Кишоварзони вилояти Суғд соли 2020 бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин ва об корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят наздик ба 10,8 млрд. сомонӣ расид, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,5 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 108 фоиз ва соҳаи чорводорӣ 117,3 фоиз таъмин карда шуд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ғалладонагиҳо 351 ҳазору 374,6 тонна, гандум 139 ҳазору 562,3 тонна, пахта 126 ҳазору 011,8 тонна, картошка 512 ҳазору 069,1, сабзавот 561 ҳазору 187,2 тонна, полизиҳо 151 ҳазору 820,3 тонна, меваҷот 139 ҳазору 395,4 тонна, ангур 50 ҳазору 573,2 тонна, гӯшт 66 ҳазору 594,2 тонна, шир 272 ҳазору 960,3 тонна, тухм зиёда аз 594,6 млн. дона, пашм 1550 тонна, пилла 142,8 тонна, асал 1458,5 тонна ва гӯшти моҳӣ ба 869,7 тонна истеҳсол гашт.
Ёдовар бояд шуд, ки кишоварзони вилоят соли гузашта баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ дар 233 ҳазору 659 гектар кишти зироатҳоро ба роҳ монда буданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд