Дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар Канали калони Фарғона корҳои тозакунӣ ҷараён дорад. Иқдоми мазкур бо ибтикори кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Конибодом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амалӣ шуда истодааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, имрӯзҳо талабот ба об камтар буда, барои тоза кардани каналу заҳбурҳо ва омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ фурсати муносиб мебошад.
Имсол тибқи нақша тоза намудани канал ба масофаи 25000 метри мукааб ба нақша гирифта шуда, асосан ҷойҳои осебпазири он тоза карда мешавад. Бо ин мақсад ба мавзеи кор техникаҳои замонавӣ ҷалб карда шуда, то имрӯз 70 дарсади корҳо иҷро гардидаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд