Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода: Занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд - 04.03.2021 16:21
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 04.03.2021 11:28
Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад - 04.03.2021 10:55
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ карда мешавад - 03.03.2021 16:42
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд - 03.03.2021 15:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим иштирок намуданд - 03.03.2021 15:22
12 март иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад - 03.03.2021 14:32
Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи "Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият" - 03.03.2021 12:54
ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?… - 02.03.2021 20:04
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43

Бо донишҷӯёни ятиму бепарастор аз муассисҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд мулоқот доир гардид

( 0 Овоз )

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни ятиму бепарастор  аз муассисҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд мулоқот  доир  гардид. Дар  вохӯрӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, ки бо сафари  корӣ  дар ин вилоят қарор дошт, иштирок намуда, ба 15 нафар собиқадорони иттифоқи касаба ва 100 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор туҳфа тақдим намуд.

Дар мулоқот зикр карда шуд, ки давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, омӯзиши касбу ҳунар  ва соҳибмаърифат гардидани наврасону  ҷавонони бепарастор, ки онҳоро фарзандони маънавии хеш мехонанд,  пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешанд.

Дар мулоқот ҳамчунин аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо хубу аъло таҳсил намуда, мутахассисони варзида гардида, ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

Сипас чанде аз донишҷӯён оид ба  дастгириҳои пайвастаи  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон  ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки онҳо  бо хониши аъло ва рафтори намунавӣ сазовори боварии Сарвари давлат   гардида, дар  ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳми шоиста хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо донишҷӯёни ятиму бепарастор аз муассисҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд мулоқот доир гардид