Донишгоҳи давлатии Хуҷанд қабули донишҷӯёнро аз рӯйи 9 ихтисоси нав ба роҳ монд

( 0 Овоз )

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2021-2022 бо назардошти талаботи бозори меҳнат қабули донишҷӯёнро аз рӯйи 9 ихтисосҳои нав ба роҳ монд.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, донишҷӯён барои соли таҳсили 2021-2022 дар ихтисосҳои рӯзноманигории телевизион, WEB – рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита (технологияи робита), танқиди бадеӣ, забони муосири хориҷӣ (забонҳои арабӣ-хитойӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-франсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-франсавӣ) ва таҳсилоти томактабӣ, забони хориҷӣ (фосилавӣ) бори аввал қабул карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки соли таҳсили ҷорӣ фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share