падарону бобоёни шўҳратёри худ, бо амри дил ва ҳисси ватандўстӣ ихтиёран барои адои қарзи шаҳрвандӣ омода гардиданд.

-Ба наваскароне, ки имруз бо хоҳиши худ ба сафи мактаби мардонагӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида истодаанд, дар адои ин рисолати пуршараф ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар ҳифзи Ватани азиз барору комёбиҳо орзумандам, – иброз дошт раиси шаҳри Истаравшан

Баъдан роҳбарият ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сабристон, Ниҷонӣ, Зарҳалол ва Чорбоғ, ки дар нахустин рӯз нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат сарбаландона иҷро намуданд, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ бо сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас сержанти қисми ҳарбии 0202 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Мастонзода Додхудо суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имрузҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои хизмати ҳарбӣ  хубтару беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ӯ аз ҷавонони шуҷои шаҳри Истаравшан даъват кард, ки ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукуматро нисбат ба сарбозон ба назар гирифта, барои ҳифзи марзу буми ватани соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз сарбаландона камари ҳиммат банданд.

Ҳамзамон даъватшаванда Абдуллоев Беҳрӯз ҳамсафони хешро барои пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, қайд намуд, ки «ба давлати худ содиқона хизмат намудан ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон вазифаи ҷонии ҳар яки мо ҷавонон мебошад. Ман ҳамчун ҷавони ватандӯст ваъда медиҳам, ки ҳар як порчаи Ватани хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, мардонавор лоиқи номи сарбоз мегардам. Аз тамоми ҳамсафони хеш ҷавонони ба нангу номуси диёр ва сарбаланди шаҳри Истаравшани бостонӣ даъват ба амал меоварам, ки бетараф набошанд ва бо амри дилу виҷдон ихтиёран ба хизмати Ватан - модар раҳсипор гардида, содиқонаву софдилона хизмат намоянд. Зеро хизмат ба Ватан - модар шараф ва ифтихори бузург аст».

Дар фарҷом чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Абдуллоев Беҳрӯз, даъватшаванда аз шаҳри Истаравшан: Ватани хешро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоям