Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода: Занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд - 04.03.2021 16:21
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 04.03.2021 11:28
Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад - 04.03.2021 10:55
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ карда мешавад - 03.03.2021 16:42
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд - 03.03.2021 15:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим иштирок намуданд - 03.03.2021 15:22
12 март иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад - 03.03.2021 14:32
Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи "Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият" - 03.03.2021 12:54
ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?… - 02.03.2021 20:04
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо афсарону сарбозон вохӯрӣ доир шуд

( 1 Овоз )

Ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрӣ бо афсарону сарбозон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мутахассиси маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, муовини раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Хуҷанд ва вилорят, афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 3501 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯён - таҷрибаомӯзони факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони зерсохторҳои Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Чорабиниро омири кулли “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов ифтитоҳ бахшида, ҳамаи ҳозиринро бо 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, оид ба нақши Артиши миллӣ дар кафолати амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум баромад намуд.

Сипас, мутахассиси маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Зокирбоев Ғуфрон дар мавзӯи “Артиши миллӣ – рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ”, Шавкат Шарипов – ҷанговар-интернатсионалист, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров зери унвони “Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Истиқлолият” маърӯзаи пурмӯҳтаво намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо афсарону сарбозон вохӯрӣ доир шуд