Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода занону бонувони собиқадорро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуд - 07.03.2021 18:28
Раҷаббой Аҳмадзода бонувони собиқадори арсаи сиёсат, маориф, иқтисодиётро аёдат кард ва бо Рӯзи модар табрик намуд - 06.03.2021 18:25
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42

Истаравшан. Дар намоиш-фурӯши китобҳо беш аз панҷ ҳазор нусха китобҳои гуногун пешниҳоди сокинон шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи фарҳанги китобхониву китобдӯстӣ чанде пеш дар шаҳри Истаравшан намоиш-фурӯши китобҳои гуногун доир гардид.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Адиб» амалӣ гардида, зиёда аз 182 номгӯйи китобҳои тозанашр пешниҳоди мизоҷон ва ихлосмандони каломи бадеъ гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода аз ҷараёни намоиш-фурӯши китобҳо боздид ба амал оварда, қайд намуд, ки сафи дӯстдорони китоб имрӯзҳо ба маротиб афзудааст ва ташкили чунин намоиш - фурӯши китобҳо басо муфид буда, дӯстдорони китоб метавонанд мувофиқи завқи худ адабиёти лозимаро пайдо ва мутолиа намоянд.

Дар намоиш- фурӯши китобҳо шумораи зиёди сокинони шаҳр аз ҷумла, толибилмон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида, бо баъзе аз муаллифони китобҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Мавриди зикр аст, ки чунин намоиш-фурӯши боҳашамати китобҳо бори нахуст дар шаҳри Истаравшан баргузор гардида, шумораи китобҳои ба намоиш гузошташуда дар маҷмуъ беш аз 5 ҳазор нусхаро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Истаравшан. Дар намоиш-фурӯши китобҳо беш аз панҷ ҳазор нусха китобҳои гуногун пешниҳоди сокинон шуд